КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
ШИРХЎРОН
Mammalia
ПАҲНГЎШИ ОСИЁГӢ
Barbastella leucomelas (Kreczschmar, 1826) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар ағбаи Фахробод, водии Зарафшон, қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон ва кўҳи Муғул паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар доманакўҳу кўҳҳо дар баландии то 2000 метр аз сатҳи баҳр маскан мегирад. Дар ғорҳо, тарқиши шахҳо ва конҳои куҳна зимистон мегузаронад. Тобистон ба паноҳгоҳҳои дигар мекўчад.
Дар ҷойҳои зимистонгузаронӣ аз моҳи сентябр, аксаран дар моҳи октябр пайдо мешавад.
Дар давраи хоби зимистона баъзе фардҳои паҳнгўши осиёгӣ мунтазам бедор шуда, дар дохили паноҳгоҳ ҷой иваз мекунанд. Аз хоби зимистона бедор шудани онҳо моҳи апрел оғоз меёбад.
Саршумор
Намуди камшумор аст. Тўдаи онро, ки аз даҳҳо cap иборат буд, фақат дар паноҳгоҳи зимистонааш мушоҳида кардаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Дар моҳи май мояи паҳнгўши нарина калон гардида, дар батни модина ҷанини аллакай инкишофёфтаро дарёфт намудаанд.
Моҳи июн насл тавлид мегардад.
Чунин менамояд, ки онҳо пеш аз хоби зимистона ҷуфт гардида, бордоршавӣ ва инкишофи ҷанин баъди бедор шудан аз хоби зимистона, дар фасли баҳор ба амал меояд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба омили ноҳинҷорӣ ҳассос буда, даромадани завқмандон-спелеологҳо ба ғорҳое, ки ба сифати ҷои зимистонгузаронии паҳнгўши осиёгӣ хизмат мекунанд сабаби асосии маҳдудшавии саршумори он гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади таҳия намудани чорабиниҳои илман асосноки муҳофизати паҳнгўши осиёгӣ хусусиятҳои биологии онро мавриди таҳқиқи пурра қарор додан лозим аст. Конҳои куҳнаеро, ки дар доманаи қаторкўҳи Туркистон (ноҳияи Исфара) мавҷуданд, ғўруқ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1953, 1954; Янушевич и др., 1972; Хабилов, 1977; Стрелков и др., 1978; Хабилов, Таджибаева, 2003.
НЕТОПИРИ
ПЎСТМОНАНД
Hypsugo savii (Bonaparte, 1837) Қатори
Дастболҳо ‒ Chiroptera Оилаи
Кўршабпаракҳои муқаррарӣ ‒ Vespertilionidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар Помир, водии Вахш, қаторкўҳҳои Зарафшон, Туркистон ва Қурама паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар тарқиши шахҳо, нақбҳои конҳои куҳнаи доманакўҳу кўҳҳо маскан мегирад. Дар маҳалҳои зимистонгузаронанда танҳо 2-3 фардӣ дар як паноҳгоҳ вомехўранд.
Нетопирҳои зимистонгузарон бо шумораи аз ҳама бештар (16 фард) дар яке аз конҳои Исфара ба қайд гирифта шудааст. Дар ҷои зимистонгузаронӣ кўршабпаракҳои ҳам модина ва ҳам нарина вомехўранд. Тобистон нетопирҳо соатҳои 21-22 (дар рўзҳои тира назар ба рўзҳои соф барвақттар) ба сайд мебароянд.
Саршумор
Маълумот аниқ оид ба саршумори ин намуд вучуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Омилҳои маҳдудкунанда Нетопири пўстмонанд мавриди омўзиши амиқ қарор НАГИРИФТАШИРХЎРОН Mammalia аст ва омилҳои маҳдудкунандаи саршумори он муайян карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Бо мақсади коркард ва таҳия намудани чорабиниҳои муассири муҳофизат ва барқарор намудани саршумори он мавриди омўзиши қарор додани нетопири пўстмонанд зарур аст. Корҳои тарғиботӣ оид ба ҳифзи ин намуди нодир дар байни омма бояд пурзўр карда шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё