КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Саршумор
Дар даҳсолаҳои охир саршумори белбинии калони амударёӣ хеле маҳдуд гардидааст. Аз солҳои 70-уми асри гузашта дар бораи саршумори он маълумоти аниқ мавҷуд нест.
Хусусиятҳои биологӣ Бори аввал дар 3-4-солагӣ, вақте ки дарозии баданаш ба 17-25 см мерасад, афзоиш мекунад.
Баҳорон аввалҳои моҳи апрел ҳангоми 16-18°С будани ҳарорати об дар қабати сангу реги қаъри дарё, дар чуқурии 1-2 м тухм мегузорад. Фардҳои модинаи наслдиҳанда то 35 ҳазор тухм мемонанд.
Тухмаш часпак аст.
МОҲИҲО
Pisces
Омилҳои маҳдудкунанда Тағйири муҳити хоси сукунат дар натиҷаи танзими оби дарё ва бо партови корхонаҳои саноатӣ ифлос шудани об. Дар натиҷаи сохтмони корхонаҳои саноатӣ ва аз худ намудани заминҳои наздисоҳилии дарёҳо ба мақсади кишоварзӣ шароити муҳити сукунати он хеле бад шудааст.
Тадбирҳои ҳифз Дар Тоҷикистон аз соли 1963 доштани белбинии калони амударёӣ тамоми сол дар ҳама ҷо манъ аст. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки бо роҳи сунъӣ парвариш ва зиёд намудани белбинии калони амударёӣ ғайриимкон аст. Муҳити сукунати белбинии калони амударёӣ дар тамоми ҳавзаи баҳри Арал бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Никольский, 1938; Жаров 1968; Максунов, 1968; Абдусалямов, Давыдов, Соков, Гришенко, 1976, 1988; Грищенко, Кондур, Досматов, 1998; Расулов, 2011.
МОҲИҲО
Pisces
БЕЛБИНИИ ХУРДИ
АМУДАРЁӢ
Pseudoscaphirhynchus hermanni (Kessler, 1877) Қатори
Тосмоҳишаклон ‒ Aсipenseriformes Оилаи
Тосмоҳиҳо ‒ Aсipenseridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарор дорад. EN. Ба рўйхати сурхи ИБҲТ дохил карда шудааст. Эндемики дарёи Аму.
Паҳншавӣ
Дар дарёи Аму, поёноби дарёҳои Вахшу Панҷ ва кўлҳои мамнуъгоҳи "Бешаи палангон"
вомехўрад. Дар поёноби дарёи Вахш дар мавзеъи "Полвонтуғай"
тухм мегузорад.
Муҳити сукунат Дар маҷрои тезҷараёни дарё, дар қаъри об, дар муҳити обаш тира зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Нисбат ба белбинии калони амударёӣ камшумор аст. Дар солҳои охир оид ба саршумори белбинии хурди амударёӣ маълумоти аниқ вуҷуд надорад.
Хусусиятҳои биологӣ Пурра омўхта нашудааст. Дар 5-6 солагӣ ҳангоми дарозии баданаш 18-27 см будан болиғ мегардад.
Моҳҳои апрел-май, ҳангоми 16-18ОС гарм будани ҳарорати об, дар чуқурии 1-2 м дар ҷойҳои регу сангдори қаъри об аз 1000 то 1300 тухм мегузорад. Ҳайвоноти бесутунмуҳраи обиро ғизо мегирад.
Омилҳои маҳдудкунанда Ифлос гардидани оби дарёҳо тавассути партовҳои маишӣ ва саноатӣ, сайди ғайриқонунӣ боиси тамоман маҳдуд гардидани саршумори белбинии хурди амударёӣ гардидааст.
Тадбирҳои ҳифз Пешгирӣ намудани ифлосшавии об дар муҳити сукунат ва мубориза бар зидди сайди ғайриқонунӣ.
Ба мақсади барқарор намудани саршумори белбинии хурди амударёӣ муҳити сукунати он дар тамоми ҳавзаи Амударё бояд таҳти муҳофизати ҷиддӣ қарор дода шавад.
Сарчашмаи иттилоот:
Берг, 1905; Никольский, 1938; Максунов. 1968; Грищенко, Кондур, Досматов, 1998; Аҳроров, 2006; Расулов, 2011.
БЕЛБИНИИ СИРДАРЁӢ
Pseudoscaphirhynchus fedtschenkoi (Kessler, 1872) Қатори
Тосмоҳишаклон ‒ Aсipenseriformes Оилаи
Тосмоҳиҳо ‒ Aсipenseridae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR. Эндемики дарёи Сир.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё