ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
ҲАМХИДМАТОН
Ин – аз вилояти дур,
Онаш – зи шаҳри наздик,
Ҳар гуна қавму миллат –
Фарзанди мулки тоҷик.
Бошад агарчи садранг
Рафтору хулқу хўшон,
Яксон хуранду пўшанд,
Якдил зиянду якҷон.
Аҳланду иттифоқанд,
Ёру бародар онҳо,
Хидмат кунанду роҳат
Бо ҳам баробар онҳо.
Қарзе бувад ягона
Бар аскару ба афсар:
Мардона кору хидмат
Дар ҳифзи халқу кишвар.
Ҳамхидматон, ки рўзе
Рў сўи манзил оранд,
Меҳру сафои ёрон
Дар ҷону дар дил оранд.
ЗИНДА БОШӢ!
Эй аскар, эй бародар,
Як марди ҷонфидоӣ!
Пушту паноҳи кишвар,
Пушту паноҳи моӣ!
То посбони сулҳӣ,
Мо дар амони сулҳем.
То дар ҷаҳон ту бошӣ,
Мо дар ҷаҳони сулҳем.
Душман агар бихезад,
Бо қасди ҷонситонӣ,
Онӣ, ки душманонро
Дар ҷояшон нишонӣ.
Бо нағзҳо, ки нағзӣ,
Бо ганда ганда бошӣ.
Ҳомии мо, ки ҳастӣ,
Пирўзу зинда бошӣ!
БОШАД, КИ!..
Хуш аскаре, ки ин сон
Инсони пуртавон аст.
Озода асту пуркор,
Ҷиддиву меҳрубон аст.
Ҳампешаро бубинад,
Хуш медиҳад саломаш:
Болои дида монад
Ангушти эҳтиромаш.
Чун аскаре ба аскар
Хоҳам, диҳам саломе,
Хоҳам, ки по гузорам
Ин гуна чун низомӣ.
Ҳар бор агар бубинад,
Бар вай барад ҳасад кас.
То синну соли аскар
Бошад, ки худ расад кас!
ГУСЕЛ ВА ПЕШВОЗ
Модар гусел чун кард
Фарзанди худ ба артиш,
Шодию ғам фузун кард
Дар дил талошу тартиш.
Шодон аз он ки дорад
Ин гуна гулписар вай,
Лозим бишуд Ватанро
Имрўз чун сипар вай.
Ғамгин аз он ки акнун
Ӯро чӣ ояд аз пеш?
Оё тавонад ў зист
Бо зўру қудрати хеш?
Як лаҳза ханда дар лаб,
Як лаҳза дидааш тар,
Дилшод чун Ватандор,
Дилреш ҳамчу модар.
Бо гиря шаҳд хандид,
Бо ханда талх бигрист.
Донист модари зор:
Ҷуз сабр чорааш нест!
Як рўз нома омад
Бар номи модари ҷон,
Бинҳод аз сари меҳр
Ӯ нома дар бари ҷон…
Пайваста нома бинвишт
Аскар ба номи модар,
Равшан чу рўз медошт
Бо нома шоми модар.
Рўзе расиду аскар
Қарзи Ватан адо кард,
Баргашту модарашро
Аз банди ғам раҳо кард.
Чашмони модар аз нав
Чун абри навбаҳорон:
Дирўза баччаи ў
Баргашта марди майдон!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё