Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷумлаи нахустин
АНДАР БАЁНИ
ДОРУҲОИ МУРАККАБЕ, КИ
АНДАР ҚАРОБОДИНҲО
БА ТАРТИБ ОМАДААНД
Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ТАРЁК ВА МАЪҶУНҲОИ БУЗУРГ

Тарёки форуқ

Ин тарёк бузургтарин ва беҳтарини доруҳои мураккаб аст, аз баҳри он ки хусусан аз барои заҳрҳои газандагоне чун мор, каждум ва саги девона ва заҳрҳои ошомиданӣ, аз барои бемориҳои балғамӣ ва савдовӣ ва табҳои онҳо, аз барои бодҳои палид, аз барои фалаҷ, сакта, саръ, лақва, раъша, васваса ва девонагӣ, хусусан аз барои ҷузом ва барас бисёр судбахш аст. (311) Ӯ дилро шуҷоат бахшад, ҳоссаҳоро тез кунад. Иштиҳову шаҳватро биҷунбонад, меъдаро қувват бахшад, нафасгириро осон кунад, хафақон бибарад, хунпартоиро бибандад, аз барои бештари дардҳои гурда ва обгаҳ ва аз бисёр пешобтозонии ҳар ду суд бахшад, сангро об кунад ва аз барои решҳои рӯда ва сахтиҳои дарунии ҷигар, испурч ва ғайри онҳо нофеъ бошад.
[Тарёк] ҳамаи ин корҳоро ба ёрии хосияти сурати хеш, ки тобеи мизоҷи бахшҳои содаи ӯст, ба амал оварда, рӯҳ ва гармии модарзодиро нерӯманд бигардонад ва бо ҳамин табиатро барои кӯшидан бо душманони сарду гарми [хеш] ёварӣ кунад.
Беҳтарин нусхаи ин дору нусхаи аслии Андрумохус мебошад. Бисёре аз пизишкон, масалан, Ҷолинус ва дигарон кӯшиш карданд, ки бад-он чизе биафзоянд ва ё аз он чизе бикоҳанд ва ин на ба муҷиби ягон зарурате буд ва на ба ягон сабаби қавие, ки эшонро бад-ин кор водор карда бошад, балки ба мақсади ном баровардан ва аз барои он [чунин кӯшиш карданд], ки то аз эшон андар ин дору асаре боқӣ бимонад, чунонки аз Андрумохус боқӣ мондааст, вале тақозои хирад он буд, ки ҳар чиро санҷиш фирӯзибахш шиносондааст, дигаргун намекарданд, зеро шояд ин гуна омехтагӣ маҳз бо ҳамин гуна вазн тақозои он хосияте бикунад, ки таҷриба онро ба исбот расонидааст ва агар вазни онро дигар кунанд, чунин хосият аз он барнаояд. Агар касе аз мардумон иддао намуда гӯяд, ки ӯ ба чӣ сабаб муҷиби ин хосият шудани он вазнҳоро медонад, ин иддаои ӯ дурӯғу номақбул буда, мисли ин аст, ки ягон кас даъвои донистани вазнҳои унсурҳои асп, инсон ва ғайри онро карда бошад.
Тарёкро [синни] кӯдакӣ, инкишоф, барноӣ, пирӣ ва марг аст. Вай баъди шаш моҳ ва ё баъди як сол кӯдак бигар

дад ва сипас ба болишу афзоиш пардохта, андар кишварҳои гарм баъд аз даҳ сол ва андар кишварҳои сард баъди бист сол аз инкишоф бозмонад. Баъд аз он даҳ ва ё бист сол бад-ин ҳол боқӣ монда, сипас ё баъди бист сол ва ё баъди чиҳил сол рӯ ба таназзул ниҳад ва баъди сиҳ ва ё шаст сол қувваи подзаҳрии он биравад ва ҳамчун яке аз маъҷунҳое бигардад, ки аз дараҷаи тарёкият пастанд.
Ба касони ҷондор газида бояд аз тоза ва қавии он ва ба касони дигар аз сабуктари он бидиҳанд. Гоҳе ба зарурат ба каси ҷондор газида аз ним мисқол то як мисқол тарёки тоза биошомонанд.
Яке аз санҷишҳое, ки бо ёрии он тарёки тозаю қавиро аз куҳану заиф ва бадгавҳари он фарқ кунанд, чунин аст, ки ба ягон кас доруи исҳол дода, интизор шаванд, ҳамин ки дору исҳол овард, ба ӯ тарёк бидиҳанд. Агар тарёк исҳол бибандад, пас, он тозаи хуб аст, вагарна бад бувад. Яке аз санҷишҳое, ки Ҷолинус ёд кардааст, чунин аст: бояд хурӯси даштиро, ки назар ба хурӯси хонагӣ хушкмизоҷтар аст, ба гумонам ин тазарви нар бувад, бигиранд, бар вай ягон ҷунбандаи зиёнкорро раҳо кунанд ва сипас тарёк биошомонанд. Агар [хурӯс] бизияд, пас, тарёк хуб будааст. Инчунин, [тарёкро] бар касоне имтиҳон кунанд, ки афюн, шавкарон ва ғайра ошомида бошанд. Аммо аз барои беш тарёк кам судбахш аст ва судаш ба андозаест, ки маргро муддате ба таъхир биандозад. Шояд доруи мушк, чунонки бархеҳо тасдиқ кунанд, андар ин бобат судбахштарини ҳамагон бувад. Аммо андозаҳои тарёк, ки ба муносиби ҳар як беморӣ бидиҳанд, бад-ин гуна буванд: Ба ҳангоми сурфаи куҳан, дарди сина ва бар ба андозаи як боқилои мисрӣ ва бо оби ангубин ва ё агар таб бошад, бо гулоб бидиҳанд. Аз барои таби ларзонандаи даврӣ, сармо ва қай андар оғози давраҳо ба қадри як боқилои мисрӣ бо об ва ё бо шароб бидиҳанд, вале [миқдори шароб бояд] на камтар аз се ва на беш аз чаҳору ним уқия бошад. Ба касоне, ки гирифтори қулинҷанд ва дамиши меъда ва печиши ноф доранд, ба қадри як боқилои мисрӣ бо оби ангубин ва ё бо гулоб, чандон ки салоҳ бинӣ, бидиҳанд. Ба каси иштиҳояш афтида низ ҳамин қадар [тарёкро] бо об ва ё бо шароб, чандон ки салоҳ бинӣ, бидиҳанд. Аз барои ярақон ба қадри як боқилои мисрӣ андар ҷӯшонидаи асорун бидиҳанд. Ба ҳангоми истисқо пеш аз таом ба қадри як боқилои мисрӣ аз онро ё ба тариқи холис фурӯ бурдан ва ё андар якуним уқия сиркои омехта бидиҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