Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ин тарёки чаҳордору аз газидагии каждумҳо ва тортанакҳо ва аз бемориҳои сард судманд аст.
Сутиро, ки он «раҳонандаи бузург» бувад

Ин дору ҷомеъи судмандиҳо буда, аз саръ, гижа, сардарди дерина ва раъша судманд аст ва моддаро ба сӯи чашм кашида шудан нагузорад. Гоҳе онро баъди гирифтани оби чашм ба чашм бикашанд ва ин [бемориро] бори дигар боз омадан нагузорад. Агар онро бо оби ангубин биошоманд, аз падид омадани офати чашм, гирифтани овоз, фалаҷ, васваса, дарди дандон, дарди чашм ва дардҳои шуш, сина, бар ва сари устухони паҳлуҳо пешгирӣ кунад. Агар бо оби аспғул ва афшураи садпайванд бидиҳанд, аз хунпартоӣ суд бахшад. Инчунин аз бодҳои меъда ва дардҳои он ва аз ярақон [судманд] буда, рангро тозагӣ бахшад, андешамандиро бибарад ва оруғро бартараф кунад. Агар онро бо ҳуқна бирезанд, решҳои обгаҳ, бемориҳои рӯдагон ва печиши онҳо, омосҳои онҳо ва испурчро шифо бахшад. Вай фазлаҳои гурда ва обгаҳро биронад, андомҳои таносулии мардро нерӯ бахшад ва агар бар онҳо бимоланд, шаҳватро бедор кунад. Аз дардҳои пайвандгоҳҳо, ниқрис ва ташаннуҷ судманд аст ва аз заҳрҳои газандагон ва заҳрҳои ошомиданӣ нофеъ бувад.
Таркиби он: аз салиха ва гӯргиё якуним уқиягӣ, аз гунди бедастар ва фатросолиюн, ки он тухми карафси кӯҳист, понздаҳ мисқолӣ, аз тухми карафс ду уқия, аз сисолиюс як мисқол, аз қуст, дорчинӣ, қурсҳои адрумаъмо,25 майъаи равон ва асорун шаш мисқолӣ, аз анисун даҳ мисқол, аз мурчи сафед дувоздаҳ мисқол, аз дорфилфил чаҳор мисқол, аз сунбул чаҳор мисқол, аз ҳамомо ва заъфарон чаҳор мисқолӣ ва аз афюн даҳ мисқол гирифта, ҳамаи ин доруҳоро баъд аз совидану бехтан ба ҳам ҷамъ созанд, бо ангубини кафк баргирифта сиришта кунанд, андар ҷогаҳе бардоранд ва баъд аз шаш моҳ ба ҳангоми ҳоҷат ба кор баранд.
Сифати қурсҳои адрумағмуво, ки андар «раҳонандаи бузург» онҳоро ба кор баранд: аз ҳамомо, доршишиғон, қуст, наи бӯё, мехак, мурчи сафед ва нонхоҳ се мисқолӣ, аз дорчинӣ, мастако ва заъфарон шаш мисқолӣ, аз фу як мисқол, аз сунбули хушбӯй ва содаи ҳиндӣ ҳафт мисқолӣ ва аз мурр шаш мисқол гирифта, ин доруҳоро баъд аз кӯфтану бехтан ба ҳам ҷамъ кунанд ва бо шароби холис ва ё ғайри он сиришта, қурсҳои хурди якмисқолӣ бисозанд, андар соя хушк кунанд ва ба кор бибаранд.
Бузургдору

Ин яке аз доруҳои бузургу баргузидаи форсиён ва ба ривиши филуниё,26 тарёк ва шалисо аст. Аз барои қулинҷ бениҳоят судманд бувад.
Таркиби он: аз заъфарон ва тухми банги сафед як исторӣ, аз афюн ва уфурбиюн бист дирамӣ, аз сунбул ва лабанӣ ду исторӣ, аз содаи ҳиндӣ ва мехак чаҳор дирамӣ, аз мурчи сафед ду дирам, аз марвориди ношикофта, навшодир, (318) тухми судоби даштӣ, мушк, кофур, қоқула, дорчинӣ ва салиха як дирамӣ, аз қуст ҳашт дирам, аз тухми испанд, оқирқарҳо [6] ва дорфилфил чаҳор дирамӣ, аз сакбина, гунди бедастар ва говшир ду дирамӣ, аз зурунбод, даруна ва равғани баласон ҳашт дирамӣ, ба ҳасби нусхаи сирёнӣ ва аҷамӣ аз мурр чаҳор дирам ва аз кофур низ чаҳор дирам гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд ва би

безанд ва доруҳои тарро андар тилои матбух тар кунанд.
Сипас ҳамаро ҷамъ сохта, бо ангубин сиришта кунанд ва шаш моҳ бигузоранд куҳан бигардад. Як ошомидании он ба андозаи як ҷиллавза ва бо оби нимгарм бувад.
Маъҷуни файласуфон, ки онро «моддаи зиндагӣ» номанд

Ин аз барои фазлаҳои балғам судманд буда, нафсро нерӯ бахшад, шодмонӣ оварад, таом бигуворад, иштиҳо ва оруғ оварад, чунон бошад, ки гӯӣ ҷавонӣ баргардонад, қувваи ҳофиза, хотира ва ҳушу хирад зиёда кунад, забонро кушояд, сардҷимоъӣ бибарад, чакмезак боз дорад, бодҳоро ором кунад, маниро биафзояд, закарро нерӯ бахшад, вораҳоро ҷамъ созад, дандонҳоро мустаҳкам кунад ва дардҳои пушт, пайвандгоҳҳо, тиҳигоҳ ва пешоброҳаро бибарад.
Таркиби он: аз мурч, дорфилфил, занҷабил, дорчинӣ, омула, балила, шитараҷ, зарованди гирди шомӣ, решаҳои бобуна,27 дилаи чилғӯза, андар нусхаи дигар гавзи ҳиндӣ ва сатуриюн, ки он «хояи рӯбоҳ» аст, як уқиягӣ, аз тухми бобуна ним уқия ва аз растании ҳаббу-л-инаб се уқия гирифта, донаҳои сурхмавизро ҷудо кунанд ва бикӯбанд. Баъд, як чанди ҳамаи доруҳо ангубин гирифта, ситабр созанд ва бо он доруҳои мо ёдкардаро маъҷун созанд. Ба ҳангоми ҳама гуна ҳолатҳо аз он ба қадри як гавзи хурд истеъмол кунанд.
Шалисо

Ин доруест, ки пизишкон ба ҳар гуна суд бахшидани он гаравидаанд ва андар таркиби он ҳама гуна аҷоибот ёфт шавад. Вале мо аз он ба истиснои бартараф намудани бастагии забон, ки ба ҳангоми бемориҳо ва истирхои он рӯй диҳад, дигар таъсири бисёре мушоҳада накардаем. Аммо пизишкон гӯянд, ки шалисои бузург аз девонагӣ, бемориҳои сарди савдовӣ ва балғамӣ, фалаҷ, саръ, сакта, лақва, васваса, ҳадису-н-нафс28 (худ ба худ сухан гуфтан), сардард, дарди нимсара, фаромӯшхотирӣ, молихулиё, сардии мағз, раъша ва хафақон суд бахшад, ҷанинро нигоҳ дорад, аз бачапартоӣ, аз чакидани пешоб, дардҳову бодҳои заҳдон, аз истирхои забон, гижа, ғамзадагӣ, аз зиёни саморуғ, заҳрҳо, ширҳои андар меъда басташаванда ва ғайра судманд бувад, аз дарди бандгоҳҳо ва аз ҳамаи дардҳои деринаи сард нофеъ аст. Аз барои ҳар як ҳолат ин доруро бо чизи муносиби [ин ҳол] биошоманд. Масалан: ба ҳангоми сардии сахт бо оби хиёршанбар ва бархе гуфтаанд, ки баръакс, бо хамр судбахштар аст; аз барои суддаҳои дарунӣ бо оби бехҳо; аз барои дардҳои заҳдон бо оби анисун; аз барои дардҳои бологирифта бо оби марзангӯш ва ё бо оби бехи чугундар; аз барои кӯдакон бо равғани бунафша. Ин буд он чи ки пизишкон гуфтаанд. Вале ба наздики ман чунин аст, ки ин доруи серташвиш, таркибаш ғайри мураттаб, сӯзонандаи хуну хилтҳо ва аз қурсҳо дида камтаъсиртар аст.
Таркиби он: [Доруҳои зеринро] бигиранд: аз мушк, кофур ва анбар ду дирамӣ; аз марвориди ношикофта ва заъфарон даҳ дирамӣ; аз зари суда ва сими суда ним дирамӣ; аз ҳамомо, тухми испанд, уфурбиюн, ушнони набатӣ, ушна, тухми карафс, тухми судоб, саргини гови кӯҳӣ, гӯгирди сурх, гӯгирди зард, харбақи сафед, лабанӣ, мушки замин, морчӯба, ки он чӯби ҳалюн аст, решаи исфанд, ки он хардали сафед29 аст, момирон, донаи маҳ лаб, шохаи баласон, ҳазоргашон ва шашбандон30 ду дирамӣ; аз шукуфаи гӯргиё, сода, гавзи бӯё, гунди бедастар, тухми таратезак ва тухми газар даҳ дирамӣ; аз зарнаб,31 киё, зоги кафшгарон, сиёҳдона, (319) саргини рӯбоҳ ва бехи кабар ним дирамӣ; аз абрешими хом, тухми шибит ва бехи он, зурунбод, даруна, занҷабил, ҷентиёно, «забони гунҷишк», намаки ҳиндӣ, оқирқарҳо, бехи марҷон, мумиёи яҳӯӣ, фу ва аспғул чаҳор дирамӣ; аз мехак, сунбул, асорун, қуст, қоқула ва пари сиёвушон ҳашт дирамӣ; аз басбоса ва бехи савсани осмонгунӣ ду дирамӣ; аз собизаки32 хушк бист дона; аз салиха ва чӯби салиха ним дирамӣ; аз шукуфаи гӯргиё даҳ дирам; аз тухми бодиён ва зуфои хушк даҳ дирамӣ; аз саътари форсӣ ва саътари хузистонӣ чаҳор дирамӣ; аз бозовард, гиреҳакҳои коҳе,33 ки андар дохили деворҳо пӯсида бошанд ва рованди чинӣ ҳафт дирамӣ; аз мурчи сафед ва сиёҳ, аз дорфилфил, афюн, зарованди дароз, зарованди гирд ва донаи банги сафед бист дирамӣ; аз гавзи ҳиндӣ ду дираму чаҳор донг; аз шукуфаи бед, решаи хушки коснӣ, ҳавму-л-маҷус, гесугуна, афшураи бехи савсани осмонгунӣ, доршишиғон ва қайсум як дирамӣ; аз ангудони сиёҳ чаҳор дирам ва чоряк; аз шоҳафсар чаҳор дирам ва чаҳор донг; аз мӯи ғул, ангушти зард, гаштбаргашт, ангужади хушбӯй, сакбина ва говшир ду дирамӣ; ва аз хоки чорроҳа чаҳор дирам.

пешина
аз 1215
навбатӣ