КАСАЛИҲОИ ПАРАНДАҲО

Муқобилиятнокии аденовирусҳо ба яхкунони ва обшавии бисёр карата, баланд буда дараҷаи касалиовариашро ҳангоми хушккунии леофили гум намекунанд.
Нишонаҳои касал.
Хусусиятҳои хоси касал вуҷуд надорад. Пайдоиши диарея, пахмоқшавии парҳо ва афтодаруҳӣ мушоҳида мегардад. Дар марҳалаи баъдии касал, кабудшавии гушвораҳо ва тоҷ, дар 10-70% мурғҳо ба муддати 2-3 ҳафта тухмкунии тухмҳои нуқсондор, тухмҳои сафедааш обнок ва тира минбаъд пастравии маҳсулноки то 30% ва оҳистаоҳиста барқроршавии он мушоҳида мегардад.
Ташхис.
Ташхиси пешаки дар асоси маълумотҳои эпизоотологӣ, нишонаҳои сарирӣ, дигаргуниҳои ташреҳию амрозӣ (атрафияи тухмдонҳо, баъзан хуншораҳо дар онҳо, дар пуст нишонаҳои ба дерматити гангренози монанд мушоҳида мегардад) гузошта мешавад.
Ташхиси ниҳои дар асоси натиҷаҳои озмоишгоҳи (ҷудокунии барангезанда дар эмбриони мурғ, санҷиши биологӣ дар чуҷаҳо, муайянсозии антителаи хос дар РТГА, РН, РДП, МФА) гузошта мешавад. Барои ташхиси СПТ-76 омўзиши нақшаи маҳсулнокии парандаҳои ба касалӣ шубҳанок ва сифати скарлупаи тухм аҳамаияти калон дорад.
Ташхиси тафриқавӣ.
Бронхити сироятӣ ва омилҳои ғайри сироятӣ ки ба пастравии маҳсулнокии парандаҳо таъсир мерасонанд истисно карда мешаванд.
Табобат.
Табобати СПТ-76 коркард карда нашудааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё