Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

Лона аз поён кўзаи кўтоҳгарданро мемонад (қутри даҳанаи лона 4-6 см, то қаъраш 11 см, қадаш аз 6-7 то 10 см). Ба лона дуто тухми сафед мегузорад. Миёнаҳои июл дар лонаи селаи досакҳо ҳам тухм ва ҳам чўҷаи навзоди аз тухм баромадаро дидан мумкин аст.
Миёнаҳои моҳи август чўҷаҳо лонаро тарк мекунанд. Ғизои досаки хурдро ҳашароти гуногун ташкил медиҳад.
Омилҳои маҳдудкунанда Лонаи селаи досакҳо хеле дастрас аст ва ин бисёр вақт боиси харобии онҳо мешавад. Сабаби камшумории досак дар он аст, ки ҳадди шимолу шарқии сукунатгоҳи он аз ҷанубу ғарби Тоҷикистон мегузарад. Табиист, ки дар қитъаҳои канории масоҳати паҳншавӣ намудҳои ҳайвонот камшумор мебошанд.
Тадбирҳои ҳифз
Маҳалҳои лонагузории досаки хурдро дар Тоҷикистон ба рўйхат дароварда, ғўруқҳои мавсимӣ эълон намудан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Богданов, 1967; Абдусалямов, 1971.
ЗОҒОБӢ
Myophonus caeruleus (Scopoli, 1786) Қатори
Гунҷишкшаклон ‒Passeriformes Оилаи
Дурроҷҳо ‒ Turdidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои қаторкўҳҳои Қаротегин, Дарвоз, Пётри 1, Шуғнон, Ванҷ ва Вахон паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Парандаи муқимии кўҳсор аст.
Қад-қади дарёҳои тезҷараён, наздикии шаршараҳо, ҷойҳои тунукоб ва тоқҳои сернами соя дар баландиҳои 1100-2800 м аз сатҳи баҳр сукунат мекунад.
Саршумор
Дар ҳама ҷойҳои сукунат камшумор аст. Танҳо зимистон вақте, ки барфи бисёр меборад, аз муҳити лонагузорӣ ба поён кўчиш мекунад.
Хусусиятҳои биологӣ Ҷуфти зоғобӣ доимист. Барои лонасозӣ ҷои соя, тоқи сернами зери шахпораҳои рўи об, тарқиши шахҳои наздики сатҳи обро интихоб мекунад. Лонаро аз ушна, реша ва пояи растаниҳо месозад.
Масолеҳи лонаро бо андаке гил маҳкам мекунад. Як лонаро 10-12 сол истифода мебарад.
Охирҳои моҳи май ва аввалҳои моҳи июн 4-5 тухм мемонад. Асосан зоғобии модина чўҷа мебарорад (16-17 рўз). Дар давоми моҳи июл чўҷаҳо лонаро тарк мекунанд.
Ғизои зоғобӣ ҳашарот, кирмина ва ҳайвоноти бесутунмуҳра, охирҳои тирамоҳ бошад тармеваю меваи растаниҳои худрўй, зимистон тухму донаи наботот ба ҳисоб меравад.
ПАРАНДАГОН
Aves
Парвариш дар шароити сунъӣ.
Имконпазир аст
Омилҳои маҳдудкунанда Дар водиҳои Варзоб, Ромит ва қаторкўҳи Туркистон азбаски шумораи сайёҳон пайваста меафзояд, зоғобиро дар муҳити сукунати доимиаш хеле ноором мекунанд.
Омаду рафти одамон онро маҷбур мекунад, ки лонаю тухм ё чўҷаҳои худро партофта равад.
Тадбирҳои ҳифз
Дар доираи муҳити лонагузории зоғобӣ мамнуъгоҳи «Ромит»
ва парваришгоҳҳои Қўсавлисой, Сангвор, Пойгоҳи ботаникии кўҳии Кондара мавҷуданд, ки барои ҳифзи он мусоидат мекунанд.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Абдусалямов, 1973; Китоби сурхи Тоҷикистон, 1997.
ПАРАНДАГОН
Aves
ДУҶҶИ АЛО
Microcichla scouleri scouleri (Vigors, 1832)
Қатори
Гунҷишкшаклон ‒Passeriformes Оилаи
Дурроҷҳо ‒ Turdidae Мақоми ҳифз
Зернамуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар нишебии қаторкўҳи Туркистон (саргаҳи дарёи Исфара), Зарафшон, Ҳисор (водии дарёҳои Артуч, Шинг, Арчамайдон, Искандар, Кофарниҳон ва Варзоб) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Соҳили дарёҳои тезҷараёне, ки оби мусаффо доранд, муҳити хоси сукунати дуҷҷи ало мебошанд.

пешина
аз 256
навбатӣ