Қонуни тиб

Омоси ҷигар: доруи Қиюмои пизишк; қурсҳои зиришк; қурсҳои рованд; ва қурсҳои рузинун.
Сахтии ҷигар: қурсҳои рованд; ва гувориши ангудон.
Сахтии ҷигар ва испурч: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; доруи куркум; ва доруи лок.
Истисқо ва марҳалаи оғози он: тарёк; масрудитус; маъҷуни Ҳурмус; доруи Қиюмо; ва ёраи Аркоғонис.
Бадмизоҷӣ: равғани уфурбиюн; ҳабб; хока; калкалонаҷи Бухтиишӯъ; ва доруи гӯгирд.
(410) Оғози бадмизоҷӣ: амрусиё; доруи куркум; доруи лок; қурсҳои зиришк; доруи Қиюмо; оби бехҳо; ҳабби калкалонаҷ; аз барои [бадмизоҷии] қавӣ низ гувориши Хузистонӣ; шаҳриёрон; панҷнӯш ва он хунро ба ислоҳ оварад; ва як гувориши дигар.
Нотавонии меъда: доруи Қиюмо; марҳаме, ки аз барои нотавонии ҷигар ва меъда аст; гувориши уд, ки ба иътидол гармӣ оварад; намак; хока; ва «доди Худой».
Нотавонӣ ва табоҳии меъда: гувориши Хузистонӣ; доруи кафакие, ки аз барои табоҳии он созгор бувад.
Табоҳӣ ва истирхои [меъда]: равғани Абу Симод;252 маъҷуни Ҳурмус; доруи куркум; як равғани дигар; оби бехҳо; тарёк; масрудитус; [гувориши] Хузистонӣ; тарёки мо; гувориши анбар; қурсҳои «ситора», ки фазлаҳои [меъдаро] биронад; ҳабби калкалонаҷ; ёраи фиқро; [гувориши] зирагӣ; маъҷуни ал-Киндӣ; таркардаи ёра, ки [меъдаро] покиза кунад; хокаи Бармакӣ; сиркои унсул ва сикангубини он; майбиҳӣ; шароби гарммизоҷи себ; инчунин шароби амруд; турунҷи парварда; ва биҳии парварда.
Он чи ки [меъдаро] суд бахшад: гувориши Ҷолинус; ҳама гуна ҳабби устумахиқун; итрифали рими оҳан; ва ғайра.
Истирхои [меъда]: итрифали бузург; итрифали рими оҳан; хокаи Убода; ва равғани морҳо.
Гармии меъда: шароби ғӯраи ангур, ки аз барои ин суд дорад.
Сардии меъда: гувориши уд, ки муътадил аст; равғани домомун; равғани қуст; равғани лола; ҳабб; гувориши ангудон; гувориши панҷнӯш; фандодиқун; [гувориши] Хузистонӣ; шаҳриёрон; итрифали рими оҳан; ва гувориши толисфар, [ки суди намоён дорад].253 Тарии меъда: ёраи фиқро; ҳабби ҳиндӣ; ёраи Ҳиюфуқротис (Гиппократ); итрифал; ва хокаи Убода.
Дарди меъда: маъҷуни тухмиҳо; [маъҷуни] хурмоӣ; доруи ҷентиёно; оби бехҳо; ёраи Андрумохус; гувориши мурчӣ; шаҳриёрон; марҳами қардамоно; ҳабби ҳиндӣ; равғани гул; доруи қуст; гувориши Ҷолинус; маъҷуни Ҳурмус; ҳаббе, ки аз барои дарди шикам хуб аст; зимоди Филағриюс; маъҷуни Аристун; доруи куркум; филуниё; ва маъҷуни пудина.
Бодҳои меъда: сутиро; бузургдору; [гувориши] Хузистонӣ; итрифали бузург; ва равғани нордин.
Омоси меъда: қурсҳои зиришкӣ; қурсҳои алафи гулӯдард; ва равғани мастако.
Сахтии меъда: равғани мастако.
Иштиҳо: гуворишҳо ва калкалонаҷ, ки иштиҳоро қавӣ гардонад.
Иштиҳои сагӣ: яке аз доруҳои он [гувориши] зирагист.
Гувориш:254 тарёк; масрудитус; маъҷуни файласуфон; маъҷуни Қайсар; [гувориши] Хузистонӣ; [гувориши] биҳигии хусусан исҳолбоздоранда; итрифали [44] бузург; маъҷуни мушк; саҷазаниё; [гувориши] зирагӣ;
гувориши анбар; хокаи Аристотолис; як гувориши [дигар]; хокаи [дигар]; гувориши сақиздона; маъҷуни ёқут, ки аз мост; гувориши дигар; турунҷи парварда; як гувориш; ва як гувориши [дигар].
Ҳукак: маъҷуни Қайсар, ки аз барои он бисёр хуб аст; майбиҳӣ; шароби наъно; ва қурсҳои мозариюн.
(411) Қай ва маниши гаштан: қурсҳои Аристумохус; маъҷуни намаки ҳиндӣ хусусан аз барои [қаи] балғамӣ ва савдовӣ; шароби меваҳо хусусан аз барои [қаи] сафровӣ; қурсҳои майбиҳӣ;255 шароби наъно; шароби себ ва шароби олу.
Аз барои маниши гаштан ва ташнагӣ: шароби ғӯраи ангур, қурсҳои кофур ва агар ҳалшавии табиат низ ҷой дошта бошад, қурсҳои табошир суд бахшанд.
Оруғи туруш: [гувориши] зирагӣ; қурсҳои «ситора»; ва [гувориши] мурчӣ.
Бемории испурч: сутиро; амрусиё; калкалонаҷ; маъҷуни тухмиҳо; анақардиё; [гувориши] Хузистонӣ; ва даҳмарсо.
Он чи ки суддаҳои [испурч] бикушояд: бодмуҳраҷ; доруи куркум; доруи гӯгирд; равғани Абу Симод; маъҷуни ёқут, ки аз мост; тиёдаритус; ёраи мо; намак; марҳами қардамоно; хока; ва қурсҳои даҳдору.
Сардии рӯдагон: ҳабб; он чи ки рӯдагонро пок созад; ҳабби устумахиқун, ки аз ал-Киндист; ва ҳабби Бармакӣ.
Қулинҷ ва хушкии табиат: аристун; калкалонаҷ; равғани таратезаки шоҳӣ; равғани беданҷир; фирӯзнӯш; шаҳриёрон; ва [гувориши] хурмоӣ.
Аз барои дарди [қулинҷ]: филуниё; [гувориши] усқуфӣ; [гувориши] биҳигии исҳоловар; гувориши ҳиндӣ; ва гувориши Қайсар.
Он чи ки табиат нарм кунад: ёраи фиқро; маъҷуни ҳиндӣ; шароби олу; андаке масалан аз ҳабби шитараҷ; қурсҳо; ва маъҷуни сир.
Баисҳоловарандагони [хилтҳои] ситабр: ҳабби устумахиқун, ки аз ал-Киндист; як ҳабби дигар аз барои савдо; ҳабби шитараҷ; ёраи Ҷолинус; ҳабби уфурбиюн, ки аз ҷойҳои дури [тан] ва аз асабҳо [хилтро] бикашад; ёраи Филағриюс; гувориши Қайсар; шаҳриёрон; ва ҳабби Ибни ал-Ҳорис.
Бастани исҳол: тарёк; масрудитус; [гувориши] биҳигии исҳолбоздоранда; марҳами ал-Киндӣ; шароби ғӯраи ангур аз барои касони сафровимизоҷ; хока; як хокаи [дигар]; [боз] як хока; намак аз барои касони сафровимизоҷ; доруи кафакӣ; яке аз нусхаҳои панҷнӯш; хокаи Аристотолис; майбиҳӣ; шароби себ; шароби наъно; шароби амруд; биҳии парварда; қурсҳои гулнор; қурсҳои табошир; қурсҳои тухмиҳо; ва қурсҳои даҳдоруи256 Диёсқромотун.
Исҳоли хуну рим: қурси Диёсқромотун; ва қурсҳои гулнор.
Решҳои рӯдагон ва саҳҷ: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; маъҷуни Ҳермес; қурсҳои мо; қурсҳои дигар; асоносиё; доруи Кайқубод; қурсҳои гулнор; қурсҳои Диёсқромотун; ва қурсҳои тухмиҳо.
Печиши ноф: қурсҳои тухмиҳо аз барои печиши сахт; мақлиёсо; фирӯзнӯш; равғани нордин; ва хока.
Заҳир: мақлиёсо; маъҷуни Ҳурмус;257 қурсҳои тухмиҳо;258 қурсҳои гулнор; хока.
Ҳайза: тарёк; гувориши Абу Салама; ва гувориши сақиздона.
Дарди мақъад: равғани калкалонаҷ.
Бавосир: гувориши мушк; маъҷуни ҳиндӣ; ҳабб; ҳабби Ибни Ҳубайра; «доди Худой»; як хока; мақлиёсо; ва равғани синдӣ.
Дардҳои гурда ва обгаҳ: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; тарёки мо; ёраи мо; маъҷуни (412) кокана; ва гувориши ангудон аз барои сардии ҳар дуи ин [андомҳо].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор