Зеҳн
КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 95 саҳифа

Ҳайвонот
Аз аввал хондан

Нишондодҳои элизоотологӣ.
Ба барангезанда мурғобиҳои хонагӣ, ваҳшӣ ва қозҳо ҳассосанд. Парандаҳои отряди мурғҳо ва ҳайвонҳои озмоиши сироятпазир нестанд.
Мурғобиҳои болиғ ҳатто дар ҳолати сироятгузаронӣ бо меъёри зиёди вирус сариран касал намешаванд.
Манбаи барангезандаи сироят, парандаҳои касал ва касалшуда мебошанд.
Мурғобиҳои касалшуда метавонанд 300-350 рўз вирус ҷудо кунанд. Онҳо вирусро бо ахлот, тухм ва масъи аз бини ҷудошаванда ҷудо мекунанд.
Роҳҳои асосии паҳнкунии барангезанда ин тухумҳои инкубатсиони мебошанд, ки аз хоҷагиҳои ноустувор оварда шудаанд. Ҷанинҳои ин намуд тухумҳо дар 7-50% ҳолатҳо, ҳангоми ҷуҷабарорӣ дар давраҳои гуногуни афзоиши ҷанин мемиранд. Дар дохили хоҷагӣ вирус дар ҳолати якҷоя нигоҳ доштани парандаҳои солим бо касал мегузарад.
Барангезандаи касал метавонад бо воситаи хуроки сиростёфта, об, гўшт, шир ва масолеҳи ёрирасони парандаҳо гузарад.
Дар манбаҳои эпизоотии тоза, касал баланшиддат, бо касалшавии ҳамаи ҷуҷаҳои гурўҳи баровардашуда гузашта, баъдан метавонад ҷараёни камшадид ва бардавомро гирад. Касалӣ ва марговарии мурғобиҳо дар рўзҳои 5-10-ҳуми ҳаёташон ба амал меояд.
Дар мурғобиҳои болиғ шакли ниҳонии касал ба қайд гирифта мешавад.
Тавлиди касал.
Вирус ба организм ворид шуда ба воситаи хун ба ба тамоми организм паҳн мешавад ва ҳолати таафуниро ба амал меоварад. Бештар ҷигар сироят меёбад, ки ин ба вайроншавии хурокҳазмкуни ва муқобилиятноки ба бактерияҳо оварда мерасонад. Бештар мурғобиҳои фарбеҳ дар ҳолоти зуҳуроти тааффуни мемиранд.

пешина
аз 95
навбатӣ