Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан
  • Гург ҳамон замон сабукӣ ҳис кард. Аз ҷояш хесту ба роҳи худ рафт.
  • Ист! Охир ба ваъдаат вафо кун! – гуфт лаклак.
  • Ту розӣ нестӣ? Фарёд зад гург. -Ту каллаатро ба гулўи ман тиққонда, сиҳату саломат берун кашидӣ. Магар ин вафо нест?! Ман метавонистам туро хўрам. Гум шав аз назарам. Дигар вонахўр, ки хўрда мемонам!
    Лаклак чизе нагуфт. Фақат аз дил гузаронд, ки ба кўрнамакон ёрӣ додан лозим набудааст.

ХАРГЎШАКИ ШЕРДИЛ
1 Харгўшчае буд, харгўшчаи тарсончаке буд. Шохчае қирси карда шиканад, ё парандае қанот занад. Ё парчаи барф аз дарахт таппӣ афтад, як қад мепариду гирён мешуд.
Баъд калон шуд, ҷасоратдор шуд. Як рўз калонӣ карда, гуфт:

  • Ман аз ҳеҷ чиз наметарсам! Вай ин суханонро бо тамоми овозаш такрор карда ба даруни беша даромад.
  • Чӣ, ту аз гург ҳам наметарсӣ? – пурсид як харгўши дигар.
    Аз гург ҳам, аз рўбоҳ ҳам аз хирс ҳам наметарсам! – ҷавоб дод харгўшча. - Агар гургро бинам, пора карда мепартоям.
  • Ту аҳмақ! - гуфт як харгўши дигар.
    Ҳамин вақт як гург пайдо шуда монд. Гург гушнаю хаста буд. «Кошки ақаллан як харгўш вомехўрд» - гуфта орзу мекард. Нохост ба гўшаш овози харгўш расид. Вай бозистоду поида - поида пеш омадан гирифт.
    Гург наздик омада шунид, ки харгўшҳо ўро мазоҳ карда истодаанд. Як харгўшчаи каҷчашми думкалта ўро пора карда хўрданист…

2 «Исто, ман ҳозир ба сари ту, лофзан, об мерезам», - гуфт гург ва нигоҳ кард, ки кадом харгўш лоф мезанад.

пешина
аз 81
навбатӣ