Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе андар инҳо мурдосанг биафзоянд. Гоҳе ба истеъмоли доруе чун зарованд эҳтиёҷ биафтад, ки низ дорои хусусияти зудояндагӣ бувад. Бисёр бошад, ки саъфаи миёнаҳол аз молиш додан бо сирко, намак ва ушнони сабз беҳ шуда, бихушкад ва бирезад.
Аз ҷумлаи доруҳои он андар ин дараҷа тӯтиё, иқлимиё, гили қимулиё, қиртоси сӯхта бо сирко, самғи санавбар бо гулнор, сирко ва равғани гул ба шумор бираванд.
Ё аз ҳар кадоми мурдосанг, рими сим, бодоми талхи сӯхта ва «бехи рангрезон» як дирамӣ гирифта, бо сирко ва равғани гул [ба кор баранд]. Бехи савсани осмонгунӣ, чӯби баласон, ошёни ҳалкардаи [магаси ангубин] ва донаи совидаи бон низ ҳамчунинанд. Ё наск ва гили сурхро бо сирко [ба кор баранд]. Низ, бодоми талх ва мозуи сабзро ба ҳам совида, баъди андар офтоб ба қивом овардан аз онҳо бо сирко тило омода созанд.
Гуфтаанд: «Инчунин, харчанги зиндаро гирифта, бо марзангӯш бикӯбанд ва фишурдаи он ва ё як худи рутубати харчангро андар бинӣ афкананд».
Аммо ба ҳангоми саъфаи куҳане, ки бар баданҳои сахт дамида бошад, ба доруҳое чун қалқатор, қалқанд, зоги сурх, зоги навиштанӣ, намак, гӯгирд, симоб, «бехи рангрезон», доруи қиртос, ки бо туполи мис [сохта бошанд] ва дудаи танӯр эҳтиёҷ биафтад. Намак аз ҷумлаи доруҳои ҳам қабзкунанда ва ҳам ҳалкунанда мебошад. Ба мисли мурдосанг ва сафеда низ [эҳтиёҷ бошад]. Сафоли277 хушк аз ҷумлаи доруҳои хушккунандаи қавист ва саргини кабӯтар бошад, аз қабили доруҳои ҳалкунандаи сахт зудояндаву хушконанда ба шумор биравад. Саргини сусмор ва саргини сорҳо ва хусусан гуринҷхори онҳо низ ҳамчунин буванд.
Марҳами зардчӯба яке аз он чизҳоест, ки ҳар гуна саъфаро суд бахшад. Марҳами сурх, ки аз зардчӯба, ҳино, зарованд, пӯсти анор ва мурдосанг бисозанд ва доруе, ки андар боби [саъфаи] хушк ёд хоҳем кард, низ аз ҳамин қабиланд.
Як доруи хуб: бахшҳои баробаре аз гили қимулиё, гӯгирди сабз, хокистари каду ва дилаи ҳанзал бо сирко бигиранд. Ё кашнизи хушки сӯхта, сафоли танӯр ва ҳиноро бо сирко ва равғани гул бигиранд. Инчунин: хокистари чӯби ток, зарованди гирд, гулнор, мозу, ротиёнаҷро бо сирко ва равғани гул бигиранд.
Як доруи бисёр хуб: саъфаро нахуст бо ҷӯшонидаи харзаҳра бишӯянд ва сипас ду дирамӣ туполи мис ва мурр, чаҳор дирамӣ хокаи кундур ва замчи яманӣ ва як дирамӣ зарованд, қалқатор, хокистари ток ва сабрро гирифта, бо сирко ва равғани гул тило кунанд.
Фасли чаҳорум андар доруҳои аз берун гузоштании хосси саъфаи хушк

Намуди дерина ва қавии он эҳтиёҷ ба доруҳои тезе
дорад, ки онро хӯрда, то ба гӯшти дуруст бирасанд. Сипас
онро бо марҳамҳои решҳо, масалан, бо марҳами зардчӯ

