Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак гуфт:
— Эй шоҳзода, он рӯз мабод, ки ман коре кунам, ки нописандида бошад, хосса дар хонадони ту. Эй шоҳ, ту ӯро намешиносӣ? Моҳона аст — духтари Армяншоҳ, ки ӯро бад-ин зинат овардаам.
Шоҳ чунун бишунид, хуррам шуд. Офарин кард. Гуфт:
— Шоҳ бош, эй паҳлавон, ки дар ҷаҳон мисли ту нест ва ба донишу айёри ту нест ва аз модар назод. Ҳамаи айёрон ба ту сарафрозанд.
Дарҳол Маҳпариро хабар шуд. Моҳонаро пеши вай бурданд. Маҳпарӣ дарҳол ӯро ба гармова фиристод ва ҷомаи мулукона дар вай пӯшид ва аҳвол мулукон аз вай пурсид, ки Самак ӯро чӣ гуна овард. Моҳона аҳвол ҳама бармегуфт.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй Самак, бо Сурхи Кофар чӣ кардӣ? Ва Сиёҳабр кай бад он ҷойгоҳ омад?
Самак гуфт.
— Ба иқболи шоҳ коре аз дасти банда баромад, ки кас надонад сохт ва натавонад кард. Сиёҳабрро бо Сурхи Кофар овардам.
Пас бигуфт, то он сандуқҳо биёварданд ва Хуршедшоҳу Файфуршоҳу Ҳомони вазир ҳозир буданд. Самак сандуқҳои зару ҷавоҳир бикушод ва берун оварду бинӣ дод. Дигар он ҳар ду сандуқ бикушоданд ва ишон — ҳар дуро берун оварданд. Ҳанӯз аз беҳушона саргарон буданд. Самак гуфт:
— Эй шоҳ, бифармой то ишонро банди гарон бар пой миҳанд.
Дарсоат ҳар дуро банд барниҳоданд ва мувақкалон баргумоштанд. Ҳозирон бар Самак офарин карданд.
Хуршедшоҳ гуфт:
— Эй бародари Самак, ишонро чӣ гуна дар банд овардӣ танҳо? Магар аз ҷодуӣ чизе донӣ?
Самак хизмат кард, гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, нафрин бар ҳамаи ҷодувон бод. Ман ҷодуӣ надонам. Аммо ҷадон маро роҳ менамояд. Ва ҳар чӣ ҷадон барнаёварад, ба ҳазор ҷодувон барнатавонанд овардан.
Ҳамаи аҳвол шарҳ медод Ҳамгинон ангушти тааҷҷуб дар даҳон гирифта. Самак гуфт:
— Эй бузургвор шоҳ, Рӯзафзуну Шаголро дар хизмат намебинам, магар ба дарбаил рафтаанд?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо