Қонуни тиб

Доруи андар бинӣ афкандании дигар
Ин аз дардҳои деринаи сар судманд аст.
Таркиби он: аз мумиё, гавзи бӯё, анбар, кофур ва мушк як дирамӣ гирифта, ҳар кадомро ҷудогона бисованд, сипас якҷоя кунанд ва бо равғани савсани озод ва миқдоре аз равғани баласон маъҷун созанд. Аз ин шаш ҳабба гирифта, бо бархе аз обҳо бигудозанд ва андар бинӣ афкананд.
Сифати як ёраи санҷидашуда
Ин сарро пок сохта, фазлаҳои андар вай бударо биронад ва иллатҳои бадро [суд бахшад].
Таркиби он: аз дилаи ҳанзали аз донаву пӯст поккарда даҳ мисқол, аз кундур, мурчи сафед, мурчи сиёҳ ва дорфилфил чаҳор мисқолӣ, аз заъфарон як мисқол, аз мурр, сабр, уша ва ҳошо як мисқолӣ, аз маҳмудаи бирён шаш269 мисқол ва аз афшураи афсинтин ду мисқол гирифта, бикӯбанд, бибезанд ва сипас бо об маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз ин чаҳор мисқол бувад.
Ёраи мансуб ба Юстус
Ин аз сардард, парда гирифтани чашм ва аз дарди меъда, испурч ва ҷигар судманд аст.
Таркиби он: аз кундури поккарда ва ғориқун шонздаҳ мисқолӣ, аз дилаи ҳанзали аз пӯсту дона поккарда ду мисқол, аз устухудус, мурчи сафед ва мурчи сиёҳ шонздаҳ мисқолӣ, аз мурр се мисқол, аз заъфарон шаш мисқол, аз пӯсти харбақи сиёҳ, сабр, маҳмуда, унсули бирён, сунбул ва салиха шонздаҳ мисқолӣ ва аз сандарус ва уфурбиюн ҳашт мисқолӣ гирифта, доруҳои хушкро бисованд, сақизҳоро тар кунанд ва сипас ҳамаро якҷоя карда, маъҷун созанд. Як ошомиданӣ аз ин чаҳор мисқол бувад.
Сифати ёраи мансуб ба Дариюс
[Таркиби он]: аз дилаи ҳанзали аз пӯсту дона поккарда ва аз кундур бист дирамӣ, аз зарованди гирд, тухми карафси кӯҳӣ ва мурчи сафед панҷ дирамӣ, аз сакбина ва говшир ҳашт дирамӣ ва аз сунбули хушбӯй, «забони гунҷишк», дорчинӣ, салиха, заъфарон, занҷабил ва гесугуна чаҳор дирамӣ гирифта, доруҳои хушкро бикӯбанд, сақизҳоро тар кунанд, сипас ҳамаро омехта, ҳаббҳо созанд ва ба кор баранд.
Ҳабби Салим270
Ин ҳабб сарро пок созад.
Таркиби он: аз турбид ва сабр даҳ дирамӣ, аз дилаи ҳанзал ва маҳмуда се дирамӣ ва аз анисун ва намак ду дирамӣ [бигиранд]. Як ошомидании қавӣ аз он ду дирам ва заиф як мисқол бувад.
Ҳабби [дигар]
Ин аз сардарде судманд аст, ки аз балғам ва савдо падид ояд.
Таркиби он: аз ҳалилаи кобулӣ, балила ва омула се дирамӣ, аз намак чаҳор дирам, аз устухудус ду дирам, аз ёраи фиқро ҳашт дирам, аз дилаи ҳанзал чаҳор дирам, аз афсинтин ду дирам, аз ғориқун ҳашт дирам, аз турбид ва афитимун понздаҳ дирамӣ ва аз харбақи сиёҳ панҷ дирам [бигиранд]. Як ошомиданӣ аз он (415) дуним дирам аст.
Ҷӯшонидаи оби бехҳо
Инро бо равғани беданҷир аз барои сардарде, ки аз балғам хезад ва аз барои гижа ва саръ биошомонанд.
Таркиби он: аз пӯстҳои бехи карафс ва пӯстҳои бехи розиёна даҳ дирамӣ, аз бехи гӯргиё, пудинаи кӯҳӣ, сунбули хушбӯй ва зарованди гирд ҳашт дирамӣ, аз шоҳтара ҳафт дирам, аз ҳалилаи зард ҳашт дирам, аз афитимун чаҳор дирам, аз мастако севуним дирам ва аз гесугуна чаҳор дирам гирифта, бо чаҳор ратл об то як ратл мондан биҷӯшонанд ва сипас андар он чаҳор дирам ёраи фиқро тар кунанд. Ҳар рӯз се уқия аз онро бо як дирам равғани беданҷир ба кор баранд.
Як ҷӯшонидаи [дигар]
Ин серманфаат буда, хилтҳоро ба исҳол оварад.
Таркиби он: аз ҳалилаи сиёҳ, ҳалилаи зард ва ҳалилаи кобулӣ даҳ дирамӣ, аз олу сиҳ дона, аз хурмои ҳиндӣ понздаҳ дирам, аз шоҳтара ҳафт дирам ва аз афсинтин се дирам гирифта, бо се ратл об то якуним ратл боқӣ мондан биҷӯшонанд. Аз ин ду сеяки як ратл гирифта, андар он аз турбид як дирам, аз сабр чаҳор донг ва аз ғориқун ду донг гудохта, биошоманд. Агар бихоҳанд, ки камқувват бошад, ин пошиданиҳоро андар вай наафкананд, балки андар он даҳ дирам хиёршанбари аз дона поккарда омехта биошоманд.
Як қурс аз барои дарди нимсара
Инро агар ду-се бор аз як гижгоҳӣ то гижгоҳии дигар тило кунанд, аз ин [беморӣ] суд бахшида, таъсирнок бувад.
Таркиби он: аз заъфарон понздаҳ дирам, аз қалқанд даҳ мисқол, аз мурр, замч,271 афюн, афшураи хушконидаи ғӯраи ангур ва қалқатор се мисқолӣ ва аз самғ понздаҳ мисқол гирифта, онҳоро бисованд, бар он миқдори кофие аз шароби қабзкунанда рехта, мисли совидани шиёф онро бисованд ва аз он қурсҳо созанд. Ҳар гоҳ туро бад-он эҳтиёҷ биафтад, бо сиркои омехта [бо об] ҳал карда, ба кор бибар.
[Як дору] аз барои дарди нимсараи [46] кУҳан
Як ҳабби [дигар]
Ин аз барои сардарде судманд аст, ки аз савдо бархоста бошад.
Таркиби он: аз афитимун ва ғориқун чаҳор дирамӣ, аз баспоя се дирам, аз ёра ҳафт дирам, аз намак ду ним дирам, аз ҳалилаи сиёҳ панҷ дирам ва аз санги лоҷувард ду дирам [бигиранд]. Як ошомиданӣ аз ин дуним дирам бувад.
[Таркиби он]: аз мурчи сафед ду мисқол, аз омехтаи заъфарон ду мисқол, аз уфурбиюн ним мисқол, аз саргини кабӯтар ним мисқол ва аз сиёҳии варроқон ним мисқол [гирифта], ин доруҳоро ба ҳам биомезанд, бо сирко маъҷун созанд ва бо он мушакҳои гижгоҳӣ ва он нимае аз пешониро, ки аз бари [дардманд] аст, тило кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор