Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ШИРХЎРОН
Mammalia
Соли 1950 дар туғайзори соҳили дарёи Вахш лонаи кафтор бо 4 бачааш дарёфт карда шудааст.
Парвариш дар шароити сунъӣ Дар шароити боғи ҳайвонот парвариш меёбад ва афзоиш мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани муҳити хоси сукунат, алалхусус туғайзорҳо ва минтақаҳои биёбон ва нимбиёбон, маҳдуд гардидани саршумори тўъма, шикори ғайриқонунӣ сабабҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори кафтор мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои асосии сукунати кафторро дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва минтақаҳои ҳамсарҳади он зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан лозим аст.
Оид ба паҳншавӣ ва хусусиятҳои экологии он таҳқиқот гузаронидан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Виноградов и др., 1935; Чернышев, 1958; Арутюнов, 1964; Соков, 1971; Гептнер, Слудский, 1972.
ШИРХЎРОН
Mammalia
ГУРБАИ ҚАМИШЗОР
Felis chaus oxiana (Heptner, 1969) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Зернамуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
То охири солҳои 40-уми асри гузашта дар туғайзори соҳили дарёҳои Вахш, Қизилсу, Ёхсу, Панҷ, Кофарниҳон, Сир ва Зарафшон паҳн гардида буд.
Дар натиҷаи аз худ намудани масоҳати зиёди туғайзорҳо, дар аксар маҳалҳои сукунат нобуд гардидааст. Айни замон дар туғайзорҳои поёноби дарёи Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»), соҳили рости дарёи Панҷ, поёноби дарёи Қизилсу ва аҳён-аҳён дар туғайзорҳои масоҳаташон маҳдуди дарёҳои Зарафшон ва Сир вомехўрад.
Муҳити сукунат
Мавзеъҳои хоси сукунати гурбаи қамишзор туғайзорҳои наздисоҳилӣ, ҷангалзорҳои омехтаи патта, пасткўҳҳои дорои растани­ ҳои даштӣ, настаранзорҳо, дўлонаю бодомзорҳо мебошанд.
Саршумор
Оид ба саршумори ҳозираи гурбаи қамишзор маълумоти аниқ вуҷуд надорад. Солҳои 70-уми асри гузашта дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» 1-3 фард ва дар туғайзорҳои соҳили рости дарёи Панҷ (масоҳати 1500 га) 5-7 фарди гурбаи қамишзор ба қайд гирифта шуда буд.
Хусусиятҳои биологӣ Мавриди таҳқиқоти пурра қарор нагирифтааст. Дар моҳҳои январфеврал ҷуфт мешавад. Давраи ҳомиладорӣ қариб 60 рўзро дар бар гирифта, ширмаконии насл аз моҳи апрел то моҳи июл идома меёбад. 3-4 насл медиҳад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Парвариш дар шароити сунъӣ ва боғҳои ҳайвонот имконпазир аст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани туғайзорҳо, таъқиб ва нобуд сохтани фардҳои алоҳида бо мақсади кам кардани зараррасонӣ ба мурғпарварӣ, тасодуфан афтодан ба дом омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори гурбаи қамишзор мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷамоаи гурбаи қамишзорро дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», туғайзорҳои поёноби дарёи Қизилсу, соҳили рости дарёи Панҷ ва дигар маҳалҳои сукунати он зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Корҳои тарғиботиро оид ба ҳифзи он пурзўр намудан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Чернышев, 1948, 1958; Соков, 1983.
ГУРБАИ ДАШТӢ
Felis silvestris lybica (Forster, 1780) Қатори
Дарандагон ‒ Carnivora Оилаи
Гурбаҳо ‒ Felidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар минтақаҳои биёбон, дашт, наздикўҳӣ ва миёнакўҳи қисмати Тоҷикистони марказӣ ҷанубуғарбӣ ва шимолии Тоҷикистон нобаробар паҳн гардидааст. Дар атрофи обанбори Қайроққум, қаторкўҳҳои Оқтов, Рангонтов, Боботоғ, атрофи Данғара, Кўлоб, Даштиҷум ва Ғозималик ба қайд гирифта шудааст.

пешина
аз 256
навбатӣ