Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ҷумлаи дуввум андар баёни доруҳои мураккаби санҷидашудаи ҳар як беморӣ
Мо андар ин Ҷумла баъд аз ёдоварӣ кардани он чи ки андар Ҷумлаи нахустин гуфта омад, он доруҳои мураккаберо биоварем, ки хосси бемориҳои ҷудогонаанд, то ҳар кӣ ин китобро бихонад, ҳамаи намудҳои муолаҷа ва ё бештари онҳоро фаро гирифтан битавонад. Барои мисол, агар ӯ илоҷҳои гарро пурра дарёфтан бихоҳад, ба Китоби дуввум, яъне Китоби доруҳои сода муроҷаат карда, андар як соат ҳамаи доруҳои гариро аз ҷадвалҳо дониста бигирад ва сипас ба бобҳои Китоби севвум ва чаҳорум рӯ ниҳода, боби гарро ёбад ва намудҳои муолаҷаи андар он ҷой ёдшударо фаро бигирад ва баъд аз он ба Қарободин муроҷаат намуда, боқимондаи илоҷҳои мураккабро аз ин ҷой пайдо кунад. Ҳамин тариқ ӯ ба пурра ва ё аксаран фаро гирифтани воситаҳои муолаҷаи гар роҳ хоҳад ёфт. Мо ин Ҷумларо [бар ҳашт] мақола бахш кардаем.

Мақолаи нахустин
АНДАР БАЁНИ ҲОЛАТҲОИ САР ВА ОН ЧИ КИ АНДАР ВАЙ АСТ
Сардард

Як доруи карахткунанда
Ин аз барои сардард буда, аз Антунис264 аст.
Таркиби он: аз шири қофодонун265 (хурфаи даштӣ) шонздаҳ мисқол, аз шири хашхош, яъне афюн чаҳор мисқол, аз заъфарон чаҳор мисқол, аз анисун чаҳор мисқол, аз тухми банг чаҳор мисқол, аз мурр чаҳор мисқол ва аз маҳмуда чаҳор мисқол [гирифта], ҳамаро бо сирко маъҷун созанд ва сипас қурсҳо сохта, андар соя хушк кунанд. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ биафтад, андар сирко гудохта, бар пешонӣ аз як гижгоҳӣ то гижгоҳии дигар тило кунанд. [45] Агар беморро таб бошад, онро андар об ҳал карда, тило кун.
Як қурс

Инро Антунус266 ба кор мебурдааст.
[Таркиби он]: аз донаи даҳмаст чаҳор мисқол, аз маҳмуда, афюн, мурр ва афшураи ғӯраи ангур чаҳор мисқолӣ ва аз тухми карафс, заъфарон ва наммом ҳашт мисқолӣ [бигиранд], инҳоро бо як миқдори кофӣ аз сирко сиришта, қурсҳо созанд ва ҳамчун тило ба кор баранд.
Як доруи андар бинӣ афканданӣ

Ин сарро пок кунад ва аз барои каси ба омоси дарозмуддати чашм гирифтор, аз барои каси гирифтори саръ ва аз барои касе, ки аз сараш рутубатҳои бисёр битаровад, судманд аст.
Таркиби он: аз сиёҳдона ду мисқол, аз навшодир як мисқол ва аз афшураи хиёри даштӣ як мисқол [гирифта], нарм бисованд, бо равғани зайтуне, ки онро «суқровинун»267 хонанд, ё бо равғани савсан ва ё бо равғани ҳино ба андозае бисириштанд, ки андар ситабрӣ мисли муми андар равған гудохта бигардад ва сипас андар ҷогаҳе бардоранд. Онро бад-ин гуна ба кор баранд: аз он андар сӯрохҳои бинӣ тило кунанд ва беморро бифармоянд, ки ҳаворо бикашад.

Як доруи андар бинӣ афкандании дигар

Ин бидуни ранҷе [сарро] пок кунад ва нороҳатию сардардро худи ҳамон замон таскин бидиҳад.
Таркиби он: аз бахури Марям ҳашт мисқол, аз бехи савсан ду мисқол ва аз бураи сурх як мисқол [гирифта], биомезанд ва ба кор баранд.
Доруи андар бинӣ афкандании дигар

[Таркиби он]: аз бахури Марям се уқия, аз афшураи барги печак якуним уқия, аз қофозонун268 (хурфаи даштӣ) шашяк мисқол ва аз афшураи хиёри даштӣ шашяк мисқол [гирифта], биомезанд ва андар ҷогаҳи обгинагӣ нигоҳ доранд. Ҳар гоҳ бад-он эҳтиёҷ пайдо кардӣ, миқдоре аз онро гирифта, андар шири зан ҳал бикун ва андар бинӣ биафкан.
Доруи андар бинӣ афкандании [дигар]

Ин аз фалаҷ, лақва, истирхои андомҳо, ларзиш, аз ҳамаи дардҳои сарди тар ва суддаҳое, ки аз сардию рутубат андар мушакҳо ва асабҳо падид меоянд, суд дорад.
Таркиби он: аз афшураи бехи тозаи ҳанзал, аз афшураи бехи чугундар ва аз афшураи бехи тарбеда як кафчагӣ ва аз сиёҳдона ва донаи испанд ду дирамӣ гирифта, сиёҳдона ва донаи испандро кӯфта, нек бисованд, бо он афшура то хуб омехта шудан биомезанд ва сипас бардоранд. (414) Ҳар гоҳ туро бад-он эҳтиёҷ биафтад, як донг аз онро бигир, бо шири [зани] модари духтар ҳал кун ва андар бинии бемор биафкан. Ин суддаҳоро бикушояд, гармӣ бахшад ва мағзу сарро аз фазлаҳои андар онҳо буда пок кунад.

пешина
аз 1215
навбатӣ