ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД

Китобе, ки Шумо дар даст доред, фарогирандаи суханрониҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоту вохўриҳояшон бо бонувони кишвар дар даврони истиқлолияти мамлакат мебошад.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 127 саҳифа
Ба ин маънӣ шоир барҳақ гуфтааст, ки:
Агар зан намебуд, олам намебуд,
Нишоне зи авлоди одам намебуд.
Албатта, ҳар як халқ ва миллат бо занону модарони худ фахр мекунад, лекин мо аз занону модаронамон ифтихори хоса дорем. Зеро модари тоҷик бо ақлу фаросат, донишу таҷриба ва муҳаббату садоқати худ дар ҳақиқат азизтарин нигини тоҷи миллати мо мебошад.
Таърих номи олиҳаи зебоӣ ва ҷасорат Гурдофариди сафшикан, номи занҳои муборизу ватанпарвар Томирис, Рухшона, Маликаи Бухорхудот ва даҳҳо модарону хоҳарони моро ёд дорад, ки барои истиқлолу озодии мардум ва сарзамини худ бо аҷнабиён талош кардаанд.
Зани тоҷик дар тўли таърих баробари тарбияи фарзанд ва ҳифзи чароғи хонадон дар паҳлўи мардон бар зидди душманон далерона ба хотири ҳимояи шарафу номуси кишвар ва миллат мубориза бурдааст.
Ҳамду санои бепоён ба рўҳи чунин занони шарафманд!
Аз замоне, ки тоҷик ҳамчун халқ муттаҳид шуд ва дар аҳди Сомониён соҳиби давлати миллӣ гардида, пояҳои давлатдории худро бунёд гузошт, то ба имрўз занони оқилаву фарзона дар раванди ин таърихи пурҷалол гаҳвораи миллатро соҳибӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки занони тоҷик бинобар шаҳодати сарчашмаҳо дар замони давлатдории Сомониён аз тамоми неъматҳои моддию маънавӣ ва ахлоқӣ баҳравар будаанд. Онҳо ҳамчун занони бофазилат ва озодандеш қариб дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ нақши арзанда доштаанд ва суннатҳои ислом ба ҳуқуқу озодии онҳо дахолат намекардаанд.
Модари тоҷик аз азал фарзандони бузурги миллатро аз давлатдору сипаҳсолор гирифта, то сарбозони далеру сарбаланд ва вазирону олимони донишмандро дар канори худ бо меҳрубонӣ парвариш дод, ба воя расонд ва барои фатҳу кушоишҳои нек раҳнамоӣ кард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё