Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ба худованди хунпартоӣ, ки агар ба наздикӣ ба ин иллат гирифтор шуда бошад, то як мисқол бо сиркои омехта бидиҳанд, вале агар дер боз гирифтор бошад, ҳамин миқдор [аз тарёкро] бо ҷӯшонидаи ҳамешабаҳор (сумфутун) саҳару бегоҳ бидиҳанд.
Ҳар киро овоз гирифта бошад, як боқило аз онро бо оби ангубин ва ё рубби ангур биошомад ва ё андар зери забон бигирад. Аз барои решҳои рӯдагон ва исҳоли хунӣ бо оби тутум ва аз барои тангии нафас бо сикангубини унсулӣ ба миқдори камтар аз як уқия биошоманд. Ба ҳангоми саръ нахуст бо он ғарғара кунанд ва сипас аз чаҳоряк мисқол то (312) ним мисқоли онро бо об ва ё сикангубини унсулӣ биошоманд. Ба ҳангоми сардард ва дарди нимсара низ чунин кунанд.
Инчунин, агар онро бо ҷӯшонидаи карафс биошоманд, санги обгаҳ ва гурдаро аз ҳам бирезонад. [Тарёк] ҳайзаро боз дорад ва табиатро бибандад. Ҳар кӣ онро ба ҳангоми тандурустӣ ба кор бибарад, заҳрҳо ӯро зиён нарасонанд, офатҳо андар ӯ кора накунанд ва аз бемориҳои вабоӣ эмин бимонад.
Сифати [тарёк]: чиҳилу ҳашт мисқол қурсҳои исқил, бисту чаҳор мисқол қурсҳои афъӣ, як чанди инҳо қурсҳои андрухурун, мурчи сиёҳ ва афюн, аз дорчинӣ ба як ривоят дувоздаҳ мисқол ва ба ривояти дигар бисту чаҳор мисқол, аз гул дувоздаҳ мисқол, аз ҳар кадоми тухми шалғами баррӣ, сири даштӣ, бехи савсан, ғориқун, рубби ширинбаён ва равғани баласон як чанди [гул], аз ҳар яки мурр, заъфарон, занҷабил, рованд, фантофилун, пудинаи кӯҳӣ, ганданои кӯҳӣ, карафси кӯҳӣ, шоҳисфарами румӣ, қусти талх, мурчи сафед, дорфилфил, диқтомонун, кундур, шукуфаи изхир, сақизи хинҷак, салихаи сиёҳ, сунбули ҳиндӣ ва гесугуна [3] шаш мисқолӣ, аз майъаи равон, тухми карафс, ангудони румӣ, тухми сипандони бобулӣ, нонхоҳ, камозариюс, камофитус, афшураи ҳибуқистидос, сунбули иқлитӣ, сода, му, ҷентиёно, тухми бодиён, гили набишта, қалқатори сӯхта, ҳамомо, ваҷ, тухми баласон, уфориқун (чойкаҳак), фу, самғи [арабӣ], қардамоно, анисун ва ақоқиё чаҳор мисқолӣ, аз тухми газари даштӣ, борзад, мумиёи яҳудӣ, говшир, қантуриюни борик ва зарованди дароз ду мисқолӣ бигиранд.
Вале ба ривояте [дигар] ба ҷои зарованди дароз зарованди гирд омадааст, аз гунди бедастар бошад, ба як ривоят ду мисқол ва ба ривояти дигар чаҳор мисқол [бигиранд] ва гуфтор оид ба сакбина низ ҳамчунин бувад.
Сипас, аз ангубин даҳ ратл ва аз шароби райҳонии куҳан ду қист гирифта, ҳар чи аз инҳо, ки гудохташаванда аст, бигудозанд, ҳар чиро, ки тар кардан лозим аст, тар кунанд, доруҳои хушкро кӯфта бибезанд. Баъд ҳамаро бо ангубин сиришта, андар ҷогаҳи чинӣ, ё арзизӣ ва ё симӣ бигиранд ва он ҷогаҳро пур накунанд, балки барои нафас гирифтани дору як миқдор холигӣ бигузоранд. Маҷмӯи ин доруҳо ба истиснои ангубин ва шароб шасту чаҳор доруст.
Нусхаи дигар: бисту ҳашт мисқол қурсҳои пиёзи унсул, бисту чаҳор мисқолӣ аз қурсҳои афъӣ, қурсҳои андрухурун, мурчи сиёҳ ва афюни хуб, дувоздаҳ мисқолӣ сири даштӣ, гули сурхи хушк, тухми шалғами даштӣ, бехи савсани осмонгунӣ, ғориқун, афшураи савсан, равғани баласон ва дорчинӣ, шаш мисқолӣ мурр, фаросиюн, заъфарон, дорфилфил, занҷабил, пудинаи кӯҳӣ, карафси кӯҳӣ, фантофилун, яъне панҷбарги баррӣ, рованди чинӣ, қус

ти талхи сафед, устухудус, мурчи сафед, мушктаромашир, шукуфаи изхир, сақизи набатӣ, лубон, салиха ва сунбул, чаҳор мисқолӣ ҷентиёно, солосфис, яъне сипандони сафед, лабанӣ, сисолиюс, сунбули иқлитӣ, ки он нордин аст, тухми нонхоҳ, камофитус, камозариюс, ҳибуқистидос,2 сода, анисун, фу, му, тухми карафс, тухми бодиён, гили Буҳайра, қалқатори бирён, ҳамомо, уфориқун (чойкаҳак), ваҷ, донаи баласон, ақоқиё, самғи арабӣ ва қардамоно ва ду мисқолӣ зуфаро, борзад, говшир, сакбина, мумиёи яҳудӣ, қантуриюн, зарованди гирд ва гунди бедастар бигиранд. Гоҳе андар ин нусха доруҳоеро афзудаанд, ки онҳо андар нусхаҳои аҷамиён омадаанд ва онҳо (313) аз пудинаи ҷӯӣ, киё, [ки он мастако бошад],3 касиро, артанисо, зарованди дароз ва тухми банг иборат буда, аз ҳар кадом ду мисқолӣ бигиранд. Маҷмӯи инҳо ба ғайр аз ангубин ҳафтод дору бувад. Ангубин ду чанди [миқдори] доруҳо буда, маҷмӯи он чи ки андар таркиби тарёк бидарояд, ба як ҳазору чаҳорсаду сиву чаҳор мисқол бирасад.
Заъфаронро ҷудогона бисованд, мурр, афюн ва лубонро алоҳида бикӯбанд ва ҳамаи инҳоро як шаб андар тилои пухта тар кунанд. Сақиз ва борзадро бо равғани баласон бигудозанд, қалқаторро ҷудогона бикӯбанд ва сипас дигар доруҳоро кӯфта бибезанд ва ҳамаро бо ангубини кафк баргирифта маъҷун созанд. Ба ҳангоми маъҷун сохтан онҳоро андар ҳован нек бикӯбанд, то ба ҳам биомезанд. Сипас онро андар ҷогаҳи обгинагӣ ва ё чинӣ бардошта, баъд аз чаҳор сол ба кор баранд. Як ошомидании он як дирамсанг ва бо оби нимгарм бувад.
Нусхаи дигар: Аз қурсҳои унсул чиҳилу ҳашт мисқол, аз қурсҳои афъӣ бисту чаҳор мисқол, аз дорфилфил бисту чаҳор мисқол, аз қурсҳои андрухурун бисту чаҳор мисқол, аз гули сурхи хушки кулоҳакҳо барканда, дувоздаҳ мисқол, аз бехи савсани осмонгунӣ дувоздаҳ мисқол, аз бехи ширинбаён дувоздаҳ мисқол, аз тухми шалғами даштӣ дувоздаҳ мисқол, аз сири даштӣ дувоздаҳ мисқол, аз шохаҳои баласон даҳ мисқол, аз дорчинӣ дувоздаҳ мисқол, аз афюн дувоздаҳ мисқол, аз ғориқун дувоздаҳ мисқол, аз равғани баласон даҳ мисқол, аз мурчи сафед шаш мисқол, аз рованди чинӣ шаш мисқол, аз тухми карафс чаҳор мисқол, аз мурри холис шаш мисқол, аз қуст шаш мисқол, аз заъфарон шаш мисқол, аз салиха шаш мисқол, аз сунбули ҳиндӣ шаш мисқол, аз мурчи сиёҳ бисту чаҳор мисқол, аз диқтомонун, ки он мушктаромашир аст, шаш мисқол, аз фаросиюн, шукуфаи изхир, пудинаи кӯҳӣ, кундури нар ва гесугуна шаш мисқолӣ, аз устухудус шаш мисқол, аз фатросолиюн, ки он тухми карафси кӯҳии мақдунӣ аст,4 шаш мисқол, аз мастако, сақизи хинҷак, занҷабил ва панҷбарг шаш мисқолӣ, аз камофитус чаҳор мисқол, аз майъаи равон чаҳор мисқол, аз му чаҳор мисқол, аз ҳамомо чаҳор мисқол, аз нордин, ки он сунбули румист, чаҳор мисқол, аз гили набишта чаҳор мисқол, аз фу ва камозариюс чаҳор мисқолӣ, аз барги содаи ҳиндӣ чаҳор мисқол, аз қалқатори сӯхта чаҳор мисқол, аз ҷентиёнои румӣ чаҳор мисқол, аз анисун чаҳор мисқол, аз афшураи ҳибуқистидос5 чаҳор мисқол, аз донаи баласон чаҳор мисқол, аз самғи арабӣ чаҳор мисқол, аз тухми бодиён чаҳор мисқол, аз қардамоно чаҳор мисқол, аз сисолиюс чаҳор мисқол, аз ақоқиё чаҳор мисқол, аз сипандони сафед ва ҳуфориқун чаҳор мисқолӣ, аз нонхоҳ чаҳор мисқол, аз сакбина чаҳор мисқол, аз гунди бедастар ду мисқол, аз зарованди дароз ду мисқол, аз дуқу, ки он тухми газари даштист, ду мисқол, аз мумиёи яҳудӣ ду мисқол, аз говшир ду мисқол, аз қантуриюни борик ду мисқол ва аз борзад, ки он қинна бувад, ду мисқол гирифта, бо инҳо аз қабили кӯфтан, бехтан ва сириштан бо ангубин он корҳоеро кунанд, ки ёд карда шуданд.

пешина
аз 1215
навбатӣ