КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Сарчашмаи иттилоот:
Борисова, 1949; Астанова, 1969;
Запрягаева, 1976.
ИЗИ ШУТУР
Zygophyllum macrophyllum
Regel et Schmalh.
Оилаи Zygophyllaceae
Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Намуди нодири Туронзамин, дар
Тоҷикистон маҳалҳои рушди он пароканда мебошанд.
Паҳншавӣ
Дар қисмати Ғарбии водии
Фарғона (пастхамии Оқчоп, атрофи обанбори Қайроққум, Рухаки
Унҷӣ) паҳн гардидааст. Берун аз ҳудуди Тоҷикистон дар
Ўзбекистон, Туркманистон ва
Афғонистон вомехўрад.
Муҳити рушд
Дар нишебиҳои шағалзор ва падидаҳои ҷинсҳои рангоранг, дар қатортеппаҳои минтақаи биёбонии шибоғу шўракдор (дар баландиҳои 700-900 м аз сатҳи баҳр) мерўяд.
Намуди ҳамшабеҳ
Ба Z. oxianum Boriss. (Осиёи
Марказӣ) қаробат дорад.
Шумора
Тоқа-тоқа месабзад. Захираи умумии он муайян нашудааст.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Растании бисёрсола, решааш ғафси дукмонанд, 15-20 см қад мекашад.
Пояаш шохронда. Баргаш аз 1-3 ҷуфт баргчаҳои байзашакл
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae иборат аст. Моҳи апрел гул карда, май-июн мева медиҳад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Аз худ кардани доманакўҳҳо ва бисёр чаронидани чорво дар маҳаллҳои рушди он.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Аз тухм меафзояд. Оид ба парвариши он маълумот нест.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Растании хўроки чорво аст.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои рушди он бояд қатъӣ ҳифз карда шуда, чаронидани чорворо ба танзим даровардан ва роҳҳои парваридани онро ҷустуҷў кардан лозим аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Астанова, 1981; Красная книга
Таджикской ССР, 1988; Тўрақулов,
Ҳомидов, Ғаффоров,
2010.
ПЎШИДАТУХМҲО
Angiospermae
ХАСАКИСПАНД
Malacocarpus crithmifolius
(Retz.) C. A. Mey.
Оилаи Zygophyllaceae
Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Аҳамият ва мақоми илмӣ
Растании нодир аст.
Паҳншавӣ
Дар шимоли қаторкўҳи Туркистон
(сарҳади Қирғизистон) муайян кардаанд.
Муҳити рушд
Дар тарқиши оҳакшахи нишебии дараҳо ва гилхоку регхокҳо
(дар баландиҳои 350-900 м аз сатҳи баҳр) месабзад.
Намуди ҳамшабеҳ
Ҷинси хасакиспанд ба ҷинси испанд
‒ Peganum L. қаробат дорад.
Шумора
Маълум нест.
Хусусиятҳои биоморфологӣ
Буттачаи лианамонанд, 1-1,5 м қад мекашад. Пояҳояш нарм ва сершох мебошанд. Гулаш дуҷинса, тоқа-тоқа ҷойгир аст.
Баргаш (2-5 см дарозӣ дорад, тухмшакл. Мевааш ғуҷуммева.
Моҳҳои апрел гул мекунад.
Сабабҳои тағйири шумора ва рушдгоҳ
Дар муҳити зист хело кам шудааст.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Омўхта нашудааст.
Афзоиш ва парвариш дар шароити сунъӣ
Аз тухм мерўяд ва эҳтимол бо роҳи нашвӣ низ зиёд шавад. Инчунин баъзан дар назди ҳавлиҳо мепарваранд.
Аҳамияти хоҷагӣ ва тиҷоратӣ
Омўхта нашудааст.
Тадбирҳои ҳифз
Аз ҷиҳати таснифот ва чун тармева ҷолиби диққат аст. Вазъи онро дар табиат тадқиқу назорат кардан лозим. То ҳол парвариш карда нашудааст.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо