Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли бисту дуввум
андар илоҷ

Агар имконият бошад, онҳоро аз тариқи пайваста андар оби гарм гирифтани пой ва бо равғанҳову пиҳҳо, хусусан бо пиҳи буз ва гов ва бо мағзи устухони андаке бо мум қивомдода равғанмолӣ кардан бартараф кунанд. Хусусан равғани беданҷир ва равғани почаи [гӯсфанд] низ ҳамчунин буванд ва равғани чинӣ ба ғоят хуб аст. Равғане, ки ба ҳангоми бар оташ доштани дунба бичакад, низ сахт хуб аст. Ҳино хусусан ба тариқи маъҷун бо ҷӯшонидаи испанд хуб аст ва шираи ангур ҳам хуб бувад. Чун бо инҳо муолаҷа кунанд, суде набахшад ва ба пур кардани кафидагиҳо бо доруҳои часпонанда эҳтиёҷ биафтад, чунон ки гоҳе баъд аз гармоба кардан ва андар оби гарм ниҳодани пойҳо ҳамин гуна муолаҷаро ба кор бибаранд, андар ин ҳол бояд андар [кафидагиҳо] касирое биафкананд, ки аз тариқи кӯфтану совидан онро мисли гард сохта бошанд. Ин доруи шигифтовар аст. Инчунин: мум, равғани кунҷид, сақизи хинҷак ва майъаи равонро гирифта, ба ҳам ҷамъ созанд ва андар [кафидагӣ] биниҳанд. Ин [таъсири] аҷибе бахшад. Низ, қатрон бо кунҷиди кӯфта сахт аҷиб аст.
Кундури бо равғанҳо ва пиҳҳо совида сахт суд дорад. Тило кардани харчанги сӯхта, ки бо равғани зайтун совида бошанд, низ ҳамчунин буда, аз барои кафидагиҳои даст судбахштару зудтаъсир аст.
Ё дилаи пиёзи унсулро гирифта, андар равғани зайтун биҷӯшонанд ва андар он сақизи хинҷак гудохта, сипас бар кафидагиҳо биниҳанд. Сақизи хинҷак ба танҳоӣ бо равғани зайтун низ ба ғоят хуб аст. Инчунин як хамирест, ки онро аз орди беданҷири бо каме об совида омода созанд ва бар пошнаи пой бичаспонанд. Кунҷораи худи беданҷир аз барои [кафидагии] деринаи решшуда хуб аст. Ё аз мурдосанг, мум, равғани зайтун ва ангубин ба андозаи баробар гирифта, аз онҳо як чизи қивомноке бисозанд. Ё харчанги рӯдиро бо равғани кунҷид биҷӯшонанд. Инчунин, дурди равғани зайтун, пиҳи ғоз ва сақизи хинҷакро гирифта, [ба кор баранд].
Як илоҷи хубе, ки аз мост: касироро гирифта, мисли гард бисованд ва сипас ба андозаи ними вазни он бехи баспоя, се чанди [касиро] аз ҳар кадоми каҳрабо ва кундури совида ва ду чанди [касиро] сақизи хинҷак гирифта, ҳамаро бо равғани беданҷир ҷамъ созанд ва ба кор баранд.
Мо мегӯем: ҳар кӣ пошнаи пойро ҳар шаб бе фосила равған кунад, аз [кафидан] андар амон бошад.
Фасли бисту севвум андар баёни кафидагиҳои даст

Инро бо илоҷҳои сабуки кафидагиҳои пой дармон кунанд.
Фасли бисту чаҳорум андар баёни кафидагиҳои миёни ангуштон

Инҳоро бо ҳамон илоҷҳо муолаҷа кунанд, вале чизи бад-инҳо хос ин аст, ки онҳоро бо бехи баспояи мисли гард совида зимод кунанд.
Фасли бисту панҷум андар баёни реш шудани нишастгоҳ

Гоҳе нишастгоҳро ва хусусан нишастгоҳи беморонро

чунин ориз бигардад, ки ба сабаби бисёр бар пушт хобидан нахуст сурх шуда, сипас бикафад ва ё реш шавад.
Бинобар ин ҳар гоҳ ки он ба сурх шудан оғоз кунад, бояд
бар пушт хобиданро тарк кунанд ва доруҳои пасгардонандаи [моддаро] ба кор бибаранд. Аммо барои беморон фаршеро ба кор баранд, ки масалан, аз баргҳои аз шохаҳо ҷудокардаи бед, ё аз говарс ва ё аз пар сохта бошанд.
Ҳамаи инҳоро андар карбоси нарм ва ё ягон чизи шабеҳи карбос оганда созанд. Агар реш шавад, марҳами сафеда [ба кор баранд].
(297) Фасли бисту шашум андар баёни бӯи бади пӯст, зери бағалу буни рон, пешоб ва бироз

Бӯй ба сабаби гандидани хилт ва ё арақ табаҳ шавад ва гоҳе [омилҳои зерин] бад-он ёварӣ кунанд: ҳаракатҳое, ки хилтҳоро ба ташвиш оваранд; ғусл накардан аз ҷанобат ва ҳайз ва ба таъхир монондани он; ва хӯрдани масалан, ҳулба ва он чизҳое, ки хосияти моддаҳои тезро ба зоҳири тан рондан доранд. Оид ба бадбӯии даҳон бошад, гуфта омад.
Фасли бисту ҳафтум андар илоҷи табоҳии бӯи пӯст ба таври ҳамагонӣ

Хилтро бо истифроғ ва мизоҷро бо табдил додан ба ислоҳ оваранд, чизҳое бихӯранд, ки ҳам ба кайфият ва ҳам ба камият хуб гуворида шаванд ва андар гармоба ва ғайри он [танро] покиза кунанд. Бар ношито чизе бихӯранд, ки хусусияти хушбӯй кардани арақро дорад. Мисоли ин салиха ва кабобаи хурддона ва инчунин карафс, кангар, морчӯба ва ҳар гуна чизе мебошад, ки тозонандаи пешоб ва аз уфунат поксозандаи хун бувад. Лекин бархе аз инҳо, масалан морчӯба, пешобро бадбӯй кунад. Яке аз тадбирҳои андар ин бобат судбахш ин аст, ки оби зардолуи хушбӯй таркарда биошоманд ва [хӯрдани] худи зардолу низ ҳамчунин бувад. Бар тан, масалан, [доруҳои] зеринро тило кунанд: оби мӯрд; обе, ки андар он замчи яманӣ гудохта бошанд; майсавсан; ва ҷӯшонидаи сисанбар, пудинаи бӯстонӣ, пудина, марзангӯш, барги себ ва барги бед. Ҳамчунин, [бар тан чизҳои зерин] бимоланд:
мӯрди суда; хусусан сандал; мушки замин; шукуфаи изхир; наи бӯё; сарв; хусусан гул; марзангӯш; шоҳисфарам; ушна; барг ва пӯсти турунҷ; барги себ; ва барги савсан, ки андар ин бобат сахт судманд аст. Қурси гул бо шакар низ ҳамчунин бувад. [150] Низ, аз ҷумлаи чизҳое, ки масомҳоро баста, арақро боз доранд, мурдосанг, тӯтиё, хокистари барги савсан, замч ва монанди инҳо ва инчунин мурр, сабр, равғани мӯрд ва равғани гул ба шумор бираванд.
Фасли бисту ҳаштум андар ганди бағал ва илоҷи он

Гурӯҳе аз мардумон чунин тасдиқ кунанд, ки гӯё бӯи бади бағал боқимондаи осори маниест, ки ин одам аз он офарида шудааст ва он асарҳо андар ноҳияҳои бағал воқеъ шуда, аз тариқи масомҳои пӯст берун оянд. Ин ақида на аз қабили чизҳоест, ки бад-онҳо боистӣ бовар кард.
Агар ин [бадбӯиро] ба бухори моддае, ки андар инсон ба манӣ табдилёбанда аст ва ба ҳаракати он андар [тан] нисбат бидиҳанд, аз ҳама беҳтар хоҳад буд.

пешина
аз 1215
навбатӣ