ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
ШУСТУШӮ
Баъд аз адои варзиш
Ҳар бачча рӯй шӯяд.
Бо оби барфу борон
Ҳар кӯча рӯй шӯяд.
Бо шабнами саҳаргоҳ
Садбарг рӯй шӯяд.
Себарга дасту рӯро
Бо оби ҷӯй шӯяд.
Албатта, баъди хӯрдан,
Гурбача рӯй шӯяд.
Баъзан, хушаш биёяд,
Мушбача рӯй шӯяд.
Аз чист, ки шумо ҳам
Хушҳолу тозарӯед?
Аз он ки дасту рӯро
Ҳар рӯз тоза шӯед.
Аммо надонам. Оё
Моҳича рӯй шӯяд?
Ҳар кас, ки донад инро,
Лутфан ба ман бигӯяд.
ХОНА БИРӮБАД НИГОР!
Ҳой! Ту кӣ? Дар куҷо?
Зуд ба ин ҷо биё!
Роҳи ҳаворо кушо! –
Хона бирӯбад Нигор!
Болини парро бурор!
Пардаи дарро фурор!
Латтаи тарро дарор! –
Хона бирӯбад Нигор!
Дур фиган ҳинаро!
Об бизан зинаро!
Пок кун оинаро! –
Хона бирӯбад Нигор!
Акбар, аз ин ҷо буро!
Асғар, аз ин ҷо буро!
Аскар, аз ин ҷо буро! –
Хона бирӯбад Нигор!
Бош ва ё хап гузар!
Бе ғашу бе гап гузар!
Рост гузар! Чап гузар! –
Хона бирӯбад Нигор!
Бод, наё аз адир!
Гурба, даматро бигир!
Пашша, бирав ё бимир! –
Хона бирӯбад Нигор!
ЧАРО? ЧАРО?
На чарх мезанам ба хоб,
На печ мехӯрам, на тоб.
На пой мезанам ба по,
На даст медиҳам ҳаво.
Валекин аз чӣ бистарам
Ба зерам ояд аз барам?
Ба зери каш агар кашам,
Хазад вай аз таги кашам.
Варо агар ба бар кашам,
Ба фарқи сар агар кашам,
Ҳамон зи рӯи ҷои ман
Хазад ба сӯи пои ман.
Парад зи дида хоби ман,
Кӣ медиҳад ҷавоби ман?
Зи нав кашам варо ба бар,
Зи нав равам ба хоб агар,
Зи нав ба зери по равад?
Чаро? Чаро? Чаро равад?
Чӣ турфае, ки бистарам
Ба зерам ояд аз барам?!
ҲАМЗА ЧӢ ХУШРӮ ШУДАСТ!
Лаб нарасад бар лабе,
Деҳа – пур аз гап-гапе:
– Ҳамза чӣ хушрӯ шудаст!
– Баччаи дилҷӯ шудаст!
– Рӯй – ба монанди себ!
– Сар – чӣ?
– Сараш ҳам – базеб!
– Гардану дӯшаш нигар!
– Чашмаку гӯшаш нигар!
– Дар таги мӯяш будаст!
– Айбаки мӯяш будаст!
– Вай, чӣ ба мӯяш задаст?
– Қайчӣ ба мӯяш задаст!
– Пас чу дигарҳо шудаст?
– Ҳамчу писарҳо шудаст!
– Ранги рухашро нигар!
– Гулписар-а?
– Гулписар!..
Лаб нарасад бар лабе,
Деҳа – пур аз гап-гапе:
Ҳамза чӣ хушрӯ шудаст!
Хуш ҳама аз ӯ шудаст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё