Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Инчунин: зог, қалқанд ва мозуро совида, бо сиркои савод маъҷун созанд. Сипас андомро андар офтоб молиш диҳанд ва аз ин якчанд бор тило кунанд. Ин ранг поянда аст.
Низ: шитараҷи сиёҳ, рими оҳан, зоги кафшгарон, зангор, рӯяни рангрезон ва пӯсти анорро гирифта, бо сиркои хамрӣ то сиёҳ шудан бисованд ва якчанд бор тило кунанд.
Ғизоҳои худованди ин иллат аз гӯштбирёнҳо, қаляҳо, таомҳои тобагӣ ва кабобҳои [гардоне] иборатанд, ки аз гӯштҳои сабук ва бо гармдоруҳо сохта бошанд. Танҳо ба шароб кифоят кунанд ва агар битавонанд, аз об тамоман бипарҳезанд ва ё аз он камтар ба шакли ҷӯшонида ва омехта бо шароб ба кор бибаранд.

Фасли чаҳордаҳум
андар илоҷи бараси сиёҳ

Ин айни муолаҷаи баҳаки сиёҳ аст, вале ба ҳангоми ин ба бештар тарифизоӣ намудани тан ва истифроғи қавитаре эҳтиёҷ биафтад. Сипас доруҳои назар ба [доруҳои] баҳаки сиёҳ бештар зудояндаро ба кор баранд. Гоҳе худованди онро чунин иттифоқ афтад, ки аз ҷимоъ суд бинад.
(287) Аммо гармоба аз барои ӯ бисёр судманд аст. Агар ин [беморӣ] шиддат ёфта, ба ғоят бирасад, онро бо илоҷи ҷузом муолаҷа кунанд.

Мақолаи севвум
АНДАР БАЁНИ ОН ЧИ КИ ПӮСТРО, НА РАНГИ ПӮСТРО,
ОРИЗ БИГАРДАД
Фасли нахустин
андар баёни
саъфа, ширина, реши балхӣ ва бутм

Мо мегӯем: Саъфа аз ҷумлаи табишҳои решӣ аст, вале чунин одат шудааст, ки андар бештари китобҳо онро андар зимни бобҳои оростагӣ ёд кунанд. Саъфа нахуст ҳамчун табишҳои хоришноки ноаён ва андар якчанд ҷой пароканда оғоз ёфта, сипас ҳамчун решҳои хушкрешаӣ реш шавад ва ба сурхӣ бизанад. Бошад, ки аз он зардоб битаровад ва ин гуна [саъфаро] «ширина» ва «саъфаи тар»
хонанд. Бошад, ки ҳамчун парюни хушк оғоз ёбад. Саъфа аксар вақт андар зимистон дама кунад ва зуд биравад.
Сабаби саъфа рутубати бади тези хӯрандаи омехта бо хун ва инчунин хилтҳои ситабри баде буванд, ки [145] бахши ситабри онҳо банд гардида, омос оварад ва бахши тунуки онҳо паҳн бигардад. Сабаби намуди хушки он хилти савдовии бисёре бошад, ки бо он рутубати сӯзонанда омехта шуда, ба сӯи пӯст бизанад ва онро табаҳ сохта, бихӯрад.
Аммо [реши] балхӣ ҷинси саъфаи бад аст. Бутм бошад, решҳои савдовиест, ки аз сабаби худи моддаи даволӣ андар соқ падид оянд. Илоҷи ин ба илоҷи [даволӣ] наздик аст.
Фасли дуввум андар илоҷ

