Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Мўҳлати табобат 7 рўз (А.Б.Пересодин,1964) давом мекунад.

Ҳасонат.
Чўҷаҳо ва мурғҳои касалии пуллорозшуда ҳасонати нопок пайдо мекунанд. Масолеҳи хоссаи пешгирикунанда коркард нашудааст.

Пешгир ва чораҳои муборизабарӣ Дар хоҷагиҳои устувор ба пуллороз мурғҳои тухмгузорро бо танзим (то ба 40-45% тухмгузор расидан) ба пуллороз бо аксуламали ККРА ё ККРНГА, ҷавонаҳоро бошад дар синни 50-55 рўзагиашон тафтиш мекунанд. Тухмҳоро фақат аз хоҷагиҳои устувор ба пуллорози мурғҳо барои чўҷабарорӣ ворид месозанд.
Тухмҳо барои чўҷабарорӣ ва дастгоҳҳо бо танзим безарар гардонида мешаванд.
Барои безараргардонии тухмҳо дар давраи чўҷахобонӣ ва дар ҳолати чўҷабарорӣ мумкин аст гексахлорани аэрозол истифода бурда шавад. Доруҳоро дар триэтилгликол маҳлул мекунанд (50г гексахлорафен бо1л маҳлулкунанда) ва ба дохили инкубатор, аз рўи ҳисоби 15 мг/м3 ҳаво бо фосилаи 30 дақиқа пош медиҳанд.
Ҳар як инкубаторро пеш ва баъди чўҷабарорӣ хуб тоза карда бо формалдегид безарар мегардонанд (15 мл формалдегиди 40%-а, 30 мг перманганати кали ба 1м3 ҳаво). Баъди 6 соати баромадани чўҷаҳо онҳо бояд ба фермаи парандапарварӣ равона карда шаванд. Муддати дароз нигоҳ доштани чўҷаҳо дар инкубатор ва дар кашонидан, устувории онҳоро ба пуллороз суст мегардонад. Барои парвариш чўҷаҳои боқувват, чўҷаҳои вазнашон на кам аз 37г ҷудо карда гирифта мешаванд.
Дар ҳолати пешгирии касалии пуллороз хусусан сифати хўрока ва риоя кардани тартиби хўрокдиҳӣ аҳамияти муҳим дорад. Ба чўҷаҳо доруҳои АБК, ПАБК, панир, дуғоби тоза, доруи хушки атсидофилини тоза хуронидан, зарур мебошад.

пешина
аз 95
навбатӣ