Қонуни тиб

[Мақолаи дувоздаҳум] 246
АНДАР БАЁНИ МАЪҶУНҲО, ГУВОРИШҲО ВА ДИГАР ДОРУҲОИ МУРАККАБЕ, КИ БАРОИ БЕМОРИҲОИ ҲАР ЯК АНДОМ СОЗГОР АСТ
Сардии сар: шалисо, анақардиё ва гувориши зирагӣ ба тариқи андар бинӣ афкандан суд бахшанд.
Гаронии сар: таркардаи ёра аз он суд дорад.
(408) Он чи ки сарро пок созад: ҳабби Бармакӣ.
Сардарди сарди куҳан: сутиро; чунонки гуфтаанд, шалисо; ёраи Буқрот; ёраи фиқро; ёраи Аркоғонис; тиёдаритус; ёраи Тағмуво; ва қурсҳои «ситора» ба тариқи тило кардан бар пешонӣ.
«Хӯд»: ба изофаи [онҳо] равғани нордин.
Дарди нимсара: қурсҳои «ситора» ба тариқи бар пешонӣ тило кардан; равғани нордин; хока; таркардаи ёра; маъҷуни Ҳермес ба тариқи андар бинӣ афкандан.
Гижа: сутиро, ки «раҳонандаи бузург» аст; маъҷуни
Ҳермес; анақардиё; ёраи Аркоғонис; тиёдаритус; ва гувориши анбар.
Фаромӯшхотирӣ, ҳофиза ва ҳуш: анақардиё; гувориши балозур; чунонки гуфтаанд, шалисо; доруи андар бинӣ афкандании Аристотолис; хока; гувориши анбар; фирӯзнӯш; ва ёраи фиқро.
Васваса ва девонагӣ: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; чунонки гуфтаанд, шалисо; тарёки Яҳё; зомиҳрон; ёраи Тағмуво; доруи мушк ва хусусан нусхае, ки аз барои савдои зардавӣ сохта шуда бошад; анақардиё, ки ба эътидол сохта бошанд; [43] ва маъҷуни ёқут, ки аз мост.
Он чи ки ҳоссаҳоро қавӣ кунад: тарёк; масрудитус; ҳабби устумахиқуни Ал-Киндӣ.247 Саръ: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; тарёки чаҳордору; сутиро; чунонки гуфтаанд, шалисо; тарёки мо; маъҷуни Қайсар; коскабинаҷ, хусусан барои кӯдакон; тиёдаритус; ёраи Филағриюс; ёраи мо; доруи мушки ширин ва талх; ёраи фиқро; сиркои унсулӣ ва сикангубини он.
Сакта: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; ва равғани калкалонаҷ.
Фалаҷ ва истирхои андомҳо: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; тарёки чаҳордору; доруи мушки ширин ва талх; анақардиё; даҳмарсо; бодмӯҳраҷ; ёраи мо; гувориши анбар; ҳабби фирӯзибахш; равғани таратезаки шоҳӣ; ёраи Ҷолинус; усқуфӣ; ҳабби уфурбиюн; маъҷуни Ас-Саймарӣ; доруи андар бинӣ афкандании Аббос; ёраи фиқро; ва ҳуқна.
Лақва: шалисо; доруи мушки ширин ва талх; анақардиё; гувориши анбар; ҳабби фирӯзибахш; ҳабби данд; ва намак.
Раъша: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; сутиро; гувориши анбар; гувориши мо; ва ёраи Тағмуво.
Ташаннуҷ: сутиро; равғани калкалонаҷ; ҳабб; равғани заъфарон; ёраи Ҷолинус; ва ёраи Тағмуво.
Дарди чашм: сутиро; ёраи фиқро; ва доруи Кайқубод.248 Шабкӯрӣ: ёраи Аркоғонис андар оғози ин [беморӣ].
Гӯшдард: қурсҳои «ситора»; равғани нордин аз барои [гӯшдарди] сард; сиркои унсулӣ ва сикангубини он аз барои гӯшдарде, ки бе реш бувад.
Дандондард: сутиро; саҷазаниё; маъҷуни рими оҳан; қурсҳои «ситора».
Кирмхӯрдагӣ: маъҷуни файласуфон; сикангубини
унсул ва сиркои он, ки хунро баста, вораҳоро зич кунад.
