Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
пушт андохта ва найзаи пиёдагон дар даст аз гарди роҳ бозикунон дар майдон омад ва наъра заду лаъб намуд ва уштулум кард 1. Ва ин Чапи Марғазӣ дар тирандозӣ назир надошт. Дар майдон мегашт ва чавлон мекарду мард мехост.
Аз лашкари Арманшоҳ марде дар майдон омад худро бо созу силоҳи разм ороста, наъразанон пеши Чапи Марғазӣ омад. Бонги ният бар Чапи Марғазӣ зад.
Гуфт:
— Чист ин ҳама саҳму сиёсат? Охир худ на туй? Биёр то мардии ту чист?
Чапи Марғазӣ найза дар даст дошт, гирди сар бигардонид ва бар он мард андаромад ва он мардро ном Айдон буд, бо ҳам даровехтанд, то найзаҳо дар дасти ишон бишикаст. Чапи Марғазӣ даст дар бозу кард ва камон аз бозу бадар овард ва тир дар камон ниҳод ва ба назаре рой даркашиду раҳо кард.
Айдон чун тирро дид, ки равона шуд, дарак дар пеш овард, то тирро рад кунад. Тир дар сипар омад ва бигзашт ва ба зиреҳ расид, қарор нагирифт ва бар сина расид, ором наёфт, аз пушти Айдон берун рафт ва дар замин омад, то ба сӯфор андар замин нишаст. Айдонро сафро ба сар даромад ва аз пой дарафтод.
Чапи Марғазӣ наъра зад ва марде дигар дар майдон омад. Чапи Марғазӣ ӯро ба тир мезад ва меафканд. Дигаре рӯй ба майдон ниҳод ва раҳо накард, ки пеши вай омадӣ, ӯро тир заду бикушт. То ҳафт марди пиёда бияфканд, ки ногоҳ аз лашкари Тайроқ ҷавоне аз Дувоздаҳдара дар майдон омад, сахт бо ниҳебу сиёсат. Аз ин зиште, бадталъате, нашустарӯсе, бадсурате, девшакле, сиёҳдидоре, балуҷе, бадфеъле. Ҳар чӣ пӯшида буд, ҳама сиёҳ буд. Бо ҳайбате азим пеши Чапи Марғазӣ омад, чунон ки аз ҳайбати он мард Фаррухрӯз дар қалби лашкар пеши Хуршедшоҳ истода буд, биҳаросид ва ба ҷони бародар битарсид.
Чун он мард пеши Чапи Марғазӣ омад ва бонги ниҳеб бар ӯ зад, гуфт: — Эй фурӯмоя, ин чӣ шаторат 2 аст, ки мекунӣ? Биёвар то чӣ дорӣ аз ин тирандохтану силоҳи баддилон кор фармудан.
1 Лаъб ва уштулум кардан — бозӣ ва ҷасту хез кардани паҳлавон дар майдон.
2 Шаторат — далерӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё