Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Ба рушдгоҳ сахт мутобиқ гаштааст.
Бинобар ин, зери таъсири фаъолияти инсон (коркарди маъданҳои кўҳӣ, тайёр кардани сангҳои сохтмон ва ғайраҳо) зиёни ҷиддӣ мебинад. Мумкин аст аз байн равад.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Оид ба парвариши он маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании доругӣ аст.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои рушди онро ҳифз ва ҷамъовариашро манъ намудан лозим аст. Назорат бурдан ва ҷустуҷў кардани роҳҳои парвариши он.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, т. 7;, 1984; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
КАВРАК КАМОЛ
Ferula mogoltavica Lipsky Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Хоси Тиёншони Ғарбӣ аст.
Паҳншавӣ
Дар кўҳи Муғул ва нишебиҳои ҷанубу ғарбии қаторкўҳи Қурама (мавзеъи Қизилтумшуқ) паҳн гардидааст.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои зардхоки шағалзор (дар баландиҳои 600- 1000 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Ба F. lehmannii Boiss. (Бетбакдала, Қизилқум) қаробат дорад.
Шумора
Дар кўҳи Муғул аз 700-800 бех зиёд нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании бисёрсолаи монокарпӣ буда, то 50 см қад мекашад.
Хўшагулаш ҷорўбаки сирак. Чатргулаш аз 6-8 шоха иборат аст.
Чатракаш 8-10 гул дорад. Гулаш зардчатоб. Мевааш (дарозиаш то 12 мм) дарозрўяи байзашакл аст. Моҳҳои апрел гул карда, май мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Омили антропогенӣ: аз худ кардани марзҳо, сохтмон, коркарди маъдан ва ғайра.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Аз тухм меафзояд. Парвариш дар шароити таҷриба ва сунъӣ қайд нашудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Растании доругӣ. Дар решааш фурокумаринҳо мавҷуданд.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҳолати популятсияҳо назорати доимӣ бурда, хусусияти биоло­ гӣ ва роҳҳои парвариши онро омўхтан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Флора Таджикской ССР, т. 7, 1984; Красная книга Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов, Ҳомидов, Ғаффоров, 2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
КАМОЛИ ОВЧИННИКОВ
Ferula ovczinnikovii M. Pimen.
Оилаи Apiaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Аҳамият ва мақоми илмӣ Намуди нодир, аз ҷиҳати таснифоти баҳснопазир аст.
Паҳншавӣ
Дар ҳавзаи дарёи Зарафшон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар минтақаи арчазорҳои гармидўст (дар баландиҳои 1800- 2500 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ Намуди ба худ наздик надорад.
Шумора
Омўхта нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ Растании монокарпӣ, қадаш 20-25 см, решааш лўндаи ғафс.
Пояаш бебарг, дар қисми поёни он боқимондаи баргҳои куҳна мавҷуданд. Баргаш муякчадор.
Тўдагулаш сипаршакли ковок.
Чатри марказиаш дорои 3-7 шохча мебошад. Гулбаргаш зарди сафедчатоб.
Моҳи май- июн гул карда, тухм мебандад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ Аз меъёр зиёд истифода бурдани чарогоҳи тобистона, даравидани алаф.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ Омўхта нашудааст. Ба воситаи тухм зиёд мешавад.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ Дар чарогоҳҳои тобистона ҳамчун растании хўроки чорво истифода мешавад. Аҳамияти тиҷоратӣ надорад.

пешина
аз 256
навбатӣ