Ба ислоҳ овардани гирифтагии забон ва истирхои он: шалисо андар ин бобат баргузида аст; маъҷуни файласуфон; ва ёраи фиқро.
Омосҳои гулӯ ва дардҳои он: маъҷуни мушк; доруи Кайқубод; ва доруи Ҷолинус, ки аз иллатҳои нои шуш суд бахшад.
Он чи ки дилро қавӣ созад: тарёк; масрудитус; тарёки Азра; тарёки чаҳордору; бузургдору; (409) нӯшдору; маъҷуни ал-Киндӣ; тарёки мо; маъҷуни ёқут, ки аз мост; маъҷуни Ҷолинус; гувориши анбар; ва гувориши дигар.
Хафақон: тарёк; масрудитус; шалисо; тарёки мо; маъҷуни Қайсар; майбиҳӣ; шароби гарммизоҷи себ; маъҷуни мушк; ва доруи мушки ширин ва талх.
Аз ҳуш рафтан: доруи мушк; масрудитус; ва калкалонаҷ.
Он чи ки нои шуш ва синаро пок кунад: доруи Ҷолинус; ҳаббе, ки андар «Маёмир» ёд шудааст; доруҳои [хосси инҳо]; доруи лесидании сир; қурсҳои Аристумохус андар ин бобат аҷиб аст; ва шароби зуфо.
Хастагии овоз ва қатъ шудани он: лесидании харбузагӣ; сиркои унсул ва сикангубини он; ҳаббе, ки андар «Маёмир» аз барои овози гирифта [ёд шудааст]; тарёкҳо; ва масрудитус.
Душвории нафас: маъҷуни Қайсар; доруҳои мушк; ҳабби андар «Маёмир» омада; даҳмарсо; доруи куркум; доруи гӯгирд; филуниё; ва доруи Кайқубод.
Дамкӯтоҳӣ ва нафаси росто: доруи лесидании унсулӣ; сикангубини он; ва сиркои унсул.
Аз барои душворӣ ва зиқи нафас: қурсҳои хашхош.
Дардҳои шуш, сина ва сарҳои устухонҳои паҳлу: сутиро; қуфӣ; тарёк; масрудитус; тарёки Азра; ва маъҷун.
Сурфаи куҳан: тарёкҳо; масрудитус; чунонки гуфтаанд, шалисо; доруи гӯгирд; ва равғани синдӣ.
Сурфаи сахт: лесидании хашхош; ва қурси хашхош.
Хунпартоӣ, хунравӣ, қаи хунӣ ва хуноба омадан:
қурсҳои Ҷолинус хусусан аз барои хуноба; қурсҳои Аристумохус аҷиб аст; ва доруи лесидании хашхош.
Хунгардонӣ ва хунпартоӣ:249 доруи Аҳрун;250 лесидании харбузагӣ; ва лесидании табоширӣ.
Сардии ҷигар: гувориши Хузистонӣ; равғани шибит; шаҳриёрон; равғани хасак; ҳабби андар «Маёмир» омада.
Дарди ҷигар: маъҷуни тухмиҳо; доруи ҷентиёно; аз барои намуди куҳани он марҳами қардамоно; қурсҳои алафи гулӯдард; оби бехҳо; қурсҳои даҳдору; маъҷуни мушк; маъҷуни мушк бо оби пудина; асоносиё; маъҷуни Ҳурмус251 бо оби гулангубин; доруи куркум; доруи қуст; филуниё; калкалонаҷ; хокаи тези ваҷ; қурсҳо; ҳабби алафи гулӯдард; тиёдаритус; намак; ва сиркои унсул.
Заъфи ҷигар ва он чи, ки ӯро қавӣ созад: доруи лок; ҳабби устумахиқуни ал-Киндӣ; марҳами дилаи ҳанзал; намак; доруи ломазун; доруи куркум; доруе, ки Ал-Киндӣ ва дигарон ба Ҷолинус нисбат додаанд; [гувориши] Хузистонӣ; маъҷуни рими оҳан; гувориши Ҷолинус; гувориши дорчинӣ; ва хокаи Убода.
Аз барои лоғарии ҷигар: нӯшдору, ки бисёр қависо занда аст; тарёки мо; маъҷуни ал-Киндӣ; маъҷуни мушк; саҷазаниё; анақардиё; ва ҳамаи он чи, ки аз дарди [ҷигар] суд дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор