Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Агар чунин корҳоро зуд ба амал оварад, андар ниҳодани он бар андом чандон муболаға накунанд, балки зуд бикананд. Гузашта аз ин гоҳе кандани он ба ҳоле кифоят бошад, ки чун гарм ниҳоданд, сард бигардад. Гоҳе агар пеш аз зифт молиши тез, дурушт ва сахт ба кор бурда, сипас зифтро тило кунанд, судманд бувад. Ё бо чӯбчаи наи рости бегиреҳ ва хусусан равғанкарда якчанд бор то сурх шудану дамидани [андом] бизананд ва сипас бас кунанд, зеро бисёр молиш додану задан боиси таҳлил бигардад. Баъд аз он зифтро ба таври муътадил бар оташ гарм карда, бичаспонанд ва ҳар гоҳ ки афсурдаю сард шуд, якбора онро рабуда бикананд. Аз ҳама беҳтар он аст, ки пеш аз зифт бар андом оби моил ба тафсонӣ ва каме сӯзонро бирезанд ва сипас зифт бичаспонанд.
Обҳои гӯгирдӣ ва мумиёгӣ низ ғизоро ба зоҳири тан бикашанд. Ҷолинус гуфтааст: «Ман ғуломфурӯшеро дидам, ки бо ҳамин гуна тадбир ғуломи лоғарро фарбеҳ мекард ва ба рӯзгори андаке бузургдунбаву фарбеҳсурин мешуд», Ҳар кӣ зифт написандад, ба ҷои он яке аз равғанҳои суддаовари каме ҳароратнокро ба кор барад. Агар бар рехтани оби сард бар тамоми тан ва ё бар андом таҳаммул дошта бошад, бояд чунин кунад ва беҳтарин вақт аз барои ин кор ҳангомест, ки доруи олуданӣ андар ғизои кашидашаванда таъсир карда, қувват қариб онро ба хун табдил дода бошад.
Набояд аз муолаҷае гурезон буд, ки дер давом кунаду суд набахшад, балки бояд пайваста бо пора молиш диҳанд, оби гарм бирезанд ва сипас бо даст молиш дода, баъд аз он зифт бичаспонанд. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки хунро аз ғайри молидан, балки бо ёрии доруҳои сурхкунанда бикашанд. Мисоли инҳо оқирқарҳо ва гӯгирд ва ё софсиёст.
Аз миёни андомҳо бархе мумкин аст аз барои фарбеҳ шудан беш аз миқдори ҳамешагӣ ба ғизо эҳтиёҷ дошта бошанд, зеро ғизо андар онҳо беш аз миқдори одатӣ ҳал шавад ва хосса молиш онро ба таҳлил бибарад, ҳол он ки фарбеҳиро эҳтиёҷ бад-он бувад, ки ғизои зиёдатӣ боқӣ бимонад.
Акнун доруҳои хӯрданӣ ва ҳуқнаҳоро баршумарем.
Ба ҳангоми истеъмоли доруҳои хӯрданӣ ғараз аз қувваҳои онҳо ин аст, ки ғизоро бигуворанд, бо қувваи нигоҳдорӣ онро андар меъда ва рӯдаҳо андаке нигоҳ доранд ва сипас аз тариқи рагҳо ба сӯи ҷигар бигузаронанд. Доруҳои пешобтозонандаи муътадил, хусусан агар онҳоро бо таом ва муддате баъд аз таом бихӯранд, чунин кор кунанд. Сипас эҳтиёҷ бад-он бошад, ки ғизо андар андом афсурда гардонида шавад ва чунин корро доруҳои сардиоварандаю карахткунандае аз қабили банг ва монанди он ба амал оваранд. Хосият бузургтарини қувваҳост.
Аз ҷумла [як дору] барои касони муътадил: бодом, фундуқи сафедкарда, сақиздона, писта, шаҳдона ва чилғӯзаро гирифта, бо ангубин биомезанд ва фундуқҳои як ҷавзагӣ созанд. Ҳар рӯзе аз панҷ то даҳ ҷавза аз онро истеъмол намуда, аз болояш шароб биошоманд. Ин танро фарбеҳ кунад, рангро беҳ созад ва боҳро қувват бахшад.
Инчунин: як маккук орди (302) сафед ва панҷ уқия анзарутро гирифта, ҳар дуро то серравған шудан андар

равғани гов биолоянд ва аз он қурсҳо сохта, пагоҳу бегоҳ бихӯранд. Ё аз бодом, фундуқи сафедкарда, сақиздона, кунҷид ва хашхош ба қадри баробар, аз касило ним бахш ва аз пониз якчанди ҳамагон гирифта, ҳар пагоҳӣ ва ҳангоми хуфтан то бист дирам ба тариқи кӯфта бихӯранд.
[Як дору] аз ал-Киндӣ: чаҳоряк кайлча аз [донаи] сергӯшти сафедкардаи беданҷир гирифта, нарм бисованд, бар вай ду ратл шири навдӯшида бирезанд, бо миқдори ҳар чи бештари орд хуб бисириштанд, аз он қурсҳои парзадаи якуним уқиягӣ сохта, [ҳамчун нон] бипазанд ва хушк кунанд. Ҳар рӯз ду қурсро кӯфта, бихӯранд.
Як тадбири хуб аз барои лоғарие, ки ба сабаби [хӯрдани] гил, суддаҳои ноҳияҳои ҷигар ва зардоби шикам (суфор) падид ояд: мавизи хубро бигиранд ва чаҳор баробари вазни он бар вай об рехта, то ним шудани [об] биҷӯшонанд. Сипас, ба ҳар як қафиз мавиз ду ратл рими оҳан, як каф нонхоҳ, як каф шакар ва як каф саътар афкананд. Ҳар гоҳ ин [маҷмӯъ] ду-се рӯз дамида, биҷӯшад, биполанд ва бар ношито миқдори як ратли онро ошомида, баъди се соат бо комаи кабар ва гандано нон бихӯранд, аз болои он ба қадри як ратл набизи қавӣ биошоманд ва сипас чун ҳафт соат бигузарад, гӯшти фарбеҳ бихӯранд ва аз болои он се ратл набизи ситабр биошоманд. Ин [тадбир] андар касони қавимизоҷ таъсири шигифтоваре бирасонад ва рангро хуб кунад.
Ё аз ҳар кадоми самғи гаван,288 тухми хашхош, гавзгандум, баҳман, кабар, каҳрабо, зурунбод ва муғос севу ним дирамӣ гирифта, бикӯбанд, андар равғани гов бирён кунанд ва аз болояш ду ман писти гандум биафкананд.
Сипас ҳар рӯзе то ду дирам аз ин маҷмӯъ гирифта, бо шир, равғани зард ва шакар ошом бипазанд ва онро дам кашида, баъдаш ба таври сабук гармоба кунанд.
Ё панҷоҳ дирам муғос, бист дирам харбақ, чиҳил дирам самғи гаван ва сиҳ дирам зурунбодро гирифта, бибезанд ва боз ба андозаи сеяки ҳамагон нони сафед, сеяк бодоми сафедкарда ва инчунин сеяк шакари сулаймонӣ бигиранд. Ҳар рӯзе аз ин [маҷмӯъ] бист дирам гирифта, андар шири меш ва афшураи ангур, ки ҳар кадом як ратлӣ бошанд, биафкананд ва аз онҳо ошом сохта, дам кашанд.
Доруҳои фарбеҳкунандаи муътадили ба таври пароканда истеъмолшаванда аз инҳо иборатанд: мағзҳо ва кӯфтаҳо; гавзгандум; касило хусусан бо пист, зеро касило изофа ба он дамишоварии пистро бишиканад; канабдона, лекин он андар меъда дер бимонад; зурунбод; ҳар ду намуди баҳман; ҳамаи он чизҳое, ки маниро ба ҷунбиш оваранд, аз қабили балбус, говдона ва лӯбиё.
Яке аз доруҳое, ки ба равиши доруҳои хосиятнок бувад: кирми сиркоро289 гирифта, хушк кунанд, бикӯбанд ва миқдоре аз онро бо пист омехта, биошоманд.
Аз ҳамин қабил [доруҳо] аз барои касони гарммизоҷ. Як тадбири хуб аз барои гарммизоҷон чунин аст:
аз дӯғи мости ширини на чандон баста ва на чандон турушшуда, ки аз барои гузаротару сабуктар будан маскаи онро гирифта бошанд, ба қадри ним ратл гирифта, ба каси лоғар бидиҳанд ва бад-ин ҳол се соат ӯро бидоранд, то дӯғ андар тан нишинад ва сипас бори дигар ҳамин қадар ба ӯ дӯғ ошомонида, ғизо хӯрданро то ба шомгоҳӣ пас бигузоранд. Ба ӯ мурғчӯҷаҳои фарбеҳ бихӯронанд ва агар таҳаммули ошомидани шароби тунуки сафед дошта бошад, низ чунин кунанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