КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Тафриқаи ташхис.
Ҳатман тафриқаи салмонеллёз, синусити вируси ва аз ҳад зиёд заҳролудшавии мурғобиҳо гузаронида мешавад.
Табобат.
Масолеҳи дорувории табобати ҳепатити мурғобиҳо вуҷуд надорад. Зардоби иммунии аз мурғобичаҳои касалшуда, парандаҳои касалро гузаронида истифода мешавад. Зардобаро ба таги пўст дар меъёри 0,5 мл гузаронида мурғобичаҳоро аз сироятёбии ҳепатити вируси нигоҳ медорад (Р.А. Зубцов, 1965). Фоидаоварии табобатии он 30-60%-ро дар бар мегирад.
Ҳасонат.
Дар собиқ Иттифоқи Шўравӣ вирусваксинаи моеъ УНИИП аз кишти 3м (И.П. Дорошко, И.И. Паникор, 1971) ва вирусваксинаи хушк муқобили ҳепатити вируси мурғобичаҳо истифода мешавад.
Ҳамаи мурғобиҳои хоҷагӣ дар сини 1 рўза ва зиёд моякубикарда мешаванд. Ҳасонат баъди 3-рўзи моякубӣ кардан ва дар муддати тамоми давраи ҳассосӣ ба амал омада нигоҳ дошта мешавад.
Пешгири ва чораҳои муборизабарӣ.
Пешгирии ҳепатити вирусии мурғобичаҳо бо риоя кардани қоидаҳо, поидан, хўрокдиҳӣ, нигоҳдории парандаҳо ва риояи талаботҳои беҳдорию-байтори барои огоҳ кардани воридшавии барангезанда асоснок карда шудааст. Ворид кардани тухмҳо барои инкубатсия аз хоҷагиҳои ноустувор ба ҳепатити вируси маън карда мешавад.
Тухми мурғобиҳо ба 1-ум ва 13-ўм рўз баъди гузаштан ба инкубатор ҳатман дукарата бо буғи формалфегид безарар гардонида мешаванд.
Муддати дароз нигоҳ доштани мурғобичаҳо дар инкубатор манъ аст. Инкубаторҳои ҷуҷабарори баъди ҳар як гурўҳи мурғобичаҳо аз гарду чанг тоза карда шуда, безарар гардонида мешаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё