АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа
Барои бачагон бошад, чунин доду гирифт шартист ва танҳо ба шавқовар шудани бозӣ мусоидат мекунад.
Ёфтани ҷавоби баъзе чистонҳо, умуман душвор аст.
Дар онҳо фақат рангу бў, сахтию нармӣ, шаклу сохт, вазифа, садо, вазъияту мавқеъ, миқдори ашёву ҳодиса не, балки хислату рафтори гуворои он қайд мешавад.
Ҳушёрӣ, тарсончакӣ ва дуздтабиатии муш ва зарарнокии он дар як чистони машҳур бо надомат хотирнишон шудааст:
Талап – талапи по шуд,
Падарлаънат куҷо шуд?!
Асбоби дигареро, ки инсон барои осон шудани кори худ ихтироъ кардааст, «чигина» меноманд. Онро дар шроити пасту баланди кўҳсор ҷуфти гов ё асп мекашад.
Мардум дар эҷоди чистони оид ба чигина муболиға ба кор бурдаанд садояшро ба раъду барқ ташбеҳ додаанд.
Чор чўбе, росте, ки дар чор кунҷаш барои нигоҳ доштани бор устувар карда шудааст, найза номидаанд. Бо чигина одатан дарзаи гандум мекашанд ва дар чистон хўшаҳои пурбор табақи тилло ном гирифтааст:
Осмони ғуроғур,
Чор найзаву ду айғур.
Болораву хамикаш,
Табақи тилло таи каш.
Дар чистони дигаре, ки бо ҳамин навъ шаклу муболиға ҳайвони ба рўзгори мардум бисёр лозим - модагов тасвир шудааст. Аз ин тасвир сурату сирати як ҷондори аҷиб ба ҷилва меояд:
Дуто дорад - осмонкўб,
Якто дорад - заминрўб,
Чорта дорад - рўғанӣ,
Чорта дорад - заминкўб.
Дар чистонҳои халқии тоҷикӣ ҳамаи ҳамон хусусиятҳое ба назар мерасанд, ки чистонҳои халқҳои дигар дар бар кардаанд. Як гурўҳ чистонҳо дар нақшҳои садоӣ бунёд шудаанд. Онҳо садои дар, камон, табар, соат, садои пой, даст, шамол, асбобҳои рўзгору хоҷагӣ ва монанди инҳоро акс мекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё