КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа
Паҳншавӣ
Дар қисмати ҷанубии Тоҷикистон дар байни обовардҳои дарёи Вахш, дар мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ва ҳудуди ноҳияи Шаҳритус дарёфт карда шудааст.
Муҳити сукунат
Дар водии Вахш ва набототи гармсер (ксерофилӣ)-и нишебиҳои ҳамшафати шимоли кўҳ зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Оид ба саршумори умумии он дар табиат маълумоте нест.
Хусусиятҳои биологӣ Тадқиқ нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Таъсири фаъолияти хоҷагидории инсон, аз худ намудани муҳити сукунат ба мақсади кишоварзӣ, аз ҳад зиёд чаронидани чорво омилҳои асосианд, ки боиси камшуморӣ ва маҳдудии сукунатгоҳи пупойдес мегарданд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
Тадбирҳои ҳифз
Ба мақсади таҳия намудани чораҳои самараноки ҳифз баҳисобгирии саршумор ва омўзиши муҳити сукунати пупойдеси зеборо ба роҳ мондан зарур аст.
Маҳалҳои хоси сукунати он бояд парваришгоҳ эълон карда шаванд.
Сарчашмаи иттилоот:
Hutton, 1849, 1850; Иззатуллаев, 1970.
НАРМБАДАНҲО
Mollusca
ПЛАНОГИРАИ АВРУПОӢ
Planogyra sororcula (Benoit, 1857) Қатори
Геофилҳо ‒ Geophila Оилаи
Валониидҳо ‒ Valloneiidae Мақоми ҳифз
Намуде, ки дар ҳолати хатарноки маҳвшавӣ қарор дорад. CR.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (мамнуъгоҳи «Ромит»
ва Кондара) ба қайд гирифта шудааст.
Муҳити сукунат
Дар баландии 1000-1200 метр аз сатҳи баҳр дар зери санги нишебиҳо ва набототи хушки назди рўдҳои кўҳӣ зиндагӣ мекунад.
Саршумор
Намуди хеле камшумор аст. Дар табиат ҳамагӣ 20 адади он дарёфт карда шудааст.
Хусусиятҳои биологӣ Мавҷудоти тухмгузор аст. Хусусиятҳои биологии он пурра омўхта нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани заминҳои нав ба мақсади кишоварзӣ, дарави номураттаби алафзор ва буридани дарахтон боиси камшуморӣ ва маҳдуд гардидани сукунатгоҳи планогира мешаванд.
Парвариш дар шароити сунъӣ Маълумот вуҷуд надорад.
Тадбирҳои ҳифз
Мавҷудияти мамнуъгоҳи «Ромит»
ва Бунгоҳи набототи кўҳии Варзоб (Кондара) дар ҳифзи планогира нақши муайян мебозанд. Ба мақсади таҳия намудани чораҳои самараноки ҳифз ва назорат кардани популятсияи планогира муайян намудани маҳалҳои нави сукунати он мувофиқи мақсад аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иззатуллаев, 1975.
ЛЕВКОЗОНЕЛЛАИ
ЯДРОШАКЛ
Leucozonella caria (Schileyko, 1978) Қатори
Геофилҳо ‒ Geophila Оилаи
Гигромиидҳо ‒ Hygromiidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷанубии қаторкўҳи Ҳисор (атрофи Хоҷаобигарм) вомехўрад.
Муҳити сукунат
Дар минтақаи субалпӣ дар нише биҳои кушод миёни набототи лаби рўдҳо дар баландиҳои 2200-2600 метр аз сатҳи баҳр ҳаёт ба cap мебарад.
Саршумор
Баҳисобгирии левкозонелла махсус гузаронида нашудааст. Дар хазинаи коллексионӣ (Институти зоология ва паразитологияи АИ ҶТ ва Институти зоологияи АИ Россия) қариб 200 адад левкозонелла нигоҳ дошта мешавад.
Хусусиятҳои биологӣ Мавҷудоти тухмгузор, 1-1,5 сол умр мебинад. Хусусиятҳои биологии он пурра омўхта нашудааст.
Омилҳои маҳдудкунанда Аз худ намудани муҳити хоси сукунат, чаронидани чорво, буридани дарахтон ва буттазорҳо, алафдаравӣ сабабҳои асосии
НАРМБАДАНҲО
Mollusca маҳдуд гардидани саршумор ва сукунатгоҳи левкозонелла мебошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё