Зеҳн
КИТОБИ СУРХИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашри дуюм (бо тағйиру иловаҳо) Дар нашри дуюми Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон 267 намуди растаниҳо ва 222 намуди ҳайвонот, ки ба гурўҳи намудҳои нодир ва дар зери таҳдиди маҳвшавӣ қарордошта мансуб мебошанд, дохил карда шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 256 саҳифа

Экология
Аз аввал хондан

ПАРАНДАГОН
Aves
ДУҶҶИ ОБӢ
Chaimarrornis leucocephala Vigors (2)
Қатори
Гунҷишкшаклон ‒Passeriformes Оилаи
Дурроҷҳо ‒ Turdidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар водии дарёи Зарафшон аз Ярм, Худгиф то пиряхи Зарафшон маълум аст. Дар водии дарёи Моғиён, одатан қад-қади дарёҳое, ки аз нишебиҳои ҷанубии Ҳисор сарчашма мегиранд, лона мегузорад.
Дар қаторкўҳҳои Вахш, Дарвоз, инчунин Бадахшон (водии дарёҳои Ғунд, Шоҳдара, Панҷ ва шохобҳои он) паҳн гардидааст.
Муҳити сукунат
Дар соҳили дарёҳои кўҳӣ ва шохобҳои онҳо бо нишебиҳои шахсору санглох сукунат мекунад.
Бештар дар тангнои шахсор маскан мегирад, аз ҷойҳои туғёни дарё дур меравад. Дуҷҷи обӣ аксар қад-қади дарёҳои хурд ва шохоби онҳо, ки тезҷараёнанд ва оби соф доранд, лона мегузорад. Дар баландии 1600-3000 метр аз сатҳи баҳр вомехўрад ва дар баландиҳои 800-1400 метр зимистон мегузаронад.
Саршумор
Дар Тоҷикистон шумораи он муайян карда нашудааст. Дар маҳалҳои сукунати хос, ки ниҳоят маҳдуданд, хеле камшумор аст.
Парандаи муқимист, вале вобаста ба мавсим мунтазам аз ҷое ба ҷое мекўчад. Моҳи октябр аз саргаҳи маҳали лонагузорӣ поёнтар кўчиш мекунад. Моҳҳои декабр-феврал қад-қади дарёҳои доманакўҳ вомехўрад. Аз ҳудуди кўҳсор намебарояд. Нимаи дуюми моҳи феврал ва моҳи март аз нав ба кўҳ бармегардад ва аввалҳои моҳи май ба саргаҳи маҳалҳои лонагузорӣ парвоз мекунад.
Хусусиятҳои биологӣ Аз сабаби шароити қаҳратуни баландкўҳ дертар ба афзоиш шурўъ мекунад. Хониш ва ҷуфт шудани ҷинсҳо нимаи аввали моҳи май мушоҳида мегардад.
Лонаро дар паноҳгоҳе месозад, ки барои тухм бехатар бошад.
Парвариш дар шароити сунъӣ Таҷрибаҳо нишон доданд, ки дуҷҷи обӣ дар шароити ғайритабиӣ афзоиш намекунад.
Омилҳои маҳдудкунанда Афзоиши шумораи сайёҳон, алалхусус дар мавзеъҳои зисти ин паранда боиси нооромӣ ва тарк намудани мавзеъҳои зисти доимии дуҷҷи обӣ мегардад.
Тадбирҳои ҳифз
Ҷойҳои маълуми лонагузории дуҷҷи обиро ба рўйхат дароварда, онҳоро таҳти муҳофизат қарор додан зарур аст.
Сарчашмаи иттилоот:
Иванов, 1969; Степанян, 1969; Абдусалямов, 1973.
ШИЛМУШ
Garrulax bilkevitchi (Vigors, 1831) Қатори
Гунҷишкшаклҳо – Passeriformes Оилаи
Тимелияҳо ‒ Timelidae Мақоми ҳифз
Намуди осебпазир. VU.
Паҳншавӣ
Дар нишебиҳои ҷануби қаторкўҳи Ҳисор (аз кўҳҳои Бойсун то саргаҳи дарёи Кофарниҳон) паҳн гардидааст. Ҳадди шимолии муҳити сукунати он аз ҳудуди қаторкўҳи Ҳисор мегузарад. Ба миқдори нисбатан кам дар нишебии қаторкўҳҳои Боботоғ, Дарвоз ва Пётри I лона мегузорад.
Якчанд мавзеъи хурди лонагузории шилмуш дар қаторкўҳи Ванҷ ва дарёи Шоҳдара низ муайян гаштааст.
Муҳити сукунат
Парандаи хоси кўҳсор аст. Дар нишебиҳои шахсор, гилхок ва санглохи кўҳҳо, ки анбўҳи буттаву дарахтон, ҷангалзори паҳнбарги кўҳиро ба вуҷуд меоваранд, (дар баландиҳои 1000-2800 метр, дар Ҳимолой бошад то 3000 метр аз сатҳи баҳр) сукунат мекунад.
Саршумор
Дар қаторкўҳи Ҳисор нисбатан сершумор аст (хоса дар водии дарёи Кондара ва мамнуъгоҳи «Ромит»). Дар тамоми нишебии қаторкўҳҳое, ки дар ҷунубтари водии Ҳисор ҷойгиранд, ҳамчунин дар нишебиҳои қаторкўҳи Дарвоз ва кўҳҳои Бадахшон шилмуш кам мондааст. Парандаи муқимист, вале вобаста ба мавсим аз ҷое ба ҷое мекўчад. Зимистон миқдори зиёди шилмуш дар анбўҳи буттаву дарахтони дохили дара дар баландии 1100-1200 метр аз сатҳи баҳр гирд меояд.

пешина
аз 256
навбатӣ