Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Мурғак барад пароша,
Дадаш чиҳо биёрад?
Куртаи кимхо биёрад.
Инаша пўшад, мезебад,
Ваяша пўшад, мезебад.
Сарак-сарак сароша,
Мурғак барад пароша.
Дадеш чиҳо биёрад?
Себи ширин бирад,
Гўшти биқин биёрад,
Сарак-сарак сароша,
Мурғак барад пароша.

МУШАК
Мушак-мушак, дандон бидеҳ,
Хирмани гул, майдон бидеҳ.
Гандум бидеҳ, кўчӣ кунам,
Ордак бидеҳ, кулча кунам.
Тухмак бидеҳ, дандон кунам,
Дандонаки сандон кунам.
Чормағз бидеҳ, чақ-чақ кунам,
Писта бидеҳ, чиқ-чиқ кунам.

БУЗАК
Ҳаво, ҳаво, ист, ист,
Бузи калам нест, нест.
Бузи калам дар айлоқ,
Ҳайфи хурмаҳои қоқ.
Бузи калам дар бармол,
Тоҷи сараш сафедмол.
Боло мерам, меғўтам,
Поён мерам, меғўтам.
Ҳайфи корсон қурутам,
Калбузаки нобудам.
ЧИЛ АСПИ БАБОР ОМАД
Аз боло ғубор омад,
Чил аспи бабор омад.

  • Аспҳоро куҷо бандем?
  • Дар беди қатор бандем.
  • Қамчина куҷо монем?
  • Дар шохи чинор монем.
    Шохи чинор канда шуд,
    Бибиниёз банда шуд.
    Бибиниёз- чўби хушк,
    Кокулонаш бўи мушк…

ДЕВОРАКА КОФТЕМ
Деворака кофтем, Сўзанака ёфтем.
Сўзанаки кӣ бошад?

  • Сўзанаки Назокат!
    Назокатҷон – гули боғ, Зулфаконаш пари зоғ.
    Зулфакоша бофтем, Паси гўш партофтем.

СЕ ДУХТАРАКОН
Се духтаракон будем,
Лолачинакон будем.
Давидему давидем,
Ба ҷўи нав расидем.
Ҷўи нава обаш нест,
Дугонема хобаш нест.
Як хол дорад дугонем,
Ду хол дорад дугонем.
Се сол боз надидем,
Чӣ ҳол дорад дугонем?

ДАР ТАГИ АНҶИР
Таги анҷир суфча,
Суфачаба намадча,

пешина
аз 81
навбатӣ