Қонуни тиб

Аммо муолаҷааш бад-ин гуна аст: баъд аз поксозӣ,– агар бад-он эҳтиёҷ бошад,– бояд онро бо тӯтиё, бо мӯрдосанги парварда, бо қалимиё, бо хокистари мӯрд ва бо обе муолаҷа кунанд, ки андар вай замч ҳал карда бошанд.
Гоҳе ба ин доруҳо сандал афкананд ва кофур биомезанд.
Як қурси хуб: аз ҳар кадоми сандал, салиха, сукк, сунбул, замч, мурр, сода ва гул як бахшӣ, аз тӯтиё ва мурдосанги сафедкарда се бахшӣ ва аз кофур ним бахш гирифта, аз онҳо бо гулоб қурс бисозанд ва баъд аз хушконидан ба кор бибаранд.
[Як қурси] дигар: аз гули сурх, сукк, сунбул, мушки замин, мурр ва замч даҳ [бахшӣ] гирифта, бо гулоб қурс созанд ва ҳамчун олуданӣ ба кор баранд.
Як хокае, ки танро хушбӯй созад ва худовандони мизоҷҳои гармро суд бахшад: аз ҳар кадоми мушки замин, сода, шукуфаи изхир ва майъаи шомӣ, ки он лабании анор аст, даҳ драхмигӣ ва аз гули хушк ва сарнавдаҳои мӯрд бист драхмигӣ гирифта, мушки замин, шукуфаи изхир ва содаро бо шароби райҳонӣ тар кунанд, бихушконанд, бисованд ва сипас бар онҳо гул ва сарнавдаҳои мӯрдро баъди совидан биафкананд. Баъд заъфаронро бо гулоб бигудоз ва бо доруҳои боқимонда биомез ва андар соя онҳоро хушк бикун. Сипас онро бисов ва баъд аз гармоба кардан бар тан бипош. Нахуст танро аз арақ хуб пок кунанд ва баъд ин доруро бипошанд.
[Як хокаи] дигар, ки бӯи бади арақро бибурад ва барои худовандони мизоҷҳои сард созгор бошад: аз ҳар кадоми сунбули хушбӯй, мехак, ҳамомо, чӯбҳои баласон ва салиха се драхмигӣ, аз қуст, нохуни дев, сунбули ҳиндӣ ва дорчинӣ ду драхмигӣ, аз сарнавдаҳои марзангӯш ва сунбули суриягӣ (298) чаҳор драхмигӣ [ва] лабании анорро бигиранд. [Лабании анорро] бо шароб ҳал кун ва боқимондаро бо оби сисанбар совида, ба ҳамон тарз ба кор бибар.
[Хокаи] дигаре, ки бӯи арақро бибуронад: аз дорчинӣ, сунбули ҳиндӣ, нохуни дев ва қуст ду уқиягӣ, аз гили Буҳайра, рими сурб ва сафедаи шуста ним уқиягӣ, аз дермана ва сунбули румӣ як уқиягӣ ва аз заъфарон ва гули хушк се уқиягӣ гирифта, доруҳои хушкро бо оби мӯрд бисованд, заъфаронро бо шароби райҳонии куҳан ҳал кунанд ва ба кор баранд.
Фасли бисту нуҳум андар сахт бадбӯй будани бироз ва бод ва илоҷи он
Ин ба сабаби гандагии хилтҳо ва ба сабаби хӯрдани чизҳое ба амал ояд, ки ҳамин гуна хосият дошта, мисолашон инҳост: уштурғоз, сир, таратезак, гандано, ангудон ва ангужад. Хояи мурғ низ ҳамчунин аст. Лекин хубгуворишӣ ва хӯрдани чизҳое бадбӯии [бирозро] бибарад, ки гандагиро ба сӯи пӯст ва пешоб бигардонад. Масалан, ҳулба арақ ва пешобро бадбӯй сохта, бадбӯии бирозро нест кунад. Шароби хушбӯй ба шиддат бадбӯй будани бирозро бибарад.
Фасли сиввум
андар баёни бадбӯии пешоб
Сабабҳои бадбӯии пешоб айни сабабҳои бадбӯии бироз аст ва инчунин чизҳои пешобронандае аз қабили морчӯба ва монанди он ҳамин гуна буда, онҳо танро хушбӯй ва пешобро бадбӯй кунанд. Решҳои обгаҳ низ [сабаби бадбӯии пешоб] бигарданд. Илоҷи ин саҳл ва аз қабили чизҳоест, ки донистӣ.
Фасли сиву якум андар баёни шупуш ва ришк
Моддаи таре, ки дорои як миқдор гармист ва ё як миқдор гармӣ ҳамроҳи он шудааст, ҳар гоҳ ба сӯи пӯст ронда шавад, вай мумкин аст аз ҷиҳати тунукӣ ва латифӣ ба ҷое бошад, ки ба таҳлил биравад ва аз он чизе ҳис карда нашавад. Баъди он моддае биистад, ки ҳамчун арақ ба таҳлил биравад, сипас моддае ояд, ки ҳал шуда, ҳамчун чирк бибандад, баъд моддае ояд, ки андар қабатҳои забарини пӯст банд бигардад ва аз он, масалан, сабӯса, хушкранда (гармоб) ва монанди инҳо падид оянд ва баъд аз он моддае биистад, ки аз ҳама амиқтар банд бигардад. Ин модда агар сахт бад бошад, мисли «бемории рӯбоҳ» ва монанди он ва парюну саъфа ба амал оварад, вале агар камтар бад буда, дорои қувваи рим шудан набошад ва на низ гандагии ба ғоят ва зудоянда ба сӯяш зуд нашитобад ва агар модда аз барои пазируфтани зиндагӣ созгор бошад, Бахшандаи зиндагӣ бар он зиндагӣ бидамад ва бинобар он шупушҳо падид омада, биҷунбанд ва ба берун бароянд.
Бошад, ки аз ин [модда] якбора шупушҳои бисёре ба амал оянд. Гоҳе барои зодани шупуш ғизоҳои хубкимуси тунук ва ба сӯи зоҳири тан ҳаракаткунандае чун анҷир ёварӣ кунанд ва аз барои он ҳаракатҳое кумак бирасонанд, ки он [ғизоҳоро] ба ҳаракат оваранд ва хусусан бухори мании бороваранда бо онҳо ҳамроҳӣ кунад. Мисоли ин [ҳаракатҳо] ҷимоъ мебошад. Гоҳе аз барои [падид омадани шупуш] тарк кардани тозагӣ, ғусл ва истеъмоли чизҳое ёварӣ кунанд, ки масомҳои пӯстро бикушоянд ва моддаҳои андар он бандгардидаро ба таҳлил оваранд ва ё барои насиме роҳ кушоянд, ки боздорандаи дигаргунии уфунатӣ ва шабеҳи уфунатӣ бувад. Гоҳе шупушҳо ба дараҷае ғолиб оянд, ки хуни худованди онҳо кам шавад, рангаш зард бигардад, иштиҳояш биафтад, танаш лоғар шавад ва қувваташ ба таҳлил биравад.
Фасли сиву дуввум андар илоҷ
Барои муолаҷаи шупушҳои бисёр таваллудшаванда ва наслашон қатъ намешудагӣ нахуст эҳтиёҷ бад-он аст, ки танро хусусан аз тариқи раг боз кардан пок кунанд, тадбири [ғизоиро] ислоҳ созанд ва [хӯрдани] он чизҳоеро тарк кунанд, ки моддаҳоро ба сӯи берун равона кунанд ва аз ҷумлаи он чизҳое бошанд, ки мо ёд кардем. Сипас доруҳои аз берун гузоштаниро ба кор бибаранд. Чунин [одамро] пайваста гармоба кардан ва покиза доштани тан судманд аст ва агар он мудом нахуст бо оби хуш ва сипас бо оби шӯр шустушӯй кунад, аз ҳама беҳтар хоҳад буд. Бояд ҳамеша ҷомаҳоро иваз кунад ва ҳариру катон бипӯшад.
Гоҳе чун доруҳоеро аз қабили сир бо ҷӯшонидаи пудинаи кӯҳӣ биошоманд, шупушҳоро бикушад. Аммо до руҳои аз берун гузоштанӣ бошанд, бояд онҳо хушксозанда, ҳалкунанда ва ба сӯи берун кашанда буванд, вале агар ҳол бештар хатарнок бошад, эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки бо онҳо қувваҳои заҳрӣ биомезанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор