КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Рўшноии офтоб ўро дар ду шабонарўз ва рўшноии пошхўрда дар 15 рўз бетаъсир мегардонад. Вирус фаъолнокии худро дар узвҳои хушккардашуда дар ҳарорати 17-180С ба муддати 2 сол, дар мурғхонаҳо дар зимистон 140 рўз, тобистон 7 рўз гум намекунад. Дар ҷасадҳои пусидаистода вирус баъди 3 ҳафта сустфаъол мегардад, дар нимтаҳои яхкардашудаи мурғҳо то 800 рўз қобили ҳайёт мебошанд. Дар ҳолати ҷушонидан он дар нимтаи парандаҳо, фақат баъди 40-60 дақиқа мемирад.
Равишҳои биологӣ дар ҳолати нигаҳдории ахлоти онҳо вирусро баъди 20 рўз бетаъсир мегардонад. Маҳлули формалин (1-2%), оҳоки хлордор (3%), ишқори натрӣ (2%), ксилонафт-5 (4-5%) онро дар якчанд дақиқа нобуд мегардонад.
Нишонаҳои эпизоотологӣ.
Дар шароити табии касалии Нюкасла бештар дар парандаҳо аз отряди мурғҳо (мурғҳо, мурғи марҷон, мурғи фиръавн, товусҳо) ба қайд гирифта мешавад. Ҳолатҳои касал дар кабутарҳо, гунҷишкҳо, зоғҳо, тўтиҳо, уқобҳо ба қайд гирифта шудааст. Дараҷаи сироятёбӣ ба вирус дар зотҳои гуногуни сину соли парандаҳо якхела нест.
Мурғҳои марҷони ҷавон назар ба болиғҳо бештар ҳассосанд. Алангаи касал дар чўҷаҳо, дар ҳолати набудани касал дар парандаҳои болиғ, дар алоқа бо ҷавонаҳо ба қайд гирифта шудааст.
Манбаи барангезандаи сироят.
Прандаҳои касал, вирусро ба воситаи ахлот, тухм, нафасбарорӣ ҷудо мекунанд. Вирусҷудокунӣ дар давраи номаълум гузаштани касал баъди 2-4 соати сироятёбии парандаҳо сар мешавад. Дар оргнизми парандаҳои касал вирусро дар муддати 2-4 моҳ баъди сариран солимшавӣ пайдо кардан мумкин аст.
Сабабҳои паҳншавии вирус тухм, паруболи парндаҳои касал, нимтаи парандаҳои маҷбуран кушташуда, масолеҳи густариш (тагпарто) ва хурока шуда мтавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё