Зеҳн
Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фаррухрӯз асп хост. Савор шуд, то Чапи Марғазӣ пеш омад. Ҳамагон бар Хурмузи Кел офарин карданд.

Пас Хурмузи Кел дар майдон ҷавлон кард ва мард хост, то саворе аз лашкари Арманшоҳ дар майдон омад бар аспе бодпои аблак 1 савор гашта ва асп ба баргустувон 2 пӯшида ва оинаҳо дар пешонии асп ба устодӣ баста, чунон ки оина метофт, ҳеҷ кас дар он оина нигоҳ натавонистӣ кардан ва мард аз болои асп зиреҳ пӯшида ё хӯде бар сар ниҳода ва камон дар бозу афканда ва дарак дар паси пушт ва соку сокайн ва соидайн, ва теғ ҳамоил карда ва найза дар даст ва буни найза бар замин кашон, асп дар майдон ҷаҳонид, то пеши Хурмузи Кел омад ва бонги пурҳайбат бар вай зад. Гуфт:

— Чист ин ҳама ғалабаву ошӯб, ки дар майдон афкандай, бе он ки коре тавонӣ кард? Пиндорӣ, ки дар ҷаҳон мард нест?

Хурмузи Кел гуфт:

— Эй нокас, чун Хурмузи Кел мардеро гӯянд «чист ин ҳама ғалабаву ошӯб?» Бигӯӣ, то номи ту чист, то донам, ки бо ту чӣ гуна мебояд ҷанг кардан?

Пас он мард гуфт:

— Манам банда ва хизматгори Арманшоҳ ва номи
ман Некзод. Биёвар, то аз мардӣ чӣ дорӣ.

Ин бигуфтанд ва найза дар ҳам афканданд ва бисёр бо ҳамдигар бикӯшиданд. Хурмузи Кел даромад, найза зад бар паҳлӯи Некзод чунон ки то ӯ буд, ҳаргиз кас аз вай назод.

Чун Некзодро бияфканд, ҷавлон кард ва наъра зад ва мард хост. Дигаре дар майдон омад, бияфканд, дигаре даромад, бикушт, то ҳафт мард бияфканд, ки яке захм бар вай натавонист зад. Хурмузи Кел ҳамчунин ҷавлон мекард ва мард мехост. Ҳеҷ кас дар майдон намеомад, ки аз Хурмузи Кел тарсида буданд, ки ба найза ҳафт мардро бияфканда буд, ки даст ба ҳеҷ силоҳи дигар набурд.

Пас Хурмузи Кел овоз дод, ки «Шоҳ куҷо рафт, он ки дар боргоҳ теғ мекашид ва наъра мезад ва мегуфт:
«Ҷойгоҳи мардон ин аст!» Бигӯ, то дар майдон ояд ва теғ баркашида мардӣ намояд, ки дар майдон теғ баркашанд».

Қизилмалик чун ин бишнид, барошуфт, гуфт:

1 А б л а к — ало.
2 Б а р г у с т у в о н — зиреҳи асп.

пешина
аз 283
навбатӣ