Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дарвозабонро бигуфтанд, ки «Шоҳро бигӯед, ки расуле омадааст». Мард бирафт ва Арманшоҳро хабар кард, ки расул омадааст. Арманшоҳ бифармуд, ки «Ӯро биёваред». Ҳоҷибону сарҳангон истиқбол карданд ва Хурмузи Келро ба шаҳр оварданд, то ба сарои шоҳ расид ва фуруд омад. Ҳоҷибе биёмад ва Хурмузи Келро пеши тахти шоҳ овард. Хурмузи Кел заминро бӯса дод ва офарин кард. Пас ӯро бар қоидаи расулдорон биншонданд.
Дарҳол чулоб1 оварданд ва бозхӯрданд ва хон бинҳоданду нон бихӯрданд. Чун фориғ шуданд, маҷлиси базм биёростанд ва ба шароб хӯрдан машғул гаштанд.

Шоҳ ба Шаҳрони вазир гуфт:
— Бигӯ то номаву пайғом чӣ дорад.

Шаҳрони вазир гуфт:
— Эй Хурмузи Кел, шоҳ мефармояд, ки номаву пайғом чӣ дорӣ? Биёвар.

Хурмузи Кел бархост ва нома берун овард ва бӯса доду пеши Арманшоҳ бинҳод.

Шоҳ баргирифт, ки ба дасти вазир диҳад, аз дари сарои ғалабаву ошӯб бархост.

Шоҳ гуфт:
— Бингаред, ки чӣ будааст?

Ҳоҷибон даромаданд ва бонг бар эшон заданд, ки «Ғалаба макунед, ки шоҳ нома мехонад ва пайғом мешунавад». Мегуфтанд, ки «Шоҳро бигӯед, ки аз қалъаи Фалакӣ нишон намондааст, ҳама хароб кардаанд ва мардумони қалъа ҳама куштаанд». Ҳоҷибон дилтанг шуданд, гуфтанд: «Як замон хомӯш бошед, то шоҳ пайғом бишнавад». Ҳоҷибон бозомаданд. Ишон хомӯш шуданд.

Шаҳрони вазир нома хондан гирифту шоҳ мустамаъ 2, то бад-он ҷой расид, ки «ба қалъаи Фалакӣ рафтем ва хароб кардем ва Маҳпариро бурдем» ва дигар гуфта, ки «расулу бандиён бозфирист» ва он таҳдидҳо, ки карда буд, ҳама маълум кард, барошуфт ва гуфт:
— Аҳволи қалъаи Фалакӣ бозгӯй, ки чун гирифтаанд?

Вазир гуфт:
— Мегӯянд, ки қалъаро хароб кардем ва Маҳпариро бурдем, акнун бандиёнро бозфирист, то бозгардем.

Шоҳ гуфт:
— Бале, биравед ва аҳволи қалъа боздонед.

1 Ч у л о б — навъе аз нӯшокии хунук ва хушгувор, шакли арабишудан калимаи гулоб.
2 М у с т а м а ъ — шунаванда.

пешина
аз 283
навбатӣ