ба ва ё бо мурдосанг, сирко ва равғани зайтун муолаҷа кунанд. Аз барои ин тарифизоӣ намудани тан бо ғизоҳо, доруҳои андар бинӣ кашиданӣ, ҳуқнаҳо ва дигар чизҳо судбахш аст.
Як доруи хуб аз барои саъфаи тар ва хушк: ним сукарраҷагӣ равғани бодоми талх ва равғани хардал, як сукарраҷа сирко, се мисқолӣ шиёфи момисо ва мозу, як мисқол филзаҳра ва ним мисқолӣ зардчӯба ва бураро гирифта, доруҳоро бисованд ва бо ҳар ду равған ва бо сирко аз тариқи совидан нек биомезанд. Сипас онро барои ҳар гуна саъфа, гар, шупуш, парюн, рехтани мӯй, «бемории рӯбоҳ» ва сабӯсаи сар ба кор баранд.
[Реши] балхӣ аз ҷинси саъфаи бад аст ва бошад, ки газидани ягон чизе чун хомӯшаки палид сабабгори он бигардад. Илоҷи ин мисли ҳамон илоҷҳост.
Як доруе аз мо, ки қавист [ва озмудашудаи сахт судманд аст]:278 аз зарованд, зангор, уша, муқл, хардал ва зог бахшҳои баробар гирифта, бо равғани гандум, як чанди он сирко ва андаке ангубин ҷамъ созанд ва ба кор баранд.
Фасли панҷум андар баёни парюн

Парюн аз саъфа, хусусан аз саъфаи хушк, чандон тафовут надорад, вале бо як чизи ноаёне аз он фарқ кунад.
(289) Бинобар он мумкин аст саъфаи хушк парюни бисёр палид, бад, хӯранда ва сахт нишаста бошад. Сабаби парюн ба сабаби саъфа наздикӣ дорад ва он [фазлаи] обии сӯзонандаи тезе бувад, ки бо вай моддаи ситабри савдовӣ низ омехта шуда бошад, вале ин ситабртар аз моддаи гар бувад. Аз ҳама зуд он парюне беҳ шавад, ки бахши тунуки моддаи он ғолибтар бошад.
Бархе аз парюн тари хунӣ буда, ба ҳангоми хоридани он тарӣ падид ояд ва ин намуд некфарҷомтар бувад. Бархе аз он хушк буда, бештари ин намуд аз сабаби балғами шӯре падид ояд, ки аз тариқи сӯзиш савдо гардида бошад. Бархе аз парюн ба иллати шиддати хушкӣ ва бисёр фурӯ нишаста будан пӯстафкан бошад. Ин гуна парюн мисли бараси сиёҳ ва мисли хушкрешӣ бувад. Бархе аз он ғайри пӯстафкан бошад. Бархе аз парюн хазандаи палид ва бархе истода бувад. Низ бархе аз парюн нав ва бархе музмин аст ва ин бемории хазонист.
Фасли шашум андар илоҷи парюн

Парюн андар асли муолаҷа ба доруҳое эҳтиёҷ дорад,
ки ҳалкунандагӣ, бурандагӣ, гудохтан ва латиф сохтанро бо таскин додан ва тар сохтан андар хеш ҷамъ карда
бошанд. Бахши якуми инҳо ба ҳасби моддаи ситабр ва
бахши дуввум ба ҳасби моддаи тези тунук бувад. Ба ҳасби ғолибият додани яке аз ин ду ҳолатҳо эҳтиёҷ бад-он
аст, ки ба яке аз ин ду тадбир ғолибият дода шавад. Девча сар додан яке аз беҳтарин доруҳои парюн аст. Аз барои пок сохтан, аз паси он ба қадри тақозои мушоҳада ба
кор бурдани оби панир, ғизо додан, тарифизоӣ кардан
[146] ва тадбири [ғизоии] тариоваранда ба кор бурдан ба
он [чорабиниҳое] эҳтиёҷ бошад, ки ба ҳангоми [саъфа]
низ бад-онҳо эҳтиёҷ бувад. Гармоба ҳам яке аз беҳтарин василаҳои муолаҷаи он аст. [Беморро] гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки аз ҳавои хушк дурӣ ҷӯяд.

пешина
аз 1215
навбатӣ