Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Кирмакҳо бофтаро сўрох карда, ба мағзи барг медароянд ва ҷавф ҳосил мекунанд. Инкишофи кирмакҳо як моҳ, давраи тонимфагӣ 1-3 шабонарўз, зоча 8-12 шабонарўз давом мекунад.
Зочаҳо зимистон мегузаронанд.
Омилҳои маҳдудкунанда Таъсири фаъолияти инсон боиси камшумории нолиди санҷид гардидааст.
Буридану решакан кардани туғайзори водии Ҳисор сабаби кам шудани муҳити сукунати нолиди санҷид гаштааст.
Тадбирҳои ҳифз Санҷидзорҳои маҳалаи "Заргар"- ро барқарор ва аз буридан нигоҳ доштан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Щеткин, 1980; Дегтярева, 1981.
ҲАШАРОТ
Insecta
ШАПАЛАКИ БУМЧАШМИ
ДУРНАМО
Polymixis seposita (Püngeler, 1914) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бумчашм ‒ Noctuidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Танҳо дар қисми ҷанубии водии Вахш (мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») вомехўрад. Муҳити сукунати дуюми он дар поёноби Сир ҷойгир шудааст.
Муҳити сукунат Сокини туғайзори дарёбоди водиҳо буда, дар баландии 350 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Хеле кам (аҳён-аҳён) вомехўрад.
Хусусиятҳои биологӣ Як маротиба насл меорад. Парвона дар қисми шимолии муҳити сукунат охирҳои октябр ва дар Байчақум сентябр парвоз мекунад.
Давраи то зочагӣ, муҳлати инкишоф ва дигар хусусиятҳои биологии он таҳқиқ карда шавад.
Омилҳои маҳдудкунанда Нобуд гардидани набототи туғайзор боиси маҳдуд шудани муҳити сукунати парвона шудааст.
Тадбирҳои ҳифз Ҳифзи шапалаки бумчашми дурнаморо дар ҳудуди мамнуъгоҳи "Бешаи палангон" пурзўр намудан зарур аст. Ба мақсади кор карда баромадани чаронидани муассири ҳифз ва хусусиятҳои биологии онро муфассал таҳқиқ намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Piingeler, 1914.
ШАПАЛАКИ БУМЧАШМИ
ЛЕНТАГӢ
Catocala optima (Stgr., 1888) Қатори
Пулакчаболҳо ‒ Lepidoptera Оилаи
Шапалакҳои бумчашм ‒ Noctuidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Дар мавзеъҳои ҷангалзори дарёбоди Панҷ (атрофи Чубек, Файзободқалъа ва Панҷи Поён) ва поёноби Вахш (атрофи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ва мамнуъгоҳи «Бешаи палангон») маскан гирифтааст. Чанд сол қабл он дар боқимондаи туғайзори поёноби Қизилсу низ вомехўрд.
Муҳити сукунат Дар туғайзорҳои соҳили дарёҳои минтақаи биёбон ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Ба ҳисоб гирифта нашудааст. То солҳои 70-уми асри гузашта дар бисёр маҳалҳои сукунат ин шапалак ниҳоят кам буд. Танҳо дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон», ки дар он паттазор масоҳати нисбатан васеъро фаро гирифтааст, сершумор аст.
Хусусиятҳои биологӣ Як маротиба насл меорад. Дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон»
парвоз ва тухмгузории он моҳи июн-июл оғоз шуда, то миёнаҳои август давом мекунад. Кирмаки он барги паттаро мехўрад. Дар зери пўстлохи куҳнаи растании ғизоӣ ба зоча мубаддал мешавад.
Давраи зочагӣ 19-20 шабонарўз идома меёбад.
Омилҳои маҳдудкунанда Камшавии саршумори умумии шапалаки бумчашми лентагӣ ба фаъолияти хоҷагии инсон - БУҲАШАРОТ Insecta ридану решакан ва шудгор кардани туғайзор, ки боиси дар баъзе мавзеъҳо пурра нест шудани ин шапалак ё маҳдудияти муҳити сукунат гардидааст, вобаста мебошад.

пешина
аз 256
навбатӣ