Илоҷи ин ба илоҷи парюн наздик аст ва мо онро баъд ёд хоҳем кард. Лекин ҳоло мегӯем: аз барои саъфаи хушк истифроғи хилти сафровӣ ва савдовӣ ва балғами шӯр бо ёрии, масалан, ҷӯшонидаи ҳалила бо афитимун, ки андар он сабр ва маҳмуда афканда бошанд, судбахш аст. Баъд аз ин доруеро ба кор бибаранд, ки [хилтҳои] боқимондаро баробари тарӣ овардан пок созад. Мисоли ин [дору] оби панир бо шоҳтараи сабз буда, аз ҳар ду якҷоя як ратл бигиранд ва бо онҳо се дирамӣ ҳалилаи зард ва сиёҳ, ду дирам афитимун ва ду донг намаки нафтӣ биомезанд.
Сипас баъди он танҳо ба оби панир ва афитимун кифоят кунанд ва агар табиат таҳаммул кунад, ҳар рӯзе сиҳ дирам оби панир ва якуним дирам афитимун ба кор бурда, ба ифрот роҳ надиҳанд, вагарна ба қадри таҳаммули табиат [истеъмол кунанд]. Бояд аз ҳар гуна чизи ба ифрот

ширин, хусусан хурмо ва ё чизҳои талх, ё тез ва ё шӯр парҳез кунанд ва танҳо ба [истеъмоли] чизи бемазаи зояндаи хилти солими бе сӯзандагӣ кифоят кунанд. Танро бо ёрии гармоба ва ғайра ба таври муътадил тарифизоӣ намоянд. Агар ба задани раг бисёр зарурат биафтад, рагҳои ҳар ду даст ва ё он рагеро бизананд, ки бад-он андом расонандаи хун бошад. Масалан, ба ҳангоми саъфаи андар сар буда раги пешонӣ, раги андар пӯсти сар буда ва раги паси гӯшҳоро [бизананд] ва [саъфа аксар вақт бар сар падид ояд. Ҳиҷоматро низ аз барои оне ба кор баранд, ки андар сар ҷой дорад. Вале агар [саъфа] андар андомҳои фурӯсӯвин ҷой дошта бошад, софин бизананд.
Ҳар гоҳ чунин кардӣ, саъфаро бисёр қавӣ ва ба андозае бихор, ки хуншор шавад ва бикӯш, ки аз он хуни бисёр бирезад. Сипас онро бо доруҳои аз берун гузоштанӣ муолаҷа кунанд, хусусан агар баъд аз хуншор кардан бо намак ва сирко молиш дода бошанд. Намуди хушки онро гоҳе думодум гармоба кардан, аз ғайри он ки андар гармоба бисёр нишинанд ва андар рӯзе якчанд бор доштани андом бар бухори оби гарм ва ё нимгарм суд бахшанд.
Равғанҳо ва пиҳҳо, бо ғизо тадбири тарифизоӣ кардан, равғанмолӣ намудан ва ба кор [бурдани] доруҳои андар бинӣ афканданӣ [низ судбахшанд]. Ба ҳангоми истифроғ намудан аз барои [саъфа] ба доруҳое эҳтиёҷ бошад, ки савдоро ба таври қавӣ бикананд ва онро ба исҳол оваранд.
Баъди ин оби панирро ба тавре ки ёд шуд, ба кор бибаранд. Ба маҳалли наздики [беморӣ] девча ниҳодан бад нест.
Сипас, пеш аз истеъмоли доруҳои аз берун гузоштанӣ аз хоридану хуншор кардани [саъфа] чора нест. Гурӯҳе чунин тасдиқ кунанд, ки хуни [саъфа], ки аз тариқи задани раги бад-он наздик, масалан, ҳангоми саъфаи сар аз тариқи задани раги паси гӯш гирифтаанд, илоҷи он ба шумор биравад ва онро ҳамчун тило ба кор бурда, сипас бо оби чугундар ва зог бишӯянд.
Фасли севвум андар доруҳои аз берун гузоштании саъфаи тар

Мисоли ин барои саъфаи нав оғоз ёфта ва барои оне,
ки андар тани тармизоҷ ва баданҳои кӯдакон баромада аст, ҳино, ё васма бо мозуи (288) сӯхта ва бо равғани дунба, ки ба ғоят санҷидашуда аст ва ё доруҳое мебошанд, ки аз чизҳои қабзкунандаи хушкиоваранда, масалан, аз пӯсти анор бо сиркои хамрӣ ва равғани гул сохта шудаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