Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик (Ҷилди дуввум)

Ин китоб ҷилди дуввуми маҷмӯаи «Намунаҳои насри бадеии форсу тоҷик» буда, осори баргузидаи насрии адабиёти классикии форсу тоҷикро дар бар мегирад. Он барои омӯзиши таърих ва намунаҳои беҳтарини насри бадеӣ пешбинӣ шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 25 октябри 2026 · 283 саҳифа
Самак бихандид ва гуфт:
— Эй зан, ту маро модарӣ. Хумор маро падар аст.
Неҳ омад.— Силеҳ дарпӯшид ва Сурхи Қофарро баста дар он хона афканд.
Гуфт:
— Ӯро нигоҳ дор, то ман биравам ва бародарзодагони туро биҷӯварам, то маро ёрӣ диҳанд ва Сурхи Қофарро бибарам, ки ман тоқати ӯ надорам.
Зан гуфт:
— Набояд, ки Сурхи Қофар биравад.
Гуфт:
— Эй модар, ин корд андар даст гир, ки ман ӯро сахт барбастаам, ки агар ин мард биҷунбад, ин корд ба вай зан, то бимирад, ки раво бошад.
Самак занро бар вай мувақкал кард ва рӯй ба роҳ ниҳод, то ба хонаи ду бародарони қассобомад. Аҳвол бигуфт, ки:
— Ман Сурхи Қофарро бигирифтам ва дар хонаи хоҳари падари шумо барбастаам. Биёед ва ёрӣ кунед, то ӯро ба лашкаргоҳ барам, ки ӯро дар ин шаҳр натавонам доштан.
Собиру Самлод хуррам шуданд. Гуфтанд:
— Эй паҳлавон, чӣ гуна роҳ донистӣ ба сарои хоҳари падари мо?
Самак аҳвол бигуфт, ки:
— Яздон кор рост бар ман оварад ва роҳ менамояд.
— Бо Меҳрони вазир чӣ кунем? Ӯро нагузорем. Набояд, ки ӯро касе аз ин ҷо бибарад ва ба кори мо зиён дорад, ки азим душманест.
Самак гуфт:
— Ӯро ба уқубат мебояд куштан.— Биҳомад ва чашми рости ӯ ба корд баровард ва гӯшаш бибурид ва бинӣ бишикофт. Пас гуфт:
— Ӯро раҳо кунем, ки аз вай ҳеҷ кор наояд.
Ӯро раҳо карданд ва бирафтанд то ба хонаи он зан ва ҳар се Сурхи Қофарро баргирифтанд ва он сандук баргирифтанд ва он олоти шаробхона буд, ки Хумор пиёда буд. Рӯй ба роҳ ниҳоданд, то ба болои ҳисор омаданд. Пас Самак ба каманд эшонро фурӯ гузошт ва худ ба каманд ба зер омад ва сандук баргирифтанд ва ба роҳ дарафтоданд, то бираванд. Ногоҳ се савор диданд, чун шер, ки бад-ишон бозхӯрданд ва бонг бар эшон заданд. Самак бо дигарон битарсиданд. Самак бо худ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё