Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

— Эй духтар, ту аз мо будӣ, ин чӯб чаро бар ман задӣ?
Рӯзафзун гуфт:
— Эй паҳлавон, чунон мебонст.
Пас ҳар ду ба хоҳари ӯро қабул карданд ва хостанд, ки бираванд, ки ногоҳ Қонун ва Ҳотур ва панҷоҳ мард бирасиданд. Рӯзафзун эшонро бидид. Гуфт:
— Эй паҳлавон, аввал аз худ дар хоҳем гирифтан, бародари худро куштам ва падарро аз миён бардорам, ки душмане азим аст.
Самак бо Сурхи Кофар ва Рӯзафзун даст бизаданд ва кордҳо баркашиданд ва пеши эшон бигирифтанд ва бонг барзаданд, ки:
— Эй фурӯмоягон, пиндоред, ки кас дар ҷаҳон нест, ки ҷавоби кори шумо боздиҳад.
Эшон чун бидиданд, бо худ гуфтанд: «Ҳарб бояд кардан». — Худро бар ишон заданд, то ҳазор мард бар ишон барнаёмади. Сурхи Кофар даромаду Қонунро бигирифт, ки Самаки айёр даромада буд ва Ҳотурро барбаста буд. Рӯзафзун мардонро ба корд меафканд. Ҳар се пушт бар пушт доданд ва ба як лаҳза бисту панҷ мардро бикуштанд ва боқӣ ба ҳазимат шуданд фарёдкунон.
Рӯзафзун гуфт:
— Эй озодмардон, бибояд рафтан, ки дар шаҳр натавонем будан. Ҳам ин соат ғавғо барояд ва бо ғавғо касе барнаёяд ва ба ҳарза худро барбод натавон дод.
Самак гуфт:
— Куҷо равем.
Гуфт:
— Ба лашкаргоҳ.
Пас ҳар се рӯй ба роҳ ниҳоданд ва Ҳотуру Қонунро баста дар пеш карданд ва ба болои ҳисор баромаданд ва эшонро ба каманд фурӯ гузоштанд ва худ низ дар зер шуданд ва рӯй ба лашкаргоҳ ниҳоданд.
Чун бар канори лашкаргоҳ расиданд, рӯз равшан шуда буд ва Хуршедшоҳу Фағфур ба тахт баромада буданд. Паҳлавонон ҳозир, ки Самак аз дари боргоҳ даромад ва хизмат кард. Гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, ин шахсест, ки ба ҷон ману паҳлавонон он ҷавонмардиҳо кард. Пой дар пеши ҷумлаи ҷавонмардон ниҳодааст, агарчи духтар аст, дар боби мардӣ тамом аст; чунон ки ду навбат маро аз ҳалокат бираҳонид ва аз баҳри ман бародари худро бикушт. Падари

пешина
аз 283
навбатӣ