Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш Бронхити сироятӣ
Бронхити сироятӣ (Bronchitis infectiosa) касалии баландсирояткунандаи вирусӣ, хосса ба касалии узвҳои нафаскашӣ, дар ҷавонаҳо (чўҷаҳо) ва узвҳои барқароршавандаи мурғҳои тухмдеҳ ба муддати дароз бо тухмгузорӣ мегузарад.

Маълумоти таърихи.
Касалӣ аввалин маротиба аз тарафи Шалк ва Хафн (1931) дар ИМА навишта шудааст. Дар давараи ҳозира он ба таври васеъ дар мамлакатҳои парандапарвар тараққи карда паҳн шудааст.
Барангезандаи касалро (вирус) аввалин маротиба Бич ва Шалк (1936) дар ИМА ҷудо кардаанд.

Барангезанда.
Coronavirus avian аз зоти Coronavirus, оилаи Coronaviridae мебошад. Варионҳояш полиморфи буда андозаашон 80-100нм дар таркиби худ АРН (РНК) ва пардаи липидӣ дорад. Вирус дар ситоплазмаи ҳуҷайраҳо барқарор мешавад.
В вирусро дар ҷанини 8-10 рӯзаи мурғҳо кишт мекунанд. Барои касал “Карликовост” ҷанини реза хоса мебошад.

Устуворӣ.
Барангезанда дар маҳлули алантоисӣ ҷанини мурғҳо дар 370С 10 рўз дар 20-300С 24 рўз, дар бофтаҳои сироятёфтаи бо глитсирини 50% консерватсия карда шуда, дар ҳолати 40С 80 рўз нигоҳ дошта мешавад. Дар қабати болоии дохили мурғхонаҳо вирус дар 17-230С 7 рўз қобили ҳаёт мемонад, дар ахлот то 50-90 рўз қобили ҳаёт буда метавонад. Дар ҳолати 300С будани ҳарорат онҳо фаолияташонро 17 сол, нигоҳ медоранд, вирус нисбатан осонтар бо нурҳои ултрабунафш ва моддаҳои безарар гардонанидашуда вайрон шуда мемирад.

пешина
аз 95
навбатӣ