КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Нюкасла
Касалии Нюкасла (Morbia Newcatle) – касалии шадиди вирусии парандаҳо аз оилаи мурғҳо, хоса ба касалии узвҳои нафаскашӣ, хўрокҳазмкунӣ ва силсилаи марказии асаб мебошад.
Маълумотномаи таърихӣ.
Касалии Нюкасла дар ҷазираи Ява Крансвалд, дар соли 1926 ба қайд гирфта шуда буд. Аз соли 1926 ин касалиро дар мамлакатҳои Осиё, Америка ва Аврупо ба қайд гирифта буданд. Олими Англис Дойл дар соли1927 барангезандаи ин касалро дар наздикии шаҳри Нюконсал кашф карда аст, аз ин рў номи касалиро Нюкасл гузоштанд. Дар соли 1935 дар ИМА ин касалӣ ҳамчун пневмоэнцефалити чўҷаҳо қайд карда шуда, дар солҳои 1941-1945 ба таври васеъ дар мамлакатҳои Аврупо паҳн гардидааст.
Барангзандаи касали.
Вируси АРН-дор, андозааш 120-180нм буда ба ҷинси парамиксовирусҳо, оилаи Paramyxoviridae мансуб мебошад. Вирус қобилияти (гемоглютининро) ширешавӣ ва таҳшиншуданро нисбати эритротситҳои кабутарҳо, мурғҳо, мурғҳои марҷон ва хукбачаҳои баҳри дорад.
Ксалиоварии кишти саҳроии барангезанда бисёр тағйир меёбад, ки ба дараҷаи сариран пайдо шудани касал ва хусусияти эпизоотологии он таъсир мерасонад. Вирус дар ҷанини 9-10 рўзаи мурғҳо барқарор шуда ҷанинро мекушад. Вирус дар бисёр кишти аввалини ҳуҷайраҳо моякубӣ карда шуда бо пайдоиши тағйиротҳои ситоплазматикӣ афзоиш меёбад.
Устуворӣ.
Устувории вирус ба таъсири омилҳои физикавӣ ва кимиёвӣ аз мавҷудияти сафедаҳо ва муҳити РН вобастагӣ дорад. Он устувор ба РН дар доираи 2,0-10 мебошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё