Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Фасли дуввум
андар илоҷ

Бояд бидид, ки кадом аз сабабҳои лоғарӣ, ки мо ёд кардем, ҷой дорад ва онро муолаҷа намуда, бартараф кард.
Масалан, агар ғизо хуни ситабри қавӣ намезоида бошад, ғизое бидиҳанд, ки чунин [хун] бизояд, вале набояд ба ғизое кифоят кард, ки танҳо хуни сутуда бизояд, зеро бошад, ки он хуни тунуки ҳалшаванда бизояд. Агар қувваи кашанда андар андомҳо ланҷ бошад, онро ба ҷунбиш оварда, қавӣ бисозанд. Ба бадмизоҷӣ бингар ва агар ҷой дошта бошад, онро дигаргун бигардон. Молиш додан баробари аз хоб хестан яке аз василаҳоест, ки қувваи кашандаро ҳушёр кунад. Гоҳе чунин эҳтиёҷ биафтад, ки агар ду тараф аз ҳам фарқ кунанд, ғизоро аз як тараф боз доранд ва ба тарафи лоғар равона кунанд. Масалан, агар як даст лоғар ва дасти дигар фарбеҳ бошад, Бояд дасти фарбеҳро аз фурӯсӯ оғоз карда, ба таври начандон сахту дардовар, балки ба андозае сахт бибанданд, ки танҳо тангӣ оварад ва ғизоро гузаштан намонад. Ин [ғизо] ба маҳалли тақсимшавӣ баргашта, аз он ҷо ба сӯи дигар бад-ин гуна кашида шавад, ки қувваи кашандаро аз тариқи молиши ғайрихушкиоваранда додан хусусан бо равғани гармкардаи зайтун ва андаке мум ҳушёр созанд. Ҳар бор, ки андом битафсад, [молишро] тарк кунанд ва чун ором шуд, боз аз сар бигиранд.
Агар гузаргоҳҳо баста бошанд, онҳоро бикушоянд ва агар тан сахт афсурда буда, бад-он сабаб масомҳо баста бошанд ва агар сардӣ онро афсурда бошад, аз тариқи тарифизоию гармиоварӣ намудан бо хӯрданиҳои гармкунанда ва ҳаракатҳои баданиву нафсонӣ ва агар гармӣ онро афсурда бошад, аз тариқи сардиоварию тарифизоӣ [танро] ковок кунанд. Беҳтарин тариқаи гарм кардани андоме, ки ба иллати сардӣ фарбеҳипазир нест, он бошад, ки [андомро] нахуст молиш диҳанд ва сипас бар вай чизҳои сурхиоваранда биниҳанд.
Агар сабаби лоғарӣ испурч бошад, испурчро муолаҷа кунанд ва агар сабаби он кирмҳо бошад, онҳоро кушта, берун кунанд. Ҳар як аз инҳоро бо он чизҳое [муолаҷа кунанд], ки андар боби худашон ёд шудаанд. [Беморро] бо нозу неъмат таъмин кунанд, бистарашро нарм созанд, андар соя бинишонандаш, хушҳолаш доранд, хушбӯӣ бизананд ва [ошомиданиҳои] сардаш бидиҳанд. Ҳамаи инҳо қувваи табииро сахт нерӯманд бигардонанд ва андар ғизо тасарруф намудан ва фазлаҳоро рондани он беҳ шавад. Ин модари сабабҳои фарбеҳист.
Аз ҷумлаи тадбирҳои фарбеҳсозанда ин аст, ки агар [бемор] гуворида битавонад, ба ӯ шароби ситабр ва таомҳои хубкимуси қавии устуворе бидиҳанд, ки мисолашон инҳост: ҳарисаҳо; гӯдобҳо; ширбиринҷ; гӯштбирён, ки андар он қувваи гӯшт банд буда, бад-ин сабаб гӯшти сахт бизояд, вале гӯшти обпаз бошад, гӯшти ковоки дамида ва ғайри устувор ба амал оварад; гӯшти мурғобӣ фарбеҳкунанда аст; гӯшти мурғ ҳамчунин бувад; гӯшти кабк ба ғоят хуб аст; ва мағзҳо бо шакар низ ҳамчунинанд.
Баъд аз таом гармоба кардан ғизоро ба шиддат ба сӯи тан бикашад ва фарбеҳкунанда бувад, лекин худованди он хусусан агар таомаш чун таоми касони хоҳони фарбеҳӣ бошад, ба суддае гирифтор ояд, ки андар ҷигар рӯй

диҳад. Бад-ин сабаб андар касоне, ки чунин кор кардан бихоҳанд, аксар вақт санг падид ояд ва аз ҳама бештар ин гуна судда ва санг андар касоне ба амал оянд, ки рагҳояшон ба офариниш танг буванд ва на ҳар касе [ба офариниш] чунин аст. Ҳар гоҳ ин гуна одамон андар бари рост гароние ба ҳис дарёбанд, ба эшон бояд доруҳои маъруферо бидод, ки суддаҳои ҷигар бикушоянд ва пеш аз таом кабар бо сирко ва ангубин ва сикангубини бузурӣ биошомонанд, то гаронӣ биравад.
Беҳтарин гармоба онест, ки баъд аз гувориши нахустин ва фуруд омадани таом бикунанд, вале хӯрдани таом билофосила баъди берун омадан аз гармоба яке аз сабабҳои фарбеҳист. Гармоба аз барои бисёр касон ва хусусан аз барои онҳое, ки ба ҳоле шабеҳи пажмурдагиянд, аҷаб фарбеҳкунандаи хубест! Бояд гармоба кардан ба аввали гувориш, яъне ҳангоме иттифоқ биафтад, ки ғизо ба ҷуз бархе чизҳои муайян дигар ҳама аз меъда фуруд омада бошад. Аз барои касони гарммизоҷ дӯғе [хуб аст], ки аз мости туруш нашуда сохта бошанд.
Яке аз ҳилаҳои фарбеҳ сохтан, чунонки аз ин пеш ёд кардем, ин аст, ки хунро андар андом аз тариқи бастани андоми муқобили андар ҷониби дигар буда банд бисозанд. (301) Агар андом фарбеҳ бошад ва ё агар нахоҳанд, ки фарбеҳ бигардад, онро аз бун, аз он ҷое бо бандина бибанданд. ки аз он сӯ ба вай ғизо бирасад. Масалан, агар соид лоғар ва каф тандуруст бошад. ба наздики хурдаи даст бибанданд. Ё агар бозу лоғар ва соид солим бошад, ба наздики оринҷ аз барсӯи соид бибанданд.
Бархе аз тадбирҳои фарбеҳкунанда онест, ки ба варзиш алоқаманд бувад ва ин иборат аз ҳар гуна варзиши нарми оҳиста буда, ҳамаи онро ба таври муътадил ва баъд аз молидани тези андаке дурушт ва андар сахтию нармӣ муътадил иҷро кунанд. Хусусан молише [хуб аст], ки баробари [аз хоб] бедор шудан ва то ба ҳадди сурх шудани пӯст молида шавад. Баъд аз он ба иътидол варзиш кунанд, ба муддати кӯтоҳ гармоба кунанд, сипас танро пок сохта, молиши хушк бидиҳанд ва баъди он олуданиҳои фарбеҳкунандаро ба кор бибаранд.
Табдили ҳавову об яке аз тадбирҳоест, ки бояд риоя шавад ва бошад, ки лоғарӣ ба сабаби онҳо падид омада бошад.
Аз ҷумлаи чизҳои фарбеҳкунанда доруҳои олуданиест, ки онҳоро баъд аз ҳаракат додани андомҳо ва сурх гардонидани онҳо ба кор бибаранд. Мисоли ин зифти танҳост, ки ё сахт равон бошад ва ё онро андар равған ба қадри равон шудан ҳангоми молидан гудохта бошанд.
Гоҳе онро танҳо бар пӯстпорае ниҳода, бад-ин гуна ба кор бибаранд, ки ба оташ бидоранд, то гудохта бигардад, сипас бичаспонанд ва ҳар гоҳ ки зифт сахт шуд, [пӯстпораро] бигиранд. Зифт ғизоро ба сӯи андом кашида, андар он ҷой банд созад ва агар [лоғарӣ] ба сабаби заъфи қувват ва ё баста шудани масомҳои пӯст бошад, қувваи кашандаро ҳушёр кунад ва сардиро бибарад. Вай [ба ғизо] часпакию сахтӣ бахшад, масомҳоро бар рӯи он бибандад ва [ғизо] то ҳангоми ба як бахши андом табдил ёфтан андар он ҷой боқӣ монда, ҳал нашавад. Инро ба тобистон андар рӯзе, ки ба кор бибаранд, як бор ва андар зимистон [152] ду бор бояд ба кор бурд. Ба ҳангоми аз андом гирифтану мондани он бингаранд, ки оё зуд сур хию дамидагӣ бахшад ва ё дер.

пешина
аз 1215
навбатӣ