КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Дар ҳолати мавҷудияти тағйиротҳои ташреҳию амрозӣ (илтиҳоби сифоқ, хуншораҳо дар холигии сифоқ ва холигии қафаси сина, кабудшавии бофтаҳои мушакҳо) нимта якҷоя бо узвҳои дарунӣ барои партоватозакунии техник равон карда мешаванд.
Дар ҳолати набудани тағйирот нимтаро пурра тоза карда узвҳои даруниро ба партоватозакунӣ месупоранд, аммо нимтаро пухта ба мақсади хўрока истифода мебаранд. Тухмҳои аз парандаҳои касал гирифташударо ба муддати 10 дақиқа мепазанд. Тухмҳои аз мурғхонаҳои ноустувор барои чўҷабарорӣ овардашударо ба партовҳо супорида ё нобуд мекунанд. Барои безараргардонии мурғхонаҳо, маҳлули 3% NaOH (16-200С), бо фосилаи 7 соат; маҳлули 3% гарм (70-800С) NaOH бо фосилаи 3 соат; маҳлули 1% формальдегид бо фосилаи 1 соат; оҳаки навшукуфтаи бо фаъолнокии хлориаш 3% бо фосила 3 соат; маҳлули 1% атсиди атсетат бо фосилаи 6 соат зарур аст. Инчунин безараргардониро мумкин аст бо маҳлули 30-40% формальдегид (15мл/м3) ё маҳлули атсиди (надуксусной) уксус (20мл /м3), - бо фосила 6 соат ба кор баранд.
Барои безараргардонии зарфҳо дар хоҷагиҳо ва дар амборҳо камераҳои ҳаҷмӣ 100 то 500 м3 дошта месозанд ва онҳо бо шамолдиҳакҳо, ҳавокашакҳо барои баровардани ҳавои бад таҷҳизонида мешаванд. Аэрозоли аз маҳлули формалдегидро бо ёрии форсункаҳои ПВАН ва ҳавои фишурда бо фишори кории 3-4 атм ё бо ёрии генератори АГУД-2 гирифта мешавад.
Барои чўҷабарорӣ тухмҳоро аз хоҷагиҳои ба касалии зуком устуворбуда меоранд. Ҳар як гурўҳи ҷавонаҳои баровардашударо дар биноҳои алоҳида, ки тамоман аз парандаҳо озод карда шуда дар мавзеи солимгардонидашудаи дур воқеъ гаштаанд, парвариш мекунанд. Бо расидани синни 4-5 рўзагӣ чўҷаҳо бо ваксинаи сустфаъол моякўбӣ карда мешаванд. Болу пари аз парандаҳои шартан солим гирифташуда дар хушккунакҳои махсус дар ҳарорати 85-900С 15 дақиқа хушк карда мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё