ҶЎРА ҲОШИМӢ ХАНДОНАК

ДУХТАРЧАИ ХАНДОНАК Лабҳои ту механдад, Гапҳои ту механдад. Чашмони ту механдад, Мижгони ту механдад.
Ахбор · 4 ноябри 2024 · 14 саҳифа
ВАСВАСА
Аз як фан агар ду чиз
Хонам, чӣ? Нахонам, чӣ?
Ё чорамалро низ
Донам, чӣ? Надонам, чӣ?
Доим саҳар аз хобам
Хезам, чӣ? Нахезам, чӣ?
Дар иззату одобам
Монам, чӣ? Намонам, чӣ?
Ҳар рӯзи Худо мактаб
Тозам, чӣ? Натозам, чӣ?
Ноил шуда бар матлаб
Тонам, чӣ? Натонам, чӣ?
Донотари синфи худ
Бошам, чӣ? Набошам, чӣ?
Андеша пайи беҳбуд
Ронам, чӣ? Наронам, чӣ?
Як умр пайи Раҳмон
Гирам, чӣ? Нагирам, чӣ?
Дар васвасаи Шайтон
Монам, чӣ? Намонам, чӣ?
ФАРОМӮШӢ
Як мардаки тӯтибурут
Хӯрдаст се қуттӣ қурут.
Сад бор пас хӯрдаст печ,
Аммо надонистаст ҳеҷ:
Хӯрдаст қанд ӯ ё ки тут?
БЕҲУДАГӮЙ
Дар Хардара як хар будаст,
Вай аз ҳама хартар будаст.
Дар айни тафси офтоб
Хӯрдаст аз сарчашма об,
Гуфтаст:
– Обаш тар будаст!..
ҚАЛАМ КУҶО ШУД?
– Як нозанин қалам буд!
Хушхатту хушрақам буд!
Ҳаргиз ғалат намерафт,
Берун зи хат намерафт.
Рангаш ба дида, билло,
Метофт оби тилло.
Якбора гум чӣ сон шуд?
Аз дида чун ниҳон шуд?
Сад раҳ қалам бикобам,
Бо сад алам бикобам,
Аммо варо наёбам,
Асло чаро наёбам?
Оят, ту дар шигифтӣ?
Шояд, худат гирифтӣ?!
– Қурбони ақлу ҳушат,
Бингар ба … пушти гӯшат!
АЗМАНҶОН
Азман бидорад
Ду ҳарфро дӯст:
Яктояш – «Аз ман!»,
Яктояш – «Аз туст!».
– Ин сагча – аз ман!
– Ҳой, ин най – аз ман!
– Хайр, инаш аз туст,
Лекин вай – аз ман!..
Ҳар чӣ, ки хуб аст,
Албатта, аз ӯст,
Нохуб бошад,
Гираш, ки аз туст!
Аз дарди чашмаш
Менолад Азман,
Чашмони худро
Мемолад Азман.
Гӯӣ, ки: – Азман,
Хоҳӣ, нанолӣ,
Дасте ба чашмон
Бояд намолӣ.
– Корат набошад! –
Мегӯяд Азман, –
Чашми ту ин нест!
Ин ҳар ду – аз ман!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо
Дунё