Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
ҳор, ки хушёру бедор бошӣ, ки душмане чун Қонун дунболи мо дорад ва ба ҷуз Қонун душман бисёр, алалхусус писарони Қонун, ки аз банд берун омаданд. Ман аз ӯҳдаи кори Маҳпарӣ берун омадам; ба Мочин хоҳам рафтан, ки Арманшоҳро даст баста биёварам ва ҷавоби кори Қонун боздиҳам.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй паҳлавон, даст дар подшоҳон мазан, аммо Меҳрони вазирро биёвар, ки ин ҳама ошӯб дар ҷаҳон аз бадфеъли Меҳрон падид омадааст.
Самаки айёр гуфт:
— Фармонбардорам. Ба иқболи ту корҳо кунам, агар яздон хоҳад, ки то ҷаҳон бошад, аз он бозгӯянд.— Ин бигуфту Хуршедшоҳ ва Маҳпарӣ ба лашкаргоҳ рафтанд, ки роҳ наздик буд. Самак аз он ӯҷониб сандуқе биёвард ва Тармашаро дар он сандуқ нишонд ва бо Сурхварду Ниёл бинни Санҷонӣ рӯй ба Мочин ниҳоданд.
Чун як шабонарӯз роҳ бирафтанд, ногоҳ аз баробар гарде баромад. Нигоҳ мекарданд, ки ногоҳ аз миёни гард пиёдае берун омад ва чун бингариданд, Оташак буд. Пеш омаду хизмат кард гирён ва зорикунон. Самаки айёр гуфт:
— Эй бародар, туро чӣ расид ва аҳвол чист ва бо бандиён чӣ карданд?
Гуфт:
— Эй паҳлавон, чӣ ҷои бандиён аст? Ишон ҳанӯз дар банданд ва Хумору Собиру Самлодро низ бигирифтанд ва дар зиндон боздоштанд ва Дилороми маро боз хонаи шоҳ бурданд.
Самаки айёр гуфт:
— Андеша мадор, ки ман дигар бор ӯро биёварам ва ба дасти ту боздиҳам, ки Маҳпариро ба Хуршедшоҳ бозсупурдам. Аммо дар шаҳр куҷо будӣ?
Оташак гуфт:
— Дар сарои ду бародарони қассоб.
Самак гуфт:
— Некӯ омад. Моро ҷойгаҳ ба даст овардӣ.
Оташак гуфт:
— Ин сандуқ чист?
Гуфт:
— Тармаша аст. Ӯро ба шаҳр хоҳам бурдан.
Пас ҳар чаҳор рӯй ба шаҳр ниҳоданд ва ба ҳила худро дар шаҳр афканданд ва ба сарои ду бародарони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё