Зеҳн
АФСОНА, СУРУДУ ТАРОНА, ТЕЗГЎЯК ВА ЧИСТОНҲО АЗ ЭҶОДИЁТИ ДАҲАНАКИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Роҳнамо барои волидайн, мураббиёни кўдакони синни хурди томактабӣ ва омўзгорони синфҳои ибтидоӣ

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 81 саҳифа

Афсона
Аз аввал хондан

Сармир ҳамаи бозигаронро як-як аз ҷой мехезонд.
Бозӣ давом мекард.

СЎЗАНИ ТИЛЛО

Бозигарон ҳар чи қадар зиёд бошанд, бозӣ ҳамон қадар башавқ мегузарад. Бачаи бисёре ҷамъ шуд, Мавлуда шумурак гуфт:

Як палак,
Ду палак,
Се ҷувол,
Ҳандалак.

Ту хурдӣ,
Ту бурдӣ,
Ту исто,
Ту баро!
Ҳама як-як аз давра баромаданд. Малоҳат танҳо монд. Бачаҳо доира кашиданд. Дар миёна Малоҳатро шинонданд. Бо рўймолча чашмашро бастанд. Малоҳат қиёфаи пиразанеро гирифта, бо ду даст атрофашро палмосид. Мавлуда аз ў пурсид:

  • Бибӣ, чиятон гум шуд?
  • Сўзани тиллом гум шуд! – гуфту боз атрофашро палмосид. Боз бачаи дигар :
  • Бибӣ, сўзанро ман ёбам, чӣ медиҳед? – гўён Малоҳат даст дароз кард.
    Бозигар ба дасти вай як чўбчаро партофту гурехт.
    Малоҳатбибӣ оташин шуду боз атрофашро палмосидан гирифт. Дар ин лаҳза дигарон ба сурудгўӣ сар карданд:

Бибӣ итоб кунад-е,
Ба мо итоб кунад-е,
Мўл кофтукоб кунад-е,
Савғои бобо канӣ?

пешина
аз 81
навбатӣ