Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ҲАШАРОТ
Insecta
ЛЎНДАМЎЙЛАБИ РАХ-РАХ
Libelloides macaronius Scop.
Қатори
Тўрболҳо ‒ Neuroptera Оилаи
Тўрболҳои лўндамўйлаб – Ascalaphidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Намуди реликтӣ буда, аз давраи сеюмин боқӣ мондааст.
Дар ҳудуди Тоҷикистон дар қаторкўҳҳои Ҳисор, Туркистон, Ҳазратишоҳ, Вахш ва Пётри I паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар атрофи ҷангалзори паҳнбарги кўҳӣ дар ҷойҳое, ки рўшноӣ зиёд мерасад, мавзеъҳои кушод ва дар буттазорҳои кўҳӣ вомехўрад.
Саршумор
Аҳён-аҳён вомехўрад. Дар даҳсолаҳои охир ҳудуди паҳншавӣ ва саршумори он маҳдуд гардидааст.
Дар аксар мавзеъҳои зист тамоман нобуд шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Барои фардҳои болиғ ва кирминаҳо тарзи ҳаёти дарандагӣ хос аст. Фардҳои болиғ озод парвоз мекунанд. Кирминаҳо зоҳиран паҳн буда, ба кирминаи шермўрчаҳо шабоҳат доранд.
Одатан дар зери сангҳо зист намуда, ҳашароти гуногуни хурдро шикор мекунанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Буриш ва решакан кардани ҷангалзор, буттазори нишебиҳои кўҳӣ ва доманакўҳҳо омилҳои асосии маҳдуд гардидани саршумори лўндамўйлаби рах-рах мебошанд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Таҳқиқ карда нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Мавзеъҳои сукунати лўндамўйлаби рах-рахро зери муҳофизати ҷиддӣ қарор додан зарур аст. Ба мақсади таҳия намудани чораҳои ҳифз, ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намуд бояд муфассал таҳқиқ карда шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Красная книга СССР, 1984.
ГАНДАНАФАСАКИ
ПАВЛОВСКИЙ
Dalpada pavlovskii (Kiritshenko) Қatopи
Ганданафасакҳо ‒Heteroptera Оилаи
Сипардорҳо ‒Pentatomidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Намуди релектӣ буда, аз давраи сеюмин боқӣ мондааст. Муҳити зисти ганданафасаки Павловский минтақаҳои кўҳии Ҳисору Дарвоз ва Рўшонро фаро мегирад.
Муҳити сукунат
Сокини минтақаи ҷангалзори кўҳӣ буда, ба дарахтони чинор, тус, чормағз, себ ва гелос вобаста аст. Новобаста ба мавҷуд будани растаниҳои ғизоӣ поёнтар аз минтақаи ҷангал дучор намеояд.
Саршумор
Таҳқиқ карда нашудааст. Дар ҷойҳои афзоиш 3-4 фард вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Дар давраи кирминагӣ зимистон мегузаронад. Муҳити сукунати аввалини он чинор аст, вале дар дарахтони паҳнбарги дигар низ сукунат мекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ҳамчун намуди қадима ҳатто дар мавзеъҳои зисти муқаррарӣ низ хеле камшумор аст. Буридани дарахтон ба камшумории он сабаб мегарданд.
ҲАШАРОТ
Insecta
Тадбирҳои ҳифз
Буридани дарахтонро дар мавзеъҳои хоси зисти ганданафасаки Павловский пешгирӣ намудан зарур аст. Бо мақсади андешидани чораҳои иловагии ҳифз ҷойҳои паҳншавӣ ва хусусиятҳои биологии ин намудро таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Кириченко, 1952; Пучков, 1965.
ҲАШАРОТ
Insecta
ГАНДАНАФАСАКИ
БАРАНОВ
Mustha baranovi (Kiritshenko, 1952) Қatopи
Ганданафасакҳо ‒Heteroptera Оилаи
Сипардорҳо ‒Pentatomidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар қаторкўҳҳои Зарафшон, Ҳисор, Пётри I, Дарвоз, Язғулом ва Рўшон ёфтаанд.
Муҳити сукунат
Дар ҷангалҳои кўҳӣ дар баландии 1100 метр вомехўрад. Дар чормағз, себ, бодом, зардолу ва арча зиндагӣ мекунад.

пешина
аз 256
навбатӣ