Қонуни тиб

Сипас ҳамаро бо ангубин сиришта, нигоҳ доранд ва баъд аз шаш моҳ ба кор баранд. Як ошомидании он ба қадри як бундуқа ва бо яке аз шаробҳои созгор бувад. Андар ин нусха доруҳое омадаанд, ки андар нусхаи Ҷолинус вуҷуд надоранд ва онҳо аз сездаҳ доруи зерин иборатанд: ғориқун, суринҷон, судоби хушк, уша, диқтомонун, асорун, касиро, устухудус, камофитус, шоҳафсар, шохаҳои баласон, мурчи сиёҳ ва муқл. Аммо андар нусхаи Ҷолинус ду доруест, ки андар ин нусха мавҷуд нестанд ва онҳо аз бехи ширинбаён ва намак иборат буванд. Андар як нусхаи дигари ин [дору] як доруе омадааст, ки андар ин нусха нест ва он тухми судоб бувад.
Сифати қуфиюне, ки андар масрудитус ба кор бибаранд
Чаҳор дирам мавизи донааш ҷудокарда, бисту чаҳор дирам сақизи хинҷак, аз гӯргиё ва мурр дувоздаҳ дирамӣ, аз дорчинӣ, муқли кабуд, нохуни дев, сунбули румӣ, салиха, шоҳафсар, мушки замин ва донаи даҳмаст се дирамӣ, аз наи бӯё нуҳ дирам, як дирам заъфарон ва дуним дирам мумиёи яҳудӣ бигиранд. Ин нусха нусхаи Шопур ибни Саҳл12 буда, андар он мумиёи яҳудӣ афзуда шудааст, вале андар нусхаи Ибни Саробиюн13 дуним дирам доршишиғон афзуда шудааст ва андар як нусхаи дигар дуним дирам асорун.
Тарёки Азра14
Дувоздаҳ мисқол ҳамомо, ҳашт мисқол шукуфаи гӯргиё, шаш мисқол оқирқарҳо, сиву шаш мисқол заъфарон,
шаш мисқол дорчинӣ, дувоздаҳ мисқол мурр, аз фатросолиюн, ки он тухми карафси кӯҳист ва дуқу, ки он тухми газари кӯҳии иқлитист, се мисқолӣ, (316) аз касиро
сиҳ мисқол, аз афшураи ҳибуқистидос15 ҳашт мисқол, аз
бехи савсани осмонгунӣ понздаҳ мисқол, аз тухми бодиён шаш мисқол, аз муқли кабуд ҳашт мисқол, аз лубони
сафед бисту ҳашт мисқол, аз гӯгирд шаш мисқол, аз тухми банг бисту ҳашт мисқол, аз салиха нуҳ мисқол, аз тухми хашхоши сафед сиҳ мисқол, аз сунбули ҳиндӣ дувоздаҳ мисқол, аз тухми судоб як мисқол, [5] аз донаи сафедкардаи турунҷ ва тутуми шомӣ ду мисқолӣ, аз тухми
шибит, ҷигари бутемор,16 асорун, қардамоно, уфурбиюн
ва афюн шаш мисқолӣ, аз мурчи сиёҳ сиҳ мисқол, аз гули сурхи хушки кулоҳакҳояш барчида нуҳ мисқол, аз содаи ҳиндӣ дувоздаҳ мисқол, аз равғани баласон бисту
чаҳор мисқол, аз нордини иқлитӣ, ки он сунбули румист
ва унонис,17 ки он шукуфаи ток18 аст, шаш мисқолӣ, аз
барги харзаҳра шаш мисқол, аз локи поккарда дувоздаҳ
мисқол, аз момисо ва мехак дувоздаҳ мисқолӣ, аз шуку
фаи сунбули румӣ се мисқол, аз рованди чинӣ дувоздаҳ мисқол, аз фу шаш мисқол, аз шукуфаи му чаҳору ним мисқол, аз гили қимулиё дувоздаҳ мисқол, аз афшураи артемисиё,19 ки он баранҷосаф аст ва онро «қайсуми даштӣ» гӯянд, бист мисқол, аз бехи коснӣ бист мисқол, аз қусти талх ва ҷентиёнои румӣ дувоздаҳ мисқол, аз барги турунҷ даҳ мисқол, аз қурсҳои андрухурун нуҳ мисқол, аз анисун шаш мисқол ва аз гӯргиё дувоздаҳ мисқол гирифта, ҳамаи ин доруҳоро совида бибезанд, ҳар чи аз онҳоро тар кардан бояд, андар шароби холиси хубгавҳар, ки он асл аст, ё андар ҷумҳурӣ, ё мусаллас ва ё набизи мавиз ва ангубин тар кунанд, сипас якҷоя сохта, бо як миқдори лозимӣ аз ангубини кафкаш гирифта маъҷун созанд. Баъд онро андар ягон ҷогаҳе бардоранд ва мисли тарёки бузург ба кор баранд. Бархе аз пизишкон андар он як миқдор уша биафзоянд ва бархе дигар инро муносиб надонанд, зеро уша меъдаро зиён дорад.
Як нусхаи дигар аз тарёки Азра: аз ҳамомо ва мурр панҷ уқиягӣ, аз оқирқарҳо дуним уқия, аз гӯргиё чаҳор уқия, аз салиха дувоздаҳу ним уқия, аз лабанӣ шашу ним уқия, аз тухми газари даштӣ якуним уқия, аз заъфарон дувоздаҳ уқия, аз карафси кӯҳӣ як уқия ва ду дирам, аз бехи савсани осмонгунӣ ду ним уқия, аз тухми бодиён ва муқл чаҳоруним дирамӣ, аз лубон нуҳ уқия, аз касиро даҳ уқия, аз афшураи ҳибуқистидос20 се уқия, аз донаи сафедкардаи турунҷ як мисқол, аз тухми шибит, ҷигари бутемор ва зардчӯба ду мисқолӣ, аз тухми банг як ратл, аз тухми хашхош ду ратл, аз сунбул нуҳ уқия ва як дирам, аз судоби хушк як уқия ва ду дирам, аз тутум се уқия, аз анисун, асорун ва қардамоно чаҳор уқиягӣ, аз афюн ду уқия ва якуним дирам, аз фурбиюн дуним уқия, аз мурч якуним уқия, аз гул чаҳор уқия, аз сода ва донаи баласон се уқиягӣ, аз балозур дуним уқия, аз лок панҷ уқия, аз дорчинӣ чаҳор уқия, аз му ду уқия, аз сунбули иқлитӣ21 нуҳ уқия, аз гӯгирд чаҳор уқия, аз момисо, рованди чинӣ ва қусти талх чаҳор мисқолӣ, аз барги турунҷ панҷ мисқол, аз қурсҳои андрухурун се мисқол, аз равғани баласон ҳафт мисқол, аз афшураи қайсум, [ки он шувосаро мебошад],22 як ратл, аз хуланҷон ҳафт уқия, аз ҳузаз шаш уқия, аз мехак панҷ уқия ва аз ангубин ба қадри ҳоҷат бигиранд.
Сифати қурсҳои андрухурун, ки андар [тарёки Азра] бидароянд: аз бобунаи сурх, бобунаи сафед, [тутум],23 мурр, анисун, асорун, ушна, наи бӯё ва шохаҳои баласон як бахшии баробарсанг бигиранд ва ҳамаи инҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд, бо шароби софи хубгавҳар, ки он асл аст ва ё бо ҷумҳурӣ, ё (317) мусаллас ва ё набизи мавиз ва ангубин сиришта кунанд, се рӯз паи ҳам бад-ин ҳол гузошта, ҳар рӯз як бор онро биомезанд ва агар лозим ояд, бад-он аз якеи ин шаробҳо миқдоре бирезанд. Сипас қурсҳои як мисқолӣ сохта, андар соя хушк кунанд.
Ин буд тарёке, ки онро Азра сохтааст ва андар ҳама ҳолатҳо, ки ҷойнишини тарёки форуқ бувад.
Тарёки чаҳордору
Аз ҷентиёнои румӣ, донаи даҳмаст, зарованди дароз ва мурр бахшҳои баробар гирифта, бикӯбанд ва бо миқдори кофие аз ангубини кафкаш бардошта маъҷун созанд.
Як ошомиданӣ аз он як мисқол ва бо оби гарм бувад. Гуфтаанд, ки бархе аз пизишкон ба ҷои мурр қусти талх бигиранд. Саҳорбухт24 чунин ҳикоят кунад: ӯ андар як нус хае аз он дида аст, ки як бахш заъфарон низ афзудаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор