КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Пояаш устувонашакл, баргаш (бараш то 25 мм) тасмашакли аз поя кўтоҳтар. Лифофааш кўтоҳи нўгтез. Чатраш нимкураи зич.
Ғўзааш тухмшакли паҳн. Моҳҳои
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae апрел-май гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ҷамъоварии пиёзбех барои саноати консерв ба маҳдуд шудани он оварда мерасонад. Захираи он дар баъзе ноҳияҳо тамоман хароб гардидааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм пиёзак меафзояд. Дар бисёр боғҳои ботаникӣ парвариш меёбад. Ҳангоми парвариш аз тухм дар соли 4-ум гул мекунад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Пиёзакаш ба пиёзи анзур монанд аст, бинобар ин онро ҷамъоварӣ менамоянд.
Тадбирҳои ҳифз Ҷамъоварии намудро таҳти назорат гирифта, парвариши саноатии онро ба роҳ мондан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Введенский, 1963; Красная книга Таджикской ССР, 1988;
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ҶАВАК
Ungernia oligostroma M.Pop. et Vved.
Оилаи Amaryllidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси шимолу ғарбии Помиру Олой аст.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳи Туркистон (атрофи қасабаи Шаҳристон ва Бурғунсой) паҳн гардидааст. Дар Ўзбекистон (қаторкўҳи Нуратов) ва Қирғизистон (атрофи деҳаи Андигон) низ вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои санглох ва маҳинхоки шағалдор дар минтақаҳои ҷангалзори гармсер ва арчазори гармидўст (дар баландиҳои 1100-2050 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба U. severtzovii (Regel) B. Fedtsch.
(Тиёншони Ғарбӣ) қаробат дорад.
Шумора
Гурўҳ-гурўҳ (7-8 бех дар 1 м2) месабзад.
Захираи умумии намуд муайян нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи пиёзакдор буда, то 15 см қад мекашад. Пиёзбехаш (қутраш то 4 см) тухмшакл, бо ҷилди парданамои хокистарранг пўшида шудааст. Қисми хамидаи наздигулаш (дарозиаш то 25 мм) кушоди зардчатоб буда, рахи қаҳваранг дорад. Ғўзааш аз чанголакҳои дилмонанд иборат аст. Моҳҳои июл-август гул карда, август мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Бунёди манзилҳо, аз ҳад зиёд чаронидани чорво ва дигар омилҳои антропологӣ.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм ва бо роҳи нашвӣ афзоиш меёбад. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нагардидаст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании доруӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз Ҳолати ҳозираи онро муайян намуда, назорати доимӣ бурдан ва парваридан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
АМОНКОРА
(ГУЛИ СИТОРАИ ХУНУКАК)
Ungernia victoris Vved.
Оилаи Amaryllidaceae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди хеле камёфт аст.
Паҳншавӣ
Гиёҳи хоси қисмати ғарбии Помиру Олой. Дар Тоҷикистон ҳадди шимол ва шарқии муҳити сабзиши амонкора (ҳавзаи дарёи Лучоб ва мавзеъи Дарвозаками н.Ҳисор) ҷойгир шудааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои хокӣ, санглох, настаранзор, бодомзори сирак, фаркзор ва арчазор (дар баландиҳои 800-2700 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ Ба ситораи хунукак – U. tadshikoriim Vved. ex Artjuschenko қаробат дорад.
Шумора
Кам аст. Ҷудо-ҷудо ё гурўҳ-гурўҳ, дар 1 м2 беш аз 100 фарди онро дидан мумкин аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё