КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Муҳити сукунат
Дар баландиҳои 1100-2000 метр аз сатҳи баҳр дучор меояд. Дар нишебиҳои серсангу регзори кўҳҳо, ки бо буттаву дарахтон ва гиёҳҳои хўшадори гуногун фаро гирифта шудаанд, сукунат мекунад.
Саршумор
Аҳён-аҳён вомехўрад. Танҳо 4 нарина, 3 модина ва 2 наринаву
1 модинаи зернамуди он дар коллексияи Институти зоологияи Академияи илмҳои Россия (ш.
Санкт-Петербург) ва чанд фарди дигар дар коллексияи Институти систематика ва экологияи ҳайвоноти Шўъбаи сибирии Академики илмҳои Россия (ш. Новосибирск) маҳфуз дошта шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Аввалин фардҳои болиғи он даҳаи дуюми моҳи июл пайдо шуда, то охири сентябр ба назар мерасанд. Ғизои онҳо маълум нест. Хусусиятҳои биологии он таҳқиқ карда нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба заминҳои корам табдил додани нишебии кўҳҳо ва бетартиб чаронидани чорво боиси аз байн рафтани чир-чираки Павловский мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар муҳити сукунати чир-чираки Павловский ба тартиб даровардани чаронидани чорво зарур аст.
Нишебиҳои кўҳие, ки ин намуд ба қайд гирифта шудааст бояд таҳти муҳофизат қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Мищенко, 1952; http://orthoptera.
speciesfile.org.
ЧИР-ЧИРАКИ СИЁҲҚАНОТ
Ceraeocercus fuscipennis (Uvarov, 1910)
Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.
Паҳншавӣ
Эндемики Осиёи Марказӣ мебошад.
Дар шакли популятсияҳои алоҳидаи хурд дар 8 қаторкўҳ – Муғул, Туюнтоғ, Оқтов, Ҳисор, Қаротегин, Дарвоз, Ванҷ, Язғулом паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар қаторкўҳҳои Ҳисору Дарвоз асосан дар ҷангалзори сирак ва сералаф, дар Бадахшон бошад дар биёбонҳои шибоғзор сукунат мекунад. Дар баландии 800-2600 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад.
Саршумор
Дар ҳамаи муҳити паҳншавии худ аҳён-аҳён дучор меояд. Дар нишебиҳои шимоли қисми марказии қаторкўҳи Язғулом (баландии 2500 метр аз сатҳи баҳр) популятсияи хурди он (4 фард дар як соат) ба қайд гирифта шудааст.
Оид ба вуҷуд доштани популятсияи он дар кўҳи Муғул низ маълумот ҳаст. Онро аҳён-аҳён дар мамнуъгоҳи "Ромит" ва Кондара низ пайдо кардаанд.
Хусусиятҳои биологӣ Тобистону тирамоҳ фаъол аст.
Дар Тоҷикистони Ҷанубӣ АВВАҲАШАРОТ Insecta лин фардҳои болиғи он аз аввали моҳи июн то миёнаҳои октябр пайдо мешаванд. Зернамуди он (Ceraeocercus fuscipennis hindukushanus) дар нишебиҳои ксерофитии ҷангалзори сирак ва биёбонҳои шибоғзор сукунат мекунад. Ғизои чир-чирак ва кирминаҳои он гулбарги настаран ва барги юған мебошад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ба биёбон табдил ёфтани муҳити сукунати малахак ва бенизом чаронидани чорво боиси аз байн рафтани ин намуд мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар маҳалҳои сукунати чирчирак ба низом даровардани чаронидани чорво, ҳифз кардани мавзеъҳое, ки популятсияи ин намуд ба қайд гирифта шудааст, зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Уваров, 1910; Ramme, 1939; Правдин, 1987; http://orthopteraspeciesfile.org.
ҲАШАРОТ
Insecta
ЧИР-ЧИРАКИ ПОМИРӢ
Calopterusa pamirica (Stolyarov, 1969) Қатори
Ростқанотҳо ‒ Orthoptera Оилаи
Чир-чиракҳои ҳақиқӣ ‒Tettigoniidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё