Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Тавлиди касал.
Вируси илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш, дар узвҳои паранда бо роҳҳои нафаскаши ворид гашта, дар ҳуҷайраҳои эпителиялӣ ва хирной афзоиш ёфта дар онҳо равишҳои харобшавӣ ва пўстпартоиро ба амал морад.
Сипас вирус ба рагҳои хунгузар ворид шуда бо роҳи хун ба тамоми организм паҳн мегардад. Бо услуби иммунофлюоресентсия барангезанда дар хирной, шуш, ҷигар, гурдаҳо, сипурз пайдо карда мешавад. Аз барангезандаи касал бештар найчаи тухмгузар сироят ёфта равиши пайдоиши тухм вайрон мегардад.
Хунгузаронии рагҳои хунгузар зиёд шуда, ба варами пардаҳои луобӣ, хирной ва найчаҳои шуш оварда мерасонад. Равишҳои илтиҳобӣ дар узвҳои нафаскашӣ сабаби афзоиши микрофлораи шартан касалиовар мегардад.
Вирусро дар бофтаҳои эпителии роҳҳои нафаскашӣ, узвҳо ва дар гурдаҳо дар муддати якчанд ҳафта баъди сариран солимгардии парандаҳо пайдо кардан имкон дорад.

Ҷараён ва нишонаҳои касал.
Дар ҳолати сироятёбии табии, давраи номаълум гузаштани касал аз 36 соат то 10 шабонарўз тўл мекашад. Ба дараҷаи пайдоиши нишонаҳои сарии касал сину соли паранда, шароити нигоҳдории он ва касалиовариӣ кишти вирусӣ дар хоҷагӣ паҳншуда таъсир мерасонад. Дар ҳолати илтиҳоби сироятии найчаҳои шуш се нишонаҳои сарирӣ мушоҳида мегардад.

1.Нишонаҳои касалии роҳҳои нафаскашӣ Аз ҳама нишонаи хоссаи касалии роҳҳои нафаскашӣ дар чуҷҷаҳо дида мешавад. Сулфакунӣ, нафаскашии мушкил, хир-хири хирной, резиши моеъ аз бини, баъзан илтиҳоби мултаҳима, илтиҳоби пардаҳои луобии бини ва ҷавфи бини дида мешавад.

пешина
аз 95
навбатӣ